Яке аз масъалаҳое, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои аҳолии мамлакат мебошад. Беҳуда нест, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидани омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳо медиҳанд. Азбаски айни ҳол имкони пурра бо қувваи барқ таъмин кардани аҳолӣ дар фасли сармо мавҷуд нест, омода намудани захираи кофии ангишт ва дигар маводи сӯхт барои зимистонгузаронӣ ба аҳолӣ ҳидоят дода мешавад.
Оё ҳоло корхонаю аҳолӣ ангиштро қадри кофӣ барои давраи сармо захира кардаанд? Бо мақсади равшан кардани масъалаи мазкур ба Раёсати саноати истихроҷи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тавре сардори раёсати зикршуда Баҳриддин Абдураҳимов иброз дошт, дар робита ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти рақами 122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» дар доираи корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шуда, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тадриҷан амалӣ намудани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар робита ба истихроҷи ангишт Б. Абдураҳимов аз ҷумла чунин гуфт: «Дар ҷамъбасти ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ маълум шуд, ки корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 267,8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд ва ин аз нақша 148,8 ҳазор тонна зиёд буда, суръати афзоиш 124 фоиз таъмин гардид. Аз ангишти истихроҷгардида 221,9 ҳазор тоннааш ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 3077,5 тонна кам мебошад».
Тавре аз маълумотҳо бармеояд, аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,3 ҳазор тонна ё 40,7 фоиз кам ангишт харидорӣ намудааст.
Воридоти ангишт аз аввали сол то 31 -юми июли соли ҷорӣ 3,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 3,5 ҳазор тонна кам аст. Яке аз сабабҳои кам ба фурӯш рафтани ангиштро масъулин дар гарм омадани зимистони гузашта ва мавҷуд будани захираи ангишт дар анборҳо арзёбӣ мекунанд.
Мусаллам аст, ки вақте аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ дар дохил таъмин намешавад, воридоти он аз хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои дорои захираи зиёди ангишт аст, вале бо вуҷуди ин дар бозорҳои ҷумҳурӣ ангишти Қирғизистонро пайдо кардан мумкин аст. Оид ба ин масъала ҳамсуҳбатам мегӯяд, ки воридоти ангишт ба ноҳияҳои дурдасте, ки интиқоли бор то он ҷо хеле гарон меафтад, иҷозат дода шудааст.
Бино ба гуфти мавсуф, захираи умумии ангишт то санаи якуми сентябри соли 2013 дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши ҷумҳурӣ, бо назардошти бақияи соли сипаригардида, зиёда аз 81 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар кони ангишти Шӯроб- 24789 тонна (зиёда аз 21 ҳазор тоннааш аз сабаби зиёд нигоҳ доштан дар анборҳо пастсифат шудааст), Фон-Яғноб- 26319 тонна, Сайёд-6965 тонна, Зиддӣ- 4152 тонна ва Назар-Айлоқ-10320 тонна ангишт мавҷуд мебошад. Захираи брикет (брикет аз хокаи ангишт истеҳсол карда мешавад ва технологияи омода кардани он дар ҷумҳурӣ аз соли 2007 инҷониб ба роҳ монда шудааст) 1000 тоннаро ташкил менамояд. Сарфи назар аз ин аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт дар майдонҳои истихроҷӣ зиёда аз 70-80 ҳазор тонна ангишт барои истихроҷ омода мебошад.
Тавре маълум аст, вақтҳои охир, бо назардошти мушкилоти норасойии маводи сӯхт (махсусан гази табиӣ) корхонаҳои саноатӣ низ фаъолияташонро бо истифодаи ангишт ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин масъала Баҳриддин Абдураҳимов иброз дошт, ки айни замон зиёда аз 160 чунин корхона дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад ва корхонаҳои азими саноатию энергетикӣ аз 10 июли соли ҷорӣ кашонидани ангиштро оғоз намуда, давоми моҳҳои июл-август ба миқдори 90 ҳазор тонна шартнома баста, то ин замон 32238,27 тонна ангишт кашонидаанд, ки 34,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти фаврӣ, захираи ангишт дар ташкилоту муассисаҳои Вазорати маориф 83,8 фоиз, Вазорати тандурустӣ 78,2 фоиз, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 43,5 фоиз ва сохторҳои қудратӣ 64,5 фоизи талаботро ташкил медиҳад.
Вобаста ба нархи ангишт номбурда гуфт, ки қимати як тонна ангишт соли 2013 дар корхонаҳои соҳаи ангишт, ки ангиштро аз майдонҳои кушода истихроҷ менамоянд, ба ҳисоби миёна 182,2 сомонӣ ва дар корхонаҳое, ки истихроҷи ангишт аз конҳо роҳандозӣ шудааст, 267 сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи миёнаи 1 тонна ангишти ба ҷумҳурӣ воридгардида ба ҳисоби миёна 407,4 сомонӣ ё 84 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки назар ба нархи фурӯши ангишти конҳои ҷумҳурӣ ду маротиба қиматтар мебошад.
Бино ба гуфти Б. Абдураҳимов, бо мақсади сари вақт таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ бо ангишт, инчунин бо назардошти хусусияти мавсимӣ доштани истихроҷи ангишт дар конҳо, вазорат қаблан унвонии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», вазоратҳои маориф ва тандурустӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои азими саноатӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ доир ба кашонидан ва захиранамоии ангишт мактуб ирсол намудааст.
Сари вақт ҷудо ва пардохт намудани маблағи ангишт аз тарафи муассисаҳои буҷетӣ дар соли сипаригардида имкон дод, ки истихроҷ ва кушодани қабатҳои болои ангишт зиёд гардида, аҳолӣ, соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт пурра таъмин гарданд.
-Мо маҳз бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъияти муътадили сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ, тӯли солҳои охир истихроҷи ангиштро сол то сол афзоиш додем,-иброз дошт Баҳриддин Абдураҳимов.
Дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаву чорабиниҳо дар самти афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ корхонаҳои соҳаи ангишт тавонистанд, ки соли сипаригашта истихроҷи ангиштро дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонанд, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 103 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2011-ум 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Баҳриддин Абдураҳимов дар охири суҳбат гуфт, ки самтҳои асосии рушди соҳа то соли 2020 зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт, пеш аз ҳама қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани он мебошад. Дар робита ба ин, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа мунтазам чораҷӯйӣ намуда, бо истифода аз иқтидорҳои молиявию техникии мавҷуда фаъолият менамояд. Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз се миллион доллари ИМА техникаи карерӣ ворид карда шудааст, ки ин тадбир низ барои пешрафти соҳа мусоидат менамояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»