Ҳамоиш

Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия

№68 (4488) 04.06.2022

IMG_2938Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ (UNDP), Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) – лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ», Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Неруи тоза» 2-юми июни соли равон дар  меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршаванди энергия дар Осиёи Марказӣ» конфронси минтақавӣ оғоз гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа иштирокчиёнро тариқи фосилавӣ хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтидори  гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои шашум ва дар Осиёи Марказӣ ҷои якумро ишғол мекунад. Тибқи ҳисоби коршиносон, захираи  иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи мавҷудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба неруи барқ се маротиба бештар аст.

- Бинобар тағйирёбии иқлим ва бо суръати  тез тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои гидрологии дарёҳо ва мавсимӣ будани маҷрои дарёҳо, инчунин маҳдуд будани иқтидори неругоҳҳои барқи обӣ барои қонеъ гардонидани талабот ба қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, масъалаи ба таври васеъ афзоиш додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия торафт бештар аҳамият пайдо карда истодааст, — афзуд Далер Ҷумъа.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» афзоиши иқтидорҳои лоиҳавии низоми энергетикаи кишвар то 10 ГВт, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳо то 10 дарсад, афзоиши содироти солонаи неруи барқ дар як сол то 10 миллиард кВт. соат, диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ аз дигар намуди манбаъҳои истеҳсолӣ то 10 дарсад ва иловатан ба даст овардани беш аз 500 миллион кВт/соат неруи барқ дар як сол аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои каммасраф пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад то соли 2030 дар назар аст, ки истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои офтобию шамолӣ боз 700 мегаватт афзоиш ёбад. Ҳоло дар ин самт амалисозии  се лоиҳа бо иқтидори 260 мегаватт оғоз ёфтааст.

Раиси Намояндагии доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел иброз дошт, ки дар мамолики Осиёи Марказӣ захираҳои истифоданашудаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб ва шамол хеле зиёданд. Танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергияи дарёҳои хурд 30 000 мегаваттро ташкил медиҳад. Бо ҷалби сармоягузорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия метавон ба бисёр пешравиҳо ноил гашт.

Инчунин, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Шарифа Худобахш, раиси Ҷамъияти  саҳомии «КОРЭМ»- и Қазоқистон ғайрат Раҳимов, раиси Ассотсиатсияи «ВИЭ КР»-и Қирғизистон Элеонора Казакова Сардори Хадамоти рушди манбаъҳои энергияи барқароршавандаи Туркманистон Давлат Аллаёров ва мутахассиси пешбари Департаменти манбаъҳои барқароршавандаи Вазорати энергетикаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳмуд Маликов дар бораи истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишварҳояшон маълумот доданд.

Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои об Сорбон Холмуҳаммадзода, дар бораи вазъи кунунии истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин дурнамои рушди соҳа маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намуд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс, ки то 4 июн идома меёбад, мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия  дар Осиёи Марказӣ мебошад. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки табодули таҷриба ва таҳияи тавсияҳо оид ба  фаъолсозӣ ва таҳкими  талошҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор дар соҳаи энергетика таъмин карда шавад.

Дар доираи конфронс баргузории  намоишҳои «Энергияи сабз» ва боздид  аз Неругоҳи барқи обии «Норак» ба нақша гирифта шудааст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»