Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 пешниҳод карданд, ки солҳои 2022 — 2026 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад, зеро соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, аҳамияти бузург дорад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём 23-юми декабри соли 2022 ба ин масъала дахл намуда, аз ҷумла, чунин таъкид намуданд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо, аҳамияти хоса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.».
Элементҳои кимиёвии зикршуда дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дошта, захираашон дар кишварамон фаровон аст. Масалан, аз ҷиҳати истихроҷи сурма Тоҷикистон баъд аз Хитой ва Россия дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Онро дар бисёр кишварҳо зимни истеҳсоли батарея ва аккумуляторҳо, дастгоҳҳои чопӣ, ранг, нимноқилҳо ва аслиҳасозӣ истифода мебаранд.
Дар соҳаи дорусозӣ аз он давоҳои баъзе бемориҳои чашм ва сироятӣ (лейшманиозҳо) тайёр мекунанд. Аз қадимулайём сурмаро барои мустаҳкам намудани маснуоти аз тилло, мис, қалъагӣ ва қӯрғошим сохташаванда истифода мебурданд.
Имрӯз ин хосияти сурмаро зимни истеҳсоли аккумуляторҳо истифода менамоянд. Элементи мазкур барои истеҳсоли батареяҳои офтобӣ низ ҳамчун ашёи нисбатан арзон ба кор бурда мешавад. Як қисми зиёди сурмаро барои истеҳсоли антипиренҳо (иловаҳои химиявӣ, ки ҳифозат аз оташро таъмин месозанд) истифода мебаранд. Антипиренҳоро ба тахтаи сохтмонӣ, пластмасса, матоъҳо, резина, шиша, ранг, ширеш (клей), таҷҳизоти ҳавопаймо, рӯйкаши нишастгоҳҳои автомобил, либос ва ҳатто бозичаҳои кӯдакона илова менамоянд.
Сурмаро ҳамчун хӯла барои мустаҳкамкунии дигар металлҳо зимни истеҳсоли аккумуляторҳо, киштӣ ва силоҳҳои гуногун низ истифода мебаранд. Илова намудани сурма боиси шаффоф нишон додани телевизору мониторҳо мегардад.
Волфрам низ яке аз фулузоти нодир буда, зимни истеҳсоли пӯлод, таҷҳизоти бурранда ва пармакунанда истифода мешавад. Аз волфраму никелу мис «металли вазнин» месозанд, ки онро барои истеҳсоли контейнерҳои нигоҳдорандаи моддаҳои радиоактивӣ истифода мебаранд. Хусусияти муҳофизатии волфрам аз қӯрғошим дида 40 фоиз бештар аст.
Аз як килограмм волфрам тори дарозиаш 3,5 километр тайёр кардан мумкин аст. Ин як килограмм барои истеҳсоли 23 ҳазор адад фурӯзонаки тасфони 60 ватта кифоя мекунад. Соле дар саноати электротехникаи ҷаҳон 100 тонна волфрам истифода мешавад. Гетерополикислотаи фосфорию волфрамӣ барои истеҳсоли лак ва рангҳои ба нури офтоб устувор ашёи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷҳизоте, ки бо истифодаи волфрам сохта шудааст, мустаҳкаму ба зангзанӣ тобовар мебошанд. Танҳо алмос аз волфрам сахттар аст.
Волфрам зимни истеҳсоли таҷҳизоти рентгенӣ, муҳаррикҳои ракетаҳо, реакторҳои термоядроӣ, силоҳҳои гуногун низ истифода бурда мешавад.
Металли дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ном бурданд, литий мебошад. Ин металли сабук аз асри XIX дар саноат истифода бурда мешавад. Дар ибтидо онро барои истеҳсоли шиша ва чиниворӣ истифода мебурданд.
Баъдан истифодаи он дар соҳаи металлургия ва энергетикаи атомӣ вусъат ёфт. Солҳои охир харидорони ин фулузоти нодир, бинобар зиёд шудани талабот ба нақлиёти барқӣ дар ҷаҳон, якбора афзуд. Масалан, барои истеҳсоли як батареяи электромобили тамғаи «Tesla Model S» 63 кило литий зарур аст.
Соли 2019 талаботи мамолики ҷаҳон ба литий 57 ҳазору 700 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018- ум 18 фоиз бештар буд. Мувофиқи пешгӯии созмони «Global Data» то соли 2024 талабот ба ин металли нодир 2,5 маротиба афзуда, 117 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Аккумуляторҳои литийдор на танҳо барои электромобилу электробус, балки барои неругоҳҳои офтобию шамолӣ низ бо мақсади захира намудани неруи барқ заруранд.
Литий барои захира кардани неруи барқи телефонҳои мобилӣ ва ноутбукҳо низ элементи зарурист. Литийро, инчунин дар соҳаи тандурустӣ зимни муолиҷаи беморони гирифтори афсурдаҳолӣ истифода мебаранд.
Тавре мебинем, доираи металлҳои зикршуда хеле васеъ буда, тибқи дастури Пешвои миллат мавриди коркарди ниҳоӣ, қарор гирифтани онҳо боиси таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ ва рушди соҳаи саноати мамлакат мешавад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»