Дорусозӣ ва назорати он мавриди таваҷҷуҳи пешвои миллат аст

№9 (4429) 11.01.2022

Холназаров_03Рушди саноати дорусозӣ, дар баробари равнақ додани соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, яке аз масъалаҳои муҳим дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор мерафт. Мушкилоти асосии соҳаро, асосан нарасидани мутахассисоне ташкил медод, ки тавони кашфи хосияти маводи марбут ба дорую молҳои тиббиро дошта бошанд. Аммо, ҳифзи саломатии мардумро ҳеҷ як монеа садди роҳ шуда наметавонист. Зеро он, яъне саломатии мардум, таҳкурсии ҷомеаи солим, шарти муҳимтарини пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол мебошад. Аз ин лиҳоз, ба ҳалли ­масъалаҳои вобаста ба дорусозӣ ва корхонаҳои ороишӣ — беҳдоштӣ дар мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода шуд. Ин масъала, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷалб кард. Аз ин рӯ, 10 июни соли 1996 дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ» таъсис ёфт.

 Ногузир, барои расидагии хубтар ба кори соҳа зарурати таҳияву қабули як силсила қонуну қарор ва санадҳо ба миён омаданд. Аз ҷумла, 6 августи соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», инчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тартиби ворид ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки барои рушди соҳа такони ҷиддӣ гардид. Роҷеъ ба ин масъала соли 2016 Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, зеро то ба ҳол доруворӣ, асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешуд».

 Дар ҳоле ки арзишҳои миллӣ шакл мегирифт, бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи дорусозӣ бештар гардид. Корхонаҳои истеҳсолии бо таҷҳизоти муосири тиббӣ васлгардидаи коркарди маҳсулоти доруворӣ таҷдид ёфт. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3500 номгӯйи рустаниҳои шифобахш мерӯянд, ки фақат 50-60 номгӯяшон коркард мешаванд. Аз ин рӯ, мебояд, дар кишвар баҳри зиёд намудани корхонаҳои коркарди рустаниҳои шифобахш камари ҳиммат бандем.

 Бо таъсиси ниҳоди назоратии бонуфуз — «Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ» Баҳодур Холназар ҳамчун дорусози ҳирфавӣ ба вазифаи директори он таъин гардид. Ӯ дар ин ҷо таҷрибаи роҳбарӣ омӯхт. Чӣ тавре мегӯянд, аз нияти нек амали нек бармеояд ва ӯ ин хадамотро ба таври шоиста муаррифӣ кард. 16 сол масъулияти роҳбарии ин ниҳод бар дӯши ӯ буд. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва директори марказ Баҳодур Холназар лоиҳаи назорати сифати маҳсулоти доруворӣ дар ҷумҳурӣ таҳия шуда, аз тарафи Бонки осиёии рушд дастгирии молӣ ёфт.

Тавре Баҳодур Холназар изҳор дошт, бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи дорусозӣ ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардида, корхонаҳои истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҳайё шуданд ва коркарди маҳсулоти доруворӣ аз рустаниҳои шифобахш таҷдид ёфтанд.

Таъсиси соҳаи нав фақат ба ёди сарваре мерасид, ки пайваста дар фикри ҳифзи саломатии мардум аст. Бояд тазаккур дод, ки то солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ фақат як муассисаи дорусозӣ ва якчанд муассисаи хурди истеҳсоли маҳлулҳо фаъолият мекард, ки ниёзи аҳолиро дар ин самт ба таври зарурӣ қонеъ гардонида наметавонист. Назорат аз болои маҳсулоти доруворӣ бошад, яке аз масъалаҳои калидии соҳа маҳсуб мешуд.

Баҳодур Холназар аз аввалин шахсонест, ки дар партави суханрониҳои Сарвари давлат ҳамчун вориси соҳа ҳамовозӣ карда, ба таъкид мегуфт: «Дорусозию савдои он шаҳри бедарвоза нест!».

Медид, ки маҳсулоти дорувории талаботи афзалиятноки аҳолиро қонеъгардонанда он қадар беэътибор шуда ва ҳамчун соҳаи нозук махсусият гум кардааст. Инчунин, доруҳое, ки дараҷаи шифобахшиашон гумшуда дар ҳавои кушод, бозор, қади роҳ бе ягон кафолати бехатарӣ ғофил аз назорати хадамот фурӯхта мешаванд ва аз ин бадтар медид, ки сақичфурӯш ҳам дору мефурӯшад, тарбузфурӯш ҳам, ошуфтаю шӯрида мегашт. Воқеан, ин сӯз табиати ҳар як мутахассиси ҳирфавӣ мебошад. Пеши роҳи ин тамою­ли ­худсохтро гирифтан кори мутахассисест, ки тавони кашфи хосияти маҳсулоти гуногуни тиббиро дошта бошад. Охир, ин шуғлест, ки ба саломатии бемор иртибот дорад ва он кори ҳар бозоракӣ нест.

- Дар ин соҳа мутахассисоне бояд фаъолият кунанд, ки дорои «чор ишкел»-и дурусти ҷисмонӣ – қувваи ҳофиза, ҳисси ломисаю бӯёӣ ва қуввати дарки таҳлили сохту таркиби доруро дошта бошанд, — мегӯяд ӯ. Кори соҳаро ҷоннок кардан, кори на ҳар кас буд, вале ҳар як пешпо хӯрдану хестан дар ин ҷода сабақе буд, баҳри ба таври шоиста пеш бурдану назаррас кардани соҳа, хоса, дар замоне ки кишварро фазои пурдуд печонда буд. Акнун лозим меомад, сари роҳи дарҳамбарҳамиҳои ашхоси худкома гирифта шавад. Баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» низоми кор дар соҳа ранги дигар гирифт. Дар натиҷаи бартараф намудани як силсила мушкилот кори хадамот рушд ва зина ба зина тақвият меёфт. Дар ҷумҳурӣ норасоии дору ва лавозимоти тиббӣ эҳсос мешуд. Аз хориҷ миқдори зиёди дорувории ба талабот ҷавобгӯнабуда ворид мегашт, ки он боис ба нигаронӣ буд. Мисоли аёни он, 62 тонна маҳсулоти доруворие, ки соли 2004 тариқи гуманитарӣ аз ҷумҳурии Украина ворид гардид ва тавассути заҳматҳои пайгиронаи кормандони хадамот сӯзонда шуд. Тадбирандешиҳо идома дошт. Назорат сол то сол дар соҳа пурзӯр мегашт. Бояд зикр кард, ки хадамот назоратро аз рӯи сифати маҳсулоти доруворӣ ва ороиш беҳдоштӣ дар асоси низомномаи навтаъсиси ҷорӣ тақвият дода, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои назоратӣ ва таҳқиқотӣ ҳар сол ба миқдори 30 — 40 тонна маҳсулоти дорувории қалбакӣ, молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯнабуда, маҳсулоти ороишӣ — беҳдоштии бесифату худсохт маҳв карда мешуд. Хушбахтона, пеши роҳи чунин худсариҳоро чораҳои ҷазоӣ ва муҷозоти ҷонсӯхти муқарраргардидаи Ҳукумати кишвар гирифт. Акнун бояд қайд намуд, ки соҳаи дорусозии кишвар дар ин давра хеле рушд ёфта, дар қатори дигар мамолики пешрафта мавқеашро мустаҳкам намуд. Дар ин дастовард наметавон заҳматҳои доктори илми фармасевтӣ Баҳодур Холназарро сарфи назар кард.

 Дар ин сол, аллакай теъдоди дорухонаҳо, дорухонаҳои истеҳсолӣ ва дорухонаҳои фурӯши яклухт рӯ ба афзоиш ниҳоданд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки ин мушкилот дар деҳот ҳам ҳал гардид, ҳарчанд он гӯё як кори одӣ ба назар мерасид. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи «Барномаи давлатии тараққии саноати дорусозӣ»-ро кор карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Дар натиҷаи ин тасмим, корхонаҳои дорусозии ватанӣ афзуда, дар онҳо зиёда аз 4 ҳазор мутахассис ва коргар ба ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гаштанд.

 Устоди Баҳодур Холназар, доктори илмҳои фармасевтӣ, фармакологӣ ва кимиёӣ, донишманди ибтикорофарин, ки дар ташаккули илми тиб нақши босазо дорад, ихтироъкори якчанд навъ доруҳои маъмул амсоли «Тимогор», «Тимотсин», «Тимофер», академик Ғуломқодир Бобиев иброз дошт, ки ман ба натиҷае расидам, ки дараҷаи донишро на диплом, на ҳавову ҳавас, балки саъю талош, лаёқату маҳорату ҷонфидоӣ ва зеҳни модарзодӣ муайян карда метавонад. Агар не, чаро аз шогирдони ман, чун Баҳодур Холназар ангуштшумор, танҳо чанд касро метавон гуфт, ки ин касбро дӯст доштанду эҳтиром гузоштанд, ин илм мағзи онҳоро машғул кард, то аз саргармиҳои беҳудаю беарзиш дур шуда, бо амри дилу виҷдон дар ин ҷода ба мардум яксон хизмат кунанд.

 - Ростӣ, табибро ҳар як шахси корафтода метавонад таъриф кунад. Бо ин ту мафтун машав. Ту он вақт хурсанд шав, ки туро фақат шахси бафазл бетамаллуқ таърифу сифат мекунад. Донишу маҳорат, таҷрибаву малакаи шахси афзалро истифода бурдан ҳунар аст, вале боз мебинам, ки баъзе аз шогирдон аз ин ҳунар ҳам бенасибанд, — мегӯяд ӯ.

 Бо ин ҳама талош шогирдони ман дар ин ҷода саҳми босазо гузош­танд. Акнун ман бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки онҳо пайравони сазовори саромади пизишкони ҷаҳон – Шайхурраис Ибни Сино ҳастанд. Ин буд, ки соҳа дар як муддати кӯтоҳ рушд ёфт. Ба он муваффақ гашт, ки теъдоди дорухонаҳо зиёд гашт, балки бо мутахассисони касбӣ таъмин шуда, сифати хизматрасониҳо беҳтар гардид. Силсилатадбирҳое, ки бо ҳидояту таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ироа шуданд, амалӣ гардиданд.

 - Устод як роҳнамо буд, мағзи моро дар ин самт равшан кард. Ӯ бо насиҳат сухан мегуфт на ба маломат. Мактаби таълимиро дорад ва баъзе аз ормонҳояшро дар ниҳоди шогирдон мепарварид ва ба ин восита ҳоло ҳам манзалати илмро рӯнамоӣ мекунад. Ҳангоми таҳсил ба ҳар шогирд аз рӯи маҳорату лаёқат ва шоистагӣ баҳо медод. Моро ба илмомӯзӣ ҳидоят мекард ва онро дар мо сахт ташвиқ мекард, то ба илм омӯхтан одат карда маҳбубият пайдо кунем. Маҳбубият ба илм, дар назди устод танҳо бо як роҳ – бо роҳи донишомӯзӣ ба шогирд муяссар мегардид.

 Бо ташаббуси Баҳодур Холназар беҳтарин олимони соҳаи дорусозӣ гирди ҳам омада, кори соҳаро пурқувват карданд. Хадамот то ба ҷое муваффақ шуд, ки дар ҷумҳурӣ 80 номгӯи доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ истеҳсол карда, 90 дарсади маҳсулоти истеҳсолии ин соҳа ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Аз ин ҳисоб соле миллионҳо сомонӣ ба буҷети мамлакат ворид мегардад. Ҳоло озмоишгоҳҳои соҳаи фармасевтӣ бо дастгоҳҳои нодири муосир муҷаҳҳаз гардида, имкон медиҳанд, ки миқдор ва сифати санҷиши маводи мухаддирро фавран маълум намуда, дар як муддати кӯтоҳ таҳлили дақиқ ва пурраи он таъмин карда шавад.

 Тавассути донишу малакаи Баҳодур Холназар соҳа зина ба зина тақвият ёфта, хадамотро ба таври шоиста муаррифӣ кард. Ӯ он низомеро ҷорӣ кард, ки ба сад кас маъқул афтоду ба сад муфтхӯру қочоқбар не. Ин буд, ки фаъолияти ӯ ҳамчун мутахассиси кордон ва роҳбари муваффақ мавриди таваҷҷуҳи кормандони воситаҳои ахбори омма қарор гирифт.

 Баҳодур Холназар шахсест бо илм пероста. Дар бораи дорую дорусозӣ ба шогирдону мутахассисон то он даме ки моҳияти афзалиятноки ин соҳа дар онҳо бедор шавад, мегуфт. Дар натиҷаи дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ номгӯйи маҳсулоти дорувории истеҳсоли ватанӣ аз 88 номгӯйи соли 2014 ба 404 адад номгӯй афзуд, ки дар ҳар як рақами афзуда бори заҳмати доктори илми фармасевтӣ Баҳодур Холназар ҳувайдост.

 Бо ӯ ҳамсуҳбат мешавам. Маърифати роҳбариаш на камтар аз маърифати касбист. Суҳбаташ самимияти дигар дорад. Бе зарурат сухан намегӯяд. Бештар аз мушкилоти соҳа сухан мекунад, на аз муваффақиятҳо. Ба пиндори ӯ, муваффақиятҳо дар соҳа вазифаи касбию хизматии ӯянд, на дастовез. Аз худ кардани ихтисосҳои муҳандис — сохтмончӣ ва ҳуқуқшинос бори кори ӯро дар ин ниҳоди назоратӣ — фаъолияти фармасевтӣ осон кард ва имкон дод дар заминаҳои ҳуқуқии фаъолият низ ба комёбиҳо ноил гардад. Ба натиҷае расидам, ки ин иззату икром ба ӯ муфт даст надода, балки маҳсули заҳматҳои зеҳнӣ ва ҷисмонии ӯст. Воқеан, хизмати як шахсро шахсе қадр карда метавонад, ки чашми бино дошта бошад.

- Мо бояд таҷрибаи ғании истифода бурдани дармонҳои тиббиро дар тибби муосир дошта бошем. Гузаштагонамон дар ҳолатҳои зарурӣ аз олами наботот илоҷи дарду ранҷ меҷус­танд. Манзур аз ин гуфтаҳо ба роҳ мондани кишти танҳо чанд навъ рустаниҳои шифобахш, аз қабили субинак, бобуна, тахач, хуч, дулона… аст, ки дар ҷумҳурӣ боис ба содироти навъҳои гуногуни доруворӣ мегардад. Дар акси ҳол мо ба умеди истифода аз гиёҳҳои худрӯйи кӯҳӣ, боигарии беҳамтои кишварамонро бо дасти худ маҳв мекунем. Кишти гиёҳҳои шифобахш боис ба он мегардад, ки гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон ҳифз карда шавад. Таваҷҷуҳ кунед, ки бобунаро аз Федератсияи Россия меорем, ҳол он ки ин гиёҳ дар Тоҷикистон фаровон аст ва рӯзҳои офтобӣ, ки барои ферментҳои таркиби гиёҳ басандаанд, боис ба ғанитар гаштани сифати дорувориҳо мегардад, — гуфт Баҳодур Холназар.

 28 апрели соли 2017 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ба тасвиб расид ва Баҳодур Холназар роҳбари ин муассисаи бонуфуз таъин гардид, дар дили як гурӯҳ табибон, ки бо кору фаъолияти ӯ шинос буданд, шуълаи умед фурӯзон гашт. Чунки онҳо медонистанд, ки ба роҳ мондани кор дар муассисаи навбунёд кори шахси ботаҷрибаю кордон аст.

 Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон пурра таъмин буда, озмоишҳои клиникӣ, биокимёвӣ, иммунологӣ, бактереологӣ ва вирусологиро дар сатҳи баланд мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида, ин ё он бемориро сари вақт, дуруст ва дақиқ дар муддати кӯтоҳ ташхис мекунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳ нодир буда, дастгоҳҳо бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ҳоло дар озмоишгоҳ 260 номгӯи ташхис бо сифати баланд муайян карда мешавад. Кору омӯзиш ва таҷриба диди ӯро ба илму таҳқиқ дигар кард. Агар дар рушди соҳаи дорусозӣ соҳибэҳтиром гашт ва нақши чашмгир дар дидаҳо гузошт, пас тадқиқот дар илм пайкараи ӯро қимати дигар бахшид, ки идомаи иқдомҳои неку шоистаи ӯянд.

 Соли 2004. Он чи ӯ чун иқдомҳои некаш аз ғайрат дар ботин дошт, зуҳур кард. «Коркард ва омодасозии марҳам аз равғани эфирии субинак дар асоси бентонит» ва моҳи майи соли 2019 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Коркард ва тадқиқи фармакологии иммуномодуляторҳо дар асоси пептидҳо ва таҷзия бо иони оҳан» дар шаҳри Москва дастранҷҳои зеҳнии ӯянд, ки олимони зиёди дохилӣ ва хориҷро ба баҳсу баррасӣ кашид… Ӯ муаллифи 12 китоб ва 15 мақолаи илмӣ оид ба фаъолияти фармасевтӣ ва феҳристи давлатии маҳсулоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Омӯзишу озмоиш ва бардошт аз ду мавзӯи гуногун диди доктори илми дорусозӣ Баҳодур Холназарро ба тадқиқот дигар кард ва таҳсин ба он олимоне мекунад, ки чизе ихтироъ кардаанд.

 Ҳоло ӯ аз он меболад, ки касбаш умри ҷовидонӣ дорад. Фикр мекунад, аз ин дида ба кас шарафи бузургтар насиб намегардад. Ба ӯ комёбиҳои бештар хоҳонем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»