Проблема ва мулоҳиза

Доруи зидди саратон аз пӯчоқи картошкаю макарон

№63 (4483) 26.05.2022

Чӣ тавр хитойиҳо ба он ноил шуданд?

2-1-2-scaled (1)Тибқи одат, ҳар субҳ соати 6 аз маҳаллаи 33-юми пойтахт пиёда ба ҷойи кор омада, аз дидани гулгаштҳои зебою иморатҳои хуштарҳу назаррабо лаззат мебарам. Табиист, ки дар баробари қомат афрохтани биноҳои нави баландошёна шумораи сокинони пойтахт афзуда, ҳаҷми партов зиёд мешавад.

Мушкилоти коркарду аз байн бурдани партовҳо яке аз проблемаҳои глобалии экологӣ ба шумор меравад. Зеро, дар баробари афзоиши истеҳсолу истеъмол, навъҳои нави партов пайдо шуда, экологҳоро водор месозад, ки барои рафъи хатари ҷамъшавии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳар сол одамон дар сайёра зиёда аз 2 миллиард тонна партовҳои маишӣ «истеҳсол» мекунанд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, ин рақам мумкин аст соли 2050 ба 3,4 миллиард тонна расад. Ба ҳисоби миёна, ҳар як сокини сайёра рӯзе 1 — 2 килограмм партовҳои ғизоӣ боқӣ мегузорад. Бадбӯие, ки аз атрофи қуттиҳои партов паҳн мешавад, натиҷаи пӯсидани партовҳои ғизоист. Агар онҳоро мувофиқи навъ (биологӣ, коғазу картон, пластика) алоҳида ба партовқуттиҳо андозанд, бадбӯӣ пешгирӣ ва коркардашон осон мешавад.

Баъзеҳо аз партовқуттиҳо  пӯчоқи меваю сабзавот, пасмондаҳои хӯроку нонро ба халтаҳо гирифта, барои чорвояшон мебаранд. Албатта, аз беҳуда пӯсида, манбаи пашшаю хомӯшак шудани партов, онро ба мурғу чорво додан беҳтар аст. Вале инро муташаккилонаю ҳадафмандона ба роҳ мондан лозим аст.

Яке аз кишварҳои дар самти истифодаи самараноки партов пешқадам Германия мебошад. Дар он ҷо солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҷамъова­рии алоҳидаи партовро ба роҳ монда буданд. Аз ҳамон вақт назди ҳар як бино се контейнери калони партовҷамъкунӣ гузошта шудааст: яке барои партовҳои ғизоӣ, дигарӣ барои пластика ва сеюмӣ барои ашёи картонӣ ва коғазпора. Зарфҳои шишагии тозаро ба дӯконҳо супурда, ба иваз маблағи муайян гирифтан мумкин. Либоси нолозимро бошад, олмониҳо ба ташкилоти хайриявӣ месупоранд. Батареяҳои истифодашударо ба қуттиҳои махсуси дар мағозаҳо гузош­ташуда мегузоранд.

Соле дар Германия 41 миллион тонна партов ҷамъ мешавад, ки қариб 80 дарсади он мавриди коркард ва истифодаи такрорӣ қарор мегирад. Аз як қисми партов неруи барқ тавлид мешавад. Гардиши солонаи соҳаи коркарди партов дар Германия ба 70 миллиард евро расида, дар ин бахш 250 000 нафар кор мекунанд. Қариб 15 дарсади ашёи хоми саноати Германия аз партов гирифта мешавад.

Ҷамъшавии  пӯчоқи картошкаю сабзӣ, тарбузу харбуза, себу нок ва ғайра на танҳо боиси зиёдшавии пашшаю хомӯшак, орую говзанбӯр, ғӯрмагас ва мушу калламуш, балки ихроҷи газҳои заҳрноки метану карбонат ва ғайра мешавад. Зиёдшавии метану гази карбонат сабабгори асосии гармшавии иқлим аст. Бо мақсади пешгирии ихроҷи газҳои парникӣ дар кишварҳои мутараққӣ партовҳои ғизоиро дар чоҳ ва контейнерҳои махсус андохта, аз онҳо биогаз истеҳсол мекунанд. Қисми дигарро реза карда, дар замин мегӯронанд, то компост (нурии органикӣ) ҳосил шавад. Хитойиҳо аз партовҳои ғизоӣ 3 — 4 маротиба бештару самараноктар истифода мебаранд.

Дар ин кишвари паҳновар фермаҳои махсус ҳастанд, ки бо ёрии кирминаҳои магаси «сарбози сиёҳ» (Black Soldier Fly — BSF) партови ғизоиро ба ғизои парандаю моҳӣ ва нурии олисифат табдил медиҳанд. Масалан, чунин як ферма — корхона дар канори шаҳри Сиан мавҷуд аст, ки партовҳои ғизоии аҳолии шаҳри 2 миллионнафараро ба ашёи фоиданок табдил медиҳад. Принсипи кории он хеле одӣ аст. Мошинҳои махсуси боркаш дар 24 соат партовҳои ғизоии аз контейнерҳои партовгоҳҳо ҷамъшударо ба ферма меоранд. Онҳо ба сехҳои алоҳида фиристода мешаванд. Кирминаҳои «сарбози сиёҳ» бо суръати баланд партовҳои ғизоиро ба нурии органикии хокамонанд табдил медиҳанд. Нуриҳои тайёрро ба халтаҳои махсус гирифта, ба фурӯш мебароранд. Кирминаҳои зиёдшударо бошад, ба сехи мурғпарварӣ мефиристанд. Истеъмоли  кирмина тухмдиҳии мурғҳоро зиёд намуда, гӯшти онҳоро  нисбат ба мурғҳои ғизои сунъӣ истеъмолнамуда  лазизтар мегардонад. Илова бар ин, масунияти мурғҳо қавӣ гашта, вазнашон зиёд мешавад.

Дар сехи дигар поруи ҷамъшудаи мурғҳоро кирминаҳои «сарбози сиёҳ» дар 3 — 5 рӯз ба нурӣ табдил медиҳанд. Агар дар кишварҳои аврупоӣ раванди пӯсондану ба нурӣ табдил ёфтани партови ғизоӣ якчанд моҳро дар бар гирад барои анҷоми ин раванд дар Хитой 7 — 10 рӯз кифоя аст. Илова бар ин, гӯшту тухми мурғ низ ба даст меояд.

Дар канори шаҳри Тезинани музофоти Шандун партовҳои ғизоиро тавассути  нонхӯрак (таракан) ба маҳсулоти фоиданок табдил медиҳанд. Ҳар рӯз ба корхонаи махсуси нонхӯракпарварӣ 50 тонна партови ғизоии аз партовгоҳҳо ҷамъшударо меоранд.

Ба гуфти президенти Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони нонхӯраки Шандун Лю Юйшен, нонхӯракпарварӣ роҳи биотехнологию аз  лиҳози экологӣ бехатари коркарди партовҳои ғизоӣ мебошад. Онҳо ғизои арзони беҳамто барои парвариши мурғ, ғоз, мурғобӣ ва моҳипарварӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мурғпарварон паси дари корхонаи нонхӯракпарварӣ навбат меистанд. Илова бар ин,  корхонаҳои дорусозӣ аз фермаи нонхӯракпарварӣ хокаи нонхӯраки хушкшударо харида, аз он доруи муолиҷаи стоматит ва дигар бемориҳои дандон, захмҳои пӯст ва саратони меъда истеҳсол мекунанд.

 Бо ҳамин мақсад дар музофоти Сичуан ширкати «Gooddoctor» 6 миллиард сар нонхӯрак парвариш мекунад. Муҳаққиқон ҳоло таъсири истифодаи қиёми нонхӯракро баҳри истеҳсоли ниқобҳои табобатӣ барои ҷавонсозии пӯсти рӯй, ҳабҳои харобкунӣ ва давои пешгирии рехтани мӯйи сар омӯхта истодаанд. Агар таҷрибаҳо натиҷаи мусбат диҳанд, теъдоди парваришкунандагони нонхӯрак аз ҳисоби партови шаҳрҳо ба маротиб  афзоиш хоҳад ёфт. Чунончи, сокини музофоти мазкур Ли Бинтсайи 47- сола, ки пеш шабакаи фурӯши телефонҳои мобилӣ дошт, ҳоло фермаи нонхӯракпарварӣ дорад. Ҳадафаш ин аст, ки теъдоди чунин фермаҳоро ба 20 адад расонад. Ӯ ба хабарнигорон чунин гуфтааст:

- Шуғли ман, дар баробари манфиати иқтисодӣ доштан, аҳамияти экологӣ низ дорад. Мақсад ин аст, ки дигар ҳамватанонамро низ ба ин шуғли манфиатнок ҷалб намоям.

Ҳар сол дар шаҳрҳои кишвар ҳазорҳо тонна партовҳои ғизоӣ ва алафҳои канори роҳу назди иморатҳо пӯсидаву хушк шуда, беҳуда талаф меёбанд. Хуб мешуд, ки дар канори ҳар як шаҳр фермаи махсуси мурғпарварӣ ё чорвои ширӣ бунёд гардад. Партови ғизоии ҳар рӯз аз партовгоҳҳо ҷамъшударо баъди безараркунӣ ба мурғу чорво дода, поруи мурғу чорворо тавассути кирми лойхӯрак ба нурии органикӣ табдил додан мумкин. Имрӯз нархи як халта нурии минералӣ ба 450- 500 сомонӣ расидааст. Ҳол он ки дар таркиби нурии минералӣ як — ду элемент — нитроген (азот) ё фосфор аст. Аммо дар таркиби нуриҳои органикӣ нитроген, фосфор, калий, калтсий, магний, ва дигар элементҳои барои рустаниҳо зарур мавҷуданд.

Илова бар ин, нуриҳои органикӣ хосияти  намнигоҳдорӣ ва беҳтар истифодабарии нури офтобро дошта, ҳавогирии решаҳоро осон мегардонанд.

Месазад, ки аз таҷрибаи аврупоиҳо ва хитойиҳо истифода намуда, партовро аз ғарами  ахлоти бадбӯй ба маҳсулоти фоидаовар табдил диҳем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»