Имрӯз дар мамлакат тақрибан ҳама дар бобати фаъолгардонии чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» сухан мегӯянд, зеро ин рӯйдоди муҳим барои Ватани маҳбубамон тақдирсоз аст.
Барои расидан ба ин ормони миллӣ ду сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун зимни маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш чунин баён карданд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд…».
Бегуфтугӯ, заҳмати Пешвои миллат дар бунёди ин сохтмони азим беназир аст. Ҳашт сол муқаддам сохтмони неругоҳ аз ҷониби Роҳбари давлат арсаи озмоиши нангу номус эътироф шуд ва аз мардуми кишвар даъват гардид, ки дар бунёди он саҳм гузоранд. Пешвои миллат дар як баромадашон вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди НБО-и «Роғун» чунин гуфтаанд: «Мо набояд ба умеди дигарон бошем. Зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост».
Сиёсатмадор, адиб ва публитсисти рус Александр Проханов ин иншооти асрро дида, ба халқи тоҷик ва Сарвари кишвар баҳои баланд медиҳад:
«Ин неругоҳро тамоми халқи тоҷик месозад, на сарватмандону ширкатҳои хусусӣ. Ин сохтмони халқист. Деҳотиёни гӯшаҳои дуртарини кишвар як-ду ва то даҳ саҳмия доранд, ки онҳоро соҳибмулки неругоҳ мекунад. Ин кори умумии деринтизор аст, ки дорою камбағал, пиру ҷавон, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид кардааст. Ин заҳмати ояндасоз мебошад, ки дар он халқ беҳбудии худ ва амалишавии ормонҳои созандаашро мебинад…».
Бо ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и «Роғун» фурӯғи деринтизор вориди ҳар як хонадон ва Ватани азизамон — Тоҷикистон боз ҳам мунаввар мегардад.
Мурод Раҳмонзода, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода