муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёвари муовини Котиби давлатии ИМА-ро ба дурустии тасмим ва ҷиҳатҳои мусбии лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнавиштсоз муътақид намуд
Бо дарназардошти он ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин росто, бо дарназардошти муҳимияти лоиҳа ва арҷгузорӣ ба қонунҳои байналмилалӣ ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он дар муддати ҳафт соли охир аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, коршиносони мустақили байналмилалӣ ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа гузаронида шуд.
Ба наздикӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 оғоз мегардад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр карданд, ки «норасоии неруи барқ яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо мебошад ва айни замон дар ҳаёти иҷтимоии мардум мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди неруи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мо корҳои барқарорсозиву сохтмониро дар ин иншооти тақдирсоз, тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, идома медиҳем».
Дар мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари муовини Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм, ки ба наздикӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба «КАСА-1000 ва ҶСК НБО –и «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тибқи иттилои аз котиботи Вазорати молия дастрасшуда, дар мулоқоти фавқуззикр масъалаҳои марбут ба бахши энергетикаи мамлакат дар маркази диққат қарор доштанд. Дар ин росто, ҷонибҳо оид ба моҳият ва манфиати хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 суҳбат карданд. Зикр гардид, ки ин лоиҳа аз ҷумлаи тарҳҳои ояндадор ва фоидаовар буда, роҳандозии он ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.Дар раванди суҳбат вобаста ба дурнамои бунёди НБО –и «Роғун», манфиат аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳони Савдо , таъсири таҳримоти алайҳи Федератсияи Россия татбиқшуда ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамгироиҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳу сифати ҳамкориҳои барои тарафайн судманд бо ИМА изҳори қаноатмандӣ намуда, густариш бахшидани ин равандро ба манфиати кор арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот ёвари муовини Котиби давлатии ИМА оид ба демократия ва ҳуқуқи башар Стивен Фелдштайн ва Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот низ ширкат доштанд. Вохурӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил гузашт.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»