Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлосияи 72 -юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, ширкат дошта, фаъолияти бузурги сиёсиро ба роҳ монда истодаанд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд бисёр намояндагони воломақоми давлатҳои дунё зимни суханрониҳояшон ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об баҳои баланд доданд. Ин нуктаро Худойбердӣ Холиқназар – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбати гирди миз доир ба «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият», ки 21 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, махсус таъкид кард.
Сипас, мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Камолов дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил» ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Муминова роҷеъ ба «Давраҳои рушди сиёсати хориҷии иқтисодии кишвар дар даврони истиқлолият» баромад карданд.
Мудири кафедраи «Дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Шарипов, сардорони раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ҳаким ва Ш. Ризоён доир ба мавзӯъҳои «Моҳият ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бунёди назариявӣ ва арзишии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Моделсозии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Олимону коршиносони дигар низ зимни саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзӯъҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Ҷамъомадро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сафаров ҷамъбаст намуд.
К. БУРҲОНИДДИН,
«Садои мардум»