Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Ваҳдат

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи ин вазорат баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Маҳмадуллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо  Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод кард ва дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ, аз ҷумла  дар соҳаҳои энергетика ва саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ рушди тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа  ибрози назар намуд.

Сухангӯён оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ,  зарурат ва ҳифзи  сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, нақши Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон  мулоҳиза ронда, зикр намуданд, ки маҳз ба шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

 Котиботи Вазорати энергетика ва

саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон