Дурӯғ гуфтан оқибати хуб надорад, вале, баъзеҳо дар кору зиндагӣ аз ин шева кор мегиранд ва ниҳоят ба гирдоби бало мемонанд. Амали зисти ин гуна ашхос боиси нороҳатии дигарон ва оқибат расвогии худашон мегардад. Барои исботи ин гуфтаҳо чанд хабари тоза аз ахбори Вазорати корҳои дохилӣ иқтибос меорем:
«Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 65-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2016, дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе марди 47 — солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маротибаи аввал 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маротибаи дуюм аз ҷабрдида 18 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соли 2014 ба ҳайси роҳбари Ширкати кооперативӣ — тиҷоратии ба номи «Азамат-Н» фаъолият намуда, ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ се ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Номбурда ба ҷабрдида ваъда додааст, ки ширкати кооперативӣ-тиҷоратии мазкурро ба номаш мегузаронад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон нисбат ба ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз шудааст. Номбурда, аз 27-уми феврали соли 2023 то 4-уми апрели соли 2023, ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 3 адад автомашинаи тамғаҳои «БМВ-Х6», «Опел-Зафира» ва «Опел-Астра»-ро ба маблағи 255 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ҳамчун насия гирифта, барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, номбурда моҳи феврали соли 2023, ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Зафаробод даромада, аз ӯ 60 ҳазору 130 сомонӣ гирифта, барнагардонидааст».
Дар сомонаи ВКД як огоҳие ба самъи шаҳрвандон расонида шудааст, ки вақтҳои охир аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст. Гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ қайд менамояд, ки раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур барои ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои ба доми қаллобон наафтодан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд». Бубинед дурӯғгӯёну қаллобон ҳатто гурӯҳҳои муташаккил созмон дода амалиёт мебаранд. Аммо умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва оқибати аъмоли зишт шармандагист.
Воқеан, дурӯғ оқибат ба зиштию хиёнат мебарад. Табиист, ки инсонҳои дуруғгӯй ба ҳама корҳои норавою зишт даст мезананд ва оқибат хиёнаткору ҷинояткор ҳам мешаванд ва ба наздикону ҷомеа зарар мерасонанд. Имрӯз мо дуруғгӯии одамонро сари ҳар қадам мушоҳида мекунем. Бисёр вақт ҳангоми савори мусофирбар будан мебинем,ки зимни мукотибаҳои телефонӣ рӯирост дурӯғ мегӯянд. Дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо бошад дурӯғу фиреб як одати маъмулӣ гаштааст. Молеро, ки пастсифат аст, чунон таъриф карда, ба мизоҷ пешкаш мекунанд, ки бовар мекунед. Агар хоҳед каме нархи молу маҳсулотро арзон кунед, қасам мехӯранд, ки гӯё бо иловаи маблағи ночизе онро фурӯхта истодаанд. Барои ҳамин ҳам дар фаъолияти бисёр савдогарон хайру баракат нест. Он даромадеро, ки бо роҳи дурӯғу фиреб ба даст меоранд, барояшон фоида намеорад, балки ҷои дигаре даҳҳо маротиба харҷашон зиёд мешавад ва дарк намекунанд, ки дурӯғи худашон сабаби ин шикасташон шудааст.
Саволе пайдо мешавад, ки агар дурӯгуӣ чунин оқибатҳои нохуш дошта бошад, пас чаро одамон дидаю дониста ба чунин амал даст мезананд? Пас хуб мебуд, ки ҳама ростгӯю содиқ бошанд. Ростиро завол нест ва ростгӯӣ ба некӯӣ мебарад:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»