Бо иштироки кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ мизи мудаввар доир шуд, ки дар он дурнамои стратегияи рушди иқтисоди миллӣ барои солҳои 2013-2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои Султоншо Ҳамидов – сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1999-ум 80 дар сади аҳолии кишвар камбизоат буданд. Имрӯз бар асоси рақамҳои омории Созмони Милали Муттаҳид танҳо 38 дар сади аҳолии ҷумҳурӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи Мирзо Олимов — масъули лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум 33 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон аз дастгирии барномаҳои рушди стратегияи миллӣ бархӯрдор ҳастанд.
Қарор шуд, ки баъди анҷоми суҳбати мазкур масъалаҳо вобаста ба рушди стратегияи миллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ таҳия гардад. Барои дар амал татбиқ кардани барномаҳои рушди ноҳияҳои вилоят Дафтари Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Барномаи рушди стратегияи иқтисоди миллӣ нахустин бор моҳи апрели соли 2005 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд. Марҳилаи дуюми он дар Паёми як соли пеш бо таҳлилҳои амиқ аз ҷониби Сарвари давлат зикр гардиданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар асоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, амалисозии стратегияи истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ бахшидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Дар суҳбат муовини раиси вилоят Азиз Гиёев, масъулини бахшҳои иқтисод, омор, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»