Аз рӯйи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 6 млрд. 691,9 млн. сомониро ташкил додааст. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 104,1 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ба маблағи 265,9 млн. сомонӣ зиёд аст. Бино ба иттилои манбаъ, дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ба маблағи 823 млн. сомонӣ (12 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 271,3 млн. сомонӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 4 млрд. 437,8 млн. сомонӣ (66,3 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об ба маблағи 1 млрд. 431,1 млн. сомонӣ ё 21,4 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар нуҳ моҳи соли равон 85 млн. сомониро ташкил дод. Дар ин давра корхонаҳои марбути Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба маблағи 2 млрд. 768,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 124,2 фоиз расонданд.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»