Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 101,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 55,7 ҳазор тонна ё беш аз ду баробар зиёд мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 162 корхонаи саноатӣ бо истифода аз ангишт фаъолият мекунад. Дар ин хусус ба мо аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
То имрӯз аз тарафи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз кони ангишти «Фон-Яғноб» ба миқдори 40 ҳазор тонна ва бо назардошти соли 2012-ум 60 ҳазор тонна ангишт кашонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 75587 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст, аз он ҷумла аҳолӣ 14400 тонна, муассисаҳои буҷетӣ 757 тонна, (муассисаҳои буҷетии ноҳияи Шаҳринав – 142 тонна аз кони Фон-Яғноб, шаҳри Хуҷанд – 100 тонна. ва шаҳри Конибодом- 515 тонна аз кони Шӯроб) ангишт харидорӣ намудаанд.
Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, то имрӯз 1904 нуқтаи фурӯши ангишт бо захираи 35298 тонна, аз он ҷумла дар вилоятҳои Суғд-722 адад (бо захираи 10103 тонна), Хатлон-589 адад (бо захираи 3177 тонна), ВМКБ-68 адад (бо захираи 628 тонна), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе -525 адад (бо захираи 21391 тонна) мавриди истифода қарор доранд.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»