Дастгоҳи тақсимотии элегазии 220 кВ намунаи навтарини таҷҳизоти соҳа маҳсуб ёфта, бартариҳои хеле зиёд дорад. Масалан, дар муқоиса бо дастгоҳи тақсимотии кушода он 6-7 маротиба масоҳати камро ишғол намуда, аз лиҳози идоранамойӣ, бехатарӣ, назорат ва анҷоми фаврии корҳои таъмиру таҷдид вобаста ба зарурат хеле эътимоднок аст. Омилҳои мазкур ҳамзамон шароит фароҳам овардаанд, ки дастгоҳи фавқуззикр аз таъсири омилҳои табиӣ, аз қабили чангу ғубор, зангзанӣ, шуълаи офтоб ва ғайра осебнопазир боқӣ монад.
Зимни суханронии худ 15 январи соли ҷорӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин зикр намуд: «Яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мебошад».
Тибқи маълумотҳо ҳоло дар ҷумҳурӣ 57 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ, маорифу тандурустӣ ва бунёди дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи умумии 9,5 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика», ки мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои соҳа маҳсуб меёбад, фаъолияташро вусъат мебахшад. Маҳз ба шарофати фаъолияти самаранок ва дар сатҳу сифати баланд амалӣ гаштани лоиҳаҳо аз ҷониби маркази мазкур бахши энергетикаи кишвар рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Лоиҳаи «Иваз намудани дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 кВ дар НБО-и Норак» аз ҷумлаи тарҳҳое аст, ки аз ҷониби маркази зикршуда татбиқ гардида, дар ин замина бо насби таҷҳизоти ҷадиди элегазӣ фаъолияти ин неругоҳи муқтадир ба меъёрҳои байналмилалӣ пурра мутобиқ шудааст.
Дар суҳбат бо мо роҳбари лоиҳаи мазкур Маҳмад Буриев гуфт, ки лоиҳаи номбурда дар асоси Созишномаи қарзию грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд, ки ҳанӯз 25 июли соли 2008 ба имзо расида буд, амалӣ шуда истодааст. Тибқи ин созишнома фармоишгар — ШСХК «Барқи Тоҷик», пудратчии лоиҳа — ширкати «Алстом»-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва мушовири байналмилалии он ширкати «Фихтнер» мебошад. Маблағи умумии ин лоиҳаи аз лиҳози моҳият хеле муҳиму саривақтӣ 25 миллион евро буда, аз ин миқдор 18 миллионашро қарзи имтиёзнок ва 7 миллиони боқимондаро грант ташкил медиҳад.
Маблағгузории лоиҳа дар ҳаҷми комилаш аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд дар муҳлатҳои муайянгардида амалӣ шудааст. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатамон, корҳои асосӣ аз 12 майи соли 2010, баъд аз ба имзо расидани қарордод миёни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати «Алстом» оид ба иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 220 кВ дар НБО-и «Норак» шуруъ гашта, дар якчанд марҳила, ки ҳар яки он махсусиятҳои худро дошт, мавриди амал қарор гирифт. Масалан, дар марҳилаи аввал аз ҷониби пудратчии лоиҳа тадқиқотҳои геологӣ ва топографӣ, лоиҳакашии корҳои сохтмонӣ, интиқоли таҷҳизоти дастгоҳи тақсимкунандаи 220 кВ, гузаронидани кабелҳо ва ғайра дар сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.
Аз суҳбат бо Маҳмад Буриев ҳамчунин боз як ҷиҳати ибратомӯзи фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» бароямон маълум гашт: тамоми таҷҳизот ва маҳсулоти дар раванди татбиқи лоиҳа истифодашуда аз лиҳози сифат дар сатҳи хеле баланд буда, истеҳсолкунандагони онҳо давлатҳои пешрафта ва бонуфузи олам, аз қабили Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Конфедератсияи Швейтсария, Франсия, Италия, Испания, Полша ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд.
Тибқи суханони Маҳмад Буриев, назорати раванди татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби директори ин марказ Усмоналӣ Усмонов тавре ба роҳ монда шудааст, ки дар он сифати баланди кор мавқеи хос дорад. Бо мақсади шиносойӣ пайдо намудан бо раванди истеҳсол ва санҷиши таҷҳизоти барои лоиҳа зарурӣ мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик», НБО-и «Норак» ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар доираи панҷ санҷиши техникие, ки аз тарафи пудратчӣ ташкил шуда буд, бевосита аз корхонаи истеҳсолкунанда дидан намуданд.
Чунин сафарҳо ба корхонаҳои Ҷумҳурии Франсия, Конфедератсияи Швейтсария, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Италия ва Полша, ки ба истеҳсоли дастгоҳи тақсимкунандаи комплектӣ бо истифода аз элегаз, кабелҳои баландшиддати 220 кВ, трансформаторҳои пурқудрати 10 МВА, таҷҳизоти муҳофизатии релегӣ ва телекоммуникатсионӣ машғуланд, сурат гирифта, зимни он мутахассисони тоҷик бори дигар ба сифати баланд доштани ин таҷҳизот ва технология муътақид гардиданд. Пудратчии лоиҳа-ширкати «Алстом» низ барои дар сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ амалӣ гардидани корҳо ҳавасманд аст ва аз ҷониби он пардохт шудани хароҷоти сафари мутахассисони тоҷик далели ин аст. Дар ҳамин радиф, дар курсҳои омӯзишие, ки аз ҷониби ширкати мазкур ба роҳ монда шуда буд, аз шумори кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик», НБО-и «Норак» ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар Франсия 5 нафар, Конфедератсияи Швейтсария 3 нафар ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон 2 нафар марҳилаҳои омӯзиширо гузашта, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд. Чунин иқдом замина фароҳам овард, ки донишу малакаи мутахассисони тоҷик сайқал ёфта, минбаъд он дар раванди фаъолият баҳри беҳбудии кор истифода гардад.
Зимни суханрониҳои худ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам масъулини лоиҳаҳои дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарордоштаро вазифадор менамояд, ки ба раванди татбиқи ин тарҳҳо ширкатҳо ва шаҳрвандони кишварамонро ҷалб намоянд. Боиси хурсандист, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ин дастури Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин раванд дар оянда вусъат ёбад.
Аз суханони Маҳмад Буриев бармеояд, ки дар раванди татбиқи лоиҳа ширкатҳои ватанӣ ва шаҳрвандони маҳаллӣ саҳми босазо гузоштаанд. Пудратчии лоиҳа – ширкати «Алстом» бо ширкати «Кондексон» баҳри анҷоми корҳои сохтмону васлкунӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ қарордод ба имзо расонида буд. Дар навбати худ ширкати «Кондексон» ба ин раванд ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ «Плаза-И», ҶСК «Шаҳрофар», ҶДММ «Ориён Групп», ҶСП «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ҶДММ «Амонаттехсервис», ҶДММ «Арстройком, ҶДММ «Махат», ҶСП «Проммонтаж», ҶСК «Сомон-саноат», ҶСП «ЖБК-3» ва КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷануби Тоҷикистон»-ро ҷалб намуд.
Хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, ки НБО-и «Норак» зиёда аз 40 сол аст, ки фаъолият дорад ва ҳоло фурсати таҷдид ва иваз намудани қисмати зиёди таҷҳизоту дастгоҳҳои он фаро расидааст. Татбиқи лоиҳаи «Иваз намудани дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 кВ дар НБО-и «Норак» марҳилаи нави фаъолияти ин неругоҳи муқтадирро ҳусни оғоз бахшида, шароит фароҳам меорад, ки саҳми он дар таъмини аҳолии мамлакат бо неруи барқ муассиртар шавад. Истифодаи таҷҳизоти босифати корхонаҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи олам замина фароҳам меорад, ки давоми 30 соли оянда неругоҳи мазкур таври муназзам фаъолият намояд. Айни замон корҳои асосӣ дар доираи лоиҳаи мазкур пурра анҷом ёфтааст ва бовар дорем, ки қисмати боқимонда низ бо сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»