Доир ба махсусияти ипотека дар кишвар

№ 18.08.2022

САРГАҲ Ё САВОЛИ БЕҶАВОБ

Инфографика ИПОТЕКАИздивоҷамонро нав як сол шуда бошад ҳам, азбаски ҳар моҳ нисфи даромади ману ҳамсарам ба иҷорапулӣ меравад, хаста шудаем.

Ӯ чандест, ки ҳар шаб мавзӯи харидани хонаро ба миён мегузорад. Бо ҳам баҳс мекунем, вариантҳои гуногунро ба миён мегузорем, вале тасмими ниҳоӣ гирифта наметавонем.

- Илоҷашро ёфтам, — боре хурсандона гуфт ҳамсарам баробари ба хона ворид шуданам.

- Чӣ будааст? — оромона пурсидам.

 - Хонаи дуҳуҷрагӣ бо арзиши 300 ҳазор сомонӣ меёбем. Ҳавлиеро, ки дар деҳа ба номи шумост, тақрибан 100 ҳазор сомонӣ мефурӯшем ва боқимонда 200 ҳазор сомонии дигарро аз бонк қарзи манзил гирифта, соҳиби хона мешавем. Қарзро ба муддати даҳ сол мегирем.

 - Хуб, ту ба фоизи солонаи қарзҳои ипотекӣ шинос шудӣ?

- Бале, аз 22 то 30 фоизи солона…

- Агар мо 200 ҳазор сомонӣ тақрибан бо 25 фоизи солона ба муддати даҳ сол қарз гирем, бояд ба ҷои 200 ҳазор сомонӣ 700 ҳазор сомонӣ ба бонк диҳем. Дар ҳоле ки даромади солонаи ҳардуямон 36 ҳазор сомонӣ аст.

- Пас, мо чӣ гуна соҳиби хона мешавем?

- Агар барои хонаи 300 ҳазор сомонӣ арзишдошта ҳар моҳ 1500 сомонӣ ҷамъ кунем, 16 солу 6 моҳ лозим аст.

- Пас ин мардуме, ки соҳиби хона шудаанд, 16 солу 6 моҳ пул ҷамъ карда бошанд?

- Рости гап намедонам. Ту беҳтараш дегатро хабар гир…

АЗ АФЗОИШИ АҲОЛӢ ТО МУШКИЛИ ХОНАХАРӢ

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 апрели соли 2022 шумораи аҳолии доимии кишвар 9 млн. 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод ва нимаи дуюми моҳи август ин рақам ба 10 млн. нафар расид.

Зимнан, дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози суръати афзоиши шумораи аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар давоми 30 сол шумораи аҳолии кишвар 76,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар баробари афзоиш ёфтани аҳолии кишвар мушкили бехонагии сокинон зиёдтар мегардад. Ҳоло, тибқи иттилои сомонаҳои эълон, ки хариду фурӯши хонаҳо дар онҳо ба роҳ монда шудааст, дар Душанбе арзиши хона аз 200 ҳазор сомонӣ оғоз мешавад.

Тахминан дар пойтахт манзил чунин арзиш доранд:

- якҳуҷрагӣ аз 200 ҳазор сомонӣ боло;

- дуҳуҷрагӣ аз 270-300 ҳазор сомонӣ боло;

- сеҳуҷрагӣ аз 350 ҳазор сомонӣ боло;

- чорҳуҷрагӣ аз 400 ҳазор сомонӣ боло.

Чун маош ба ҷамъ кардану хона харидан намерасад, пас ба фикри баъзеҳо ягона роҳи соҳиби хона шудан аз бонк қарзи манзил гирифтан аст.

Онҳое, ки доир ба шарту фоизи қарзҳои манзилии бонкҳои кишвар огаҳӣ надоранд, фикрашонро бо он тақвият медиҳанд, ки иҷорапулияшонро ба қарзи бонк медиҳанд ва дар муддати муайян соҳиби хона мешаванд. Вале намедонанд, ки бо фоизи баланди бонкҳои кишвар ин кор ғайриимкон аст.

Профессор Шариф Раҳимзода сабаби шикаст ё муфлисшавии бонкҳоро дар тарзи нодурусти фаҳмиши қарзгирии мардум медонад:

- Яке аз сабабҳои шикасти бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикис­тон маҳз ҳамин қарзҳои ипотекӣ буд. Бонкҳо ба шахсони алоҳида дар асоси хонаҳои онҳо қарзҳои зиёд доданд, вале вақти баргардонидани қарзҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Вобаста ба номукаммалии қонунгузорӣ ё ҷавобгӯи талабот набудани иҷрои муқаррароти қонунҳо бонкҳо натавонистанд моликияти таҳти гарав қарордоштаро сари вақт ба фурӯш бароварда, қарзҳоро баргардонанд. Мутобиқи фаҳмиши мо, қарзи аз ҳамсоя ва аз бонк гирифта фарқ доранд. Мо ҳаракат мекунем, ки қарзи ҳамсояро тезтар баргардонем, вале ҳама баҳонаро истифода мекунем то қарзи бонкро барнагардонем.

Мавриди зикр аст, ки чанде пеш дар бобати қарзҳои ипотекӣ роҳбари «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов дар саҳифаи «Facebook»-иаш навишт, ки ҳоло имкони пешниҳоди ин гуна қарзҳоро надоранд. Номбурда сабабро дар надоштани амонатгузороне, ки бо фоизи паст ва муҳлати зиёд маб­лағашонро дар бонк мемонанд, арзёбӣ кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ипотека» асос­ҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии муносибатҳоро вобаста ба пайдоиш, амал ва қатъи ипотека танзим менамояд. Қонуни мазкур аз 11 бобу 57 модда иборат буда, паҳлуҳои ипотека дар кишварро танзим мекунад. Аз ҷумла, пайдоиш ва талаботи ипотека, уҳдадориҳои қарзгиранда ва гаравгиранда, тартиби бастани шартнома барои ипотека, бақайдгирии давлатии ипотека, суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташуда, ҳуқуқҳои қарзгирандаву қарздеҳ, оқибатҳои вайрон кардани моддаю бандҳои қонун ва ғайраҳо.

Вобаста ба ин Шариф Раҳимзода аз сабукиҳое, ки қонунгузорӣ дар дигар давлатҳо ба шаҳрвандон, аз ҷумла оилаҳои ҷавон, додааст, чунин гуфт.

- Дар баъзе кишварҳо барои татбиқи барномаҳои алоҳида оид ба дастгирии оилаҳои ҷавон ва ғайра давлат метавонад пардохти қисме аз фоизҳои қарзро ба уҳда гирад. Масалан, дар Федератсияи Россия бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавоне, ки соҳиби ду ва зиёда аз он фарзанд мебошанд, барномаи «Ипотекаи оилавӣ»-ро қабул карданд, ки дар асоси он ба чунин оилаҳо қарзҳои ипотекӣ ба муҳлати то 30 сол ва 6 фоизи солона барои хариди манзили истиқоматӣ пешниҳод мегардад. Фарқи байни фоизи бонк ва фоизи ипотека аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн мешавад.

Ҳоло дар кишвар «Амонатбонк», «Эсхата», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Спитамен Бонк», «Арванд», «Ҳумо» ва «Тавҳидбонк» қарз барои манзил ё худ ипотека пешниҳод мекунанд.

Тибқи иттилои дастрас, шарт ва имконияти бонкҳои зикршуда қариб, ки якхеланд: қарз бо сомонӣ ва доллар дода мешавад, танҳо 70 фоиз арзиши манзилро пардохт мекунанд, муҳлати қарз то даҳ сол пешбинӣ шудааст, манзилро ба гарав мегиранд, аз 22 то 30 фоизи солона доранд ва бархе бонкҳо кафил, шахси сеюм, нафари 18-65-сола ва қайди доимии зист дар шаҳри Хуҷанд ё Душанберо талаб мекунанд.

ИНТИЗОРИ САБУКИҲО

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ипотека» қарзҳои ипотекиро дар кишвар танзим мекунад, вале бо фоизи баланди он ҳеҷ таъсире расонида наметавонад.

 Ба қавли Шариф Раҳимзода, сабаби дигари рушд накардани ин навъи қарздиҳӣ мавҷуд набудани низоми суғуртаи ипотекист. Яъне, гарави иловагии баргардонидани чунин қарзҳо вуҷуд надорад. Ҳол он ки ин низом дар кишварҳои дигар боиси кам шудани фоизи қарзҳо мегардад, зеро сатҳи хавфҳо коҳиш меёбад.

Вале ба ҳар ҳол, ҳазорон оила интизори сабукиҳо ҳастанд. Сабукиҳое ба намояндагони касбу кори гуногун ва қишрҳои ниёзманди ҷомеа бояд пешниҳод гардад, то ки мушкили бехонагӣ ва иҷора ба иҷора гаштани онҳо роҳи ҳалли худро ёбад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»

 

P.S. Қарзҳои манзилӣ аз бонкҳои «Амонатбонк», «Эсхата», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Спитамен Бонк», «Арванд», «Ҳумо» ва» «Тавҳидбонк» дар инфографика.