ё пешниҳоди як пири барнодил оид ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 оид ба рушди босуръати гидроэнергетикӣ чунин гуфтааст: «… рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад… Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро мавриди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар медонем.Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа хоҳад буд».
Бо раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан Раъно Ӯлмасова пиромуни ҳамин масъала суҳбат доштет. Номбурда чунин гуфт:
-Имрӯзҳо масъалаи бо роҳҳои осону қулай ва хароҷоти кам истеҳсол кардани қувваи барқ на танҳо таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳа, балки диққати одамони оддӣ, онҳоеро, ки дилашон ба ин марзу бум ва мардуми он месӯзад, низ ба худ ҷалб кардааст. Дар деҳаи Чорбоғ Озодқул Мамадқулов ном шахси ватандӯсте ҳаст, ки соҳиби чунин ихтироъ мебошад…
Банда дар бораи ин марди фидоӣ, ки имрӯз ба синни 74- солагӣ қадам мондааст, борҳо шунидаам. Ӯ зиёда аз 40 сол дар соҳаи омори кишвар кор карда, соли 1981 бо ордени «Нишони фахрӣ», соли 1987 бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаҳои соҳавии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Нафақагири аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ин пири барнодил, ки ҳанӯз бардаму солим метобад, маро хуш истиқбол кард.
Ӯ дар наздам варақе гузошт. Дар он варақ тарҳи даҳ новадони обрез, ки қисмати болоиашон паҳну васеъ ва қисмати поёнии обрезашон тангу борик кашида шудааст.
- Писарам, ана ҳама гап дар ҳамин ускуна, таҷҳизоте, ки ман онро «камераи об» («водокамера») ном кардаам, -гуфт ӯ ва ба шарҳи кашфиёти худ оғоз кард:
- Обанборҳои неругоҳҳои барқи обие, ки имрӯз барои тавлиди барқ истифода мешаванд, асосан ду вазифаро иҷро мекунанд:
Якум, оби аз боло ҷоришударо ба косаи обанбор қабул карда, ба агрегатҳои генератор ба миқдори муайян равона месозанд.
Дуюм, аз ҳисоби таҷҳизоти дар даруни обанбор сохташуда (водонапорная башня, водонапорный туннел, водовод) шиддатнокии обро баланд бардошта, бо ҳамин роҳ неругоҳро пуриқтидор мекунанд ва аз ин шиддатнокии барқи истеҳсолшаванда меафзояд.
Инсоният тайи чандин даҳсолаҳо мехост, ки оби аз чархҳои генератори неругоҳ поёншавандаро (масалан ,ҷоришавии оби муътадил дар Неругоҳи барқи обии «Норак» баробари 1350 метр/ сония аст) бо ёрии сарбандҳо бо воситаи шабакаҳо ба теппачаҳои табиатан мавҷуда, ки вазифаи сарбандро иҷро мекунанд , як миқдор баландиро ба вуҷуд оварда (масалан, 100 метр), неругоҳи барқи обӣ созаду обро аз 100 метр баландӣ ба поён, бе ягон таҷҳизоти иловагӣ партояд. Аз ҳисоби паст будани шиддатнокии об хоҳишманди ин кор ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб шуда наметавонист. Аз ҳамин сабаб оби муътадили аз неругоҳи барқи обӣ ҷоришударо такрор ба такрор истифода бурда, неругоҳи барқи обии сохтан дар мамлакатҳои ҷаҳон одат нашудааст. Барои ҳалли ин масъала лозим буд, ки як ускуна ё таҷҳизотеро ихтироъ намоянд, ки шиддатнокии оби барои истеҳсоли қувваи барқ истифодашударо ҳамчун таҷҳизоти дарунии обанбор баланд бардошта тавонад. Ман ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардам ва ба ин кор дастёб гардидам,-гуфт ӯ..
Соли 2012 дар тафаккури ман идеяе пайдо шуд, ки агар кас оби ба воситаи сарбанд ва шабака баланд бардоштамешударо ба чархҳои генератор чаппа карда партояд ,аз ин натиҷаи дилхоҳ мегирад. Чаппа партофтани об ин маънои онро дорад, ки ҳамон ускуна ё таҷҳизоти сохташуда , дар қисмати болоӣ обпартои васеъ дошта бошаду ченаки даричаи оббарои тарафи поёнаш, яъне наздики чархи генератор, нисбатан чанд баробар хурд ё танг бошад. Мақсад аз ин кор аз ҳисоби вазни оби истифодашаванда шиддатнокии обро якчанд баробар баланд бардоштан мебошад.
Дар вақти сохтани чунин як ускуна ба ҳисоб гирифтан даркор аст, ки миқдори оби воридшаванда аз тарафи боло чӣ қадар м3/сонияро ташкил кунад, аз тарафи поён аз даричаи оббаро ба генератор ҳам айнан ҳамин миқдор об баромада рафтанаш лозим мебошад.
Барои ҳалли ин масъала ба қонунҳои табиат муроҷиат кардам ва ба ёд овардам, ки мувофиқи Қонуни дуюми Нютон: « ҳар як ҷисми аз 10 метр баландӣ ба поён партофташаванда бо вазни 9,8 баробар нисбат ба вазни худ пурқувваттар ба замин мефарояд».
Агар оби аз чархҳои генератори неругоҳ поиншударо аз нав мавриди истифода қарор дода, бо сохтани сарбандҳо баланд бардорем, ба воситаи шабакаҳо ба соҳили дарёҳои назди теппаҳои табиӣ мавҷуда бароварда, аз баландӣ ба пастӣ ба воситаи водокамера раҳнамо созем, аз ҳисоби вазни оби дар водокамера мавҷуда ва мутобиқи Қонуни дуюми Нютон шиддатнокии оби аз даричаи поён беруншуда якчанд баробар афзоиш меёбад ва чунин бошиддат хориҷ шудани об аз даричаи поёнии водокамера, ки дар рӯ ба рӯи чархҳои генератор насб карда мешавад, ба тавлиди дучанд ва даҳчанди неруи барқ мусоидат менамояд.
Бобои Озодқул андаке ба суханаш таваққуф намуд ва шояд андешаҳояшро дар як нуқта ҷамъ оварда, ба мизони хирад баркашид ва сипас гуфт:
-Аз гуфтаҳои боло хулоса бароварда, чунин рақамҳои шартиро қабул кардам: Фарз кардем, ки баландии ускуна 100 метр қаду бараш 10х30 метр, ҳаҷми дарунии он 100х10х30=30000 м3, яъне оби даруни ускуна 30000 тоннаро ташкил хоҳад кард. Тавассути ускунаи мазкур агар обро аз тарафи боло баробари 150 м3/сония партоем, аз ҳисоби 30000 тонна бори дарунии ускуна ва бо таъсири Қонуни дуюми Нютон ченаки даричаи оббарои поёнӣ тахминан 4 метри мураббаъро ташкил намояд, аз он дар як сония 150 метри мукааб об хориҷ мешавад.
Ман ин ускунаро «водокамера» ном гузоштам. Ин «водокамера» ниҳоят содда буда, баландиаш бо ҷои интихобшуда баробар (50 м-100 метр) шуда , қаду бараш 10х20, 10х30 метр шуданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат шиддатнокии об пурзӯртар мешавад.Чунин «водокамера»-ро аз сементи аълосифат, бетону оҳанубетон сохтан зарур, ки бояд ба 8-9 бал заминҷунбӣ тобовар шуданаш даркор аст..
-Акнун биёед, ба ин ускуна таваҷҷуҳ кунем,-гуфт бобои Озодқул ва тарҳи ускунаи ихтироъкардаашро ба даст гирифта, ба шарҳ додан шурӯъ кард:
Хати аз нуқтаи «В» то «Г» гузарандаи болои сарбанд вазифаи обдарои камераро иҷро менамояд. Хати аз «А»то «Б» аз хати якум 3-4 метр баландтар буда, оби дохилшавандаро ба берун намонда, ба камера равона месозад. Тарафи поёнии камера нуқтаи«Д» ҷои оббаро, ки ба чархҳои генератор рост карда, шинонида мешавад, ба шумораи агрегатҳои шинондашуда баробар шуданаш лозим аст. Неругоҳи барқи обии бо усули нав, яъне ба таври силсилавӣ сохташаванда ба воситаи як обанбор даҳҳо ва аз ин ҳам зиёд неругоҳи барқи обиро ба кор андохтанаш мумкин аст. Масалан, агар чунин обанбор, аниқтараш, «водорегулятор», дар мавзеи якҷошавии дарёчаҳои Хингоб ва Сурхоб, ки ҳар ду як шуда, дарёи Вахшро ташкил медиҳанд , сохта шавад, бо ин роҳ неругоҳҳои барқи обии ҳоло истифодашаванда ва дар оянда то шохоби дарёи Аму сохташаванда низ бо об таъмин хоҳад шуд.
Агар «водорегулятор»- и дар саргаҳи дарёи Вахш сохташуда 8-10 миллиард м3 иқтидор дошта бошаду дар ҳар сония 1350 метри мукааб обро ба поёни дарё гузаронида тавонад, ҳамаи неругоҳи барқи обии мавҷуда ва сохташаванда тӯли сол бо оби меъёрӣ таъмин мешаванд. Ба ин васила муаммои дар фасли сармо камобтар мондани неругоҳи барқи обии «Норак» низ ҳал мешавад.
Истеҳсоли қувваи барқ бо истифода аз «водокамера», яъне сохтмони неругоҳи барқи обии бидуни обанбор бо роҳи истифодабарии батакрори оби мавҷуда ба таври силсилавӣ дар соҳаи мазкур як навъ навоварӣ мебошад.
Умед дорам , ки ин пешниҳод барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар кишвари маҳбубамон нақши муҳим мебозад.
Шиддати обро дар неругоҳи барқи обие, ки якҷоя бо «водокамера» сохта мешавад, оё аз ҳисоби баланд бардоштани «водокамера» ва изофа кардани ҳаҷми он бошиддаттар кардан мумкин аст? Бале, мумкин аст. Яъне, инсон бо дастони худ ба якчанд баробар баланд бардоштани шиддатнокии оби истифодабурдашаванда қодир мешавад ва он қувваи барқи истеҳсолшавандаро ба маротиб афзоиш хоҳад дод.
Истифодаи ин усул дар дарёҳои сероб айни муддаост. Масалан, дарёи Аму яке аз дарёҳои сероби Осиёи Миёна ба шумор меравад. Аз оби мавҷудаи он 1500 метри мукааб дар як сония обро, масалан, дар ноҳияи Қалъаихумб ё мавзеи Даштиҷум (нишебии дарё ва талу теппаҳои соҳили дарё ба ҳисоб гирифта шуд) ба соҳили дарё бароварда, обро ба воситаи шабакаҳо ба теппаҳои табиӣ мавҷуда бароварда, неругоҳи барқи обии якҷоя бо «водокамера» сохта, қувваи барқи зиёдро истеҳсол кардан мумкин аст. Барои ин кор як миқдор оби ба шабака гирифташударо ба дарё напартофта, такроран истифода бурда, даҳҳо неругоҳи барқи обиро таври силсилавӣ сохта, қувваи зиёди нерӯи барқро истеҳсол кардан барои таҳкими иқтидори энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Барои дар меъёри муайян нигоҳ доштани оби воридшавандаи неругоҳи барқи обӣ таври силсилавӣ сохташаванда дар 12 моҳи сол, сохтани обтанзимкунакҳоро дар шохаҳои дарёҳо ва саргаҳи худи онҳо (дар ҷойҳои ба ҳеҷ кас зарар намерасонида) тавсия медиҳем, дар вақти камобӣ бо ёрии ин гуна обтанзимкунакҳо неругоҳи барқи обӣ бо об таъмин мешавад.
Дар Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳи барқи обии якҷоя бо «водокамера» (яъне неругоҳи барқи обӣ бе обанбор), шароити бениҳоят васеъ мавҷуд мебошад. Аз ҳамин сабаб тавсия мешавад, ки ин гуна имкониятро истифода бурда, истеҳсоли қувваи барқро аз ҳисоби неругоҳи барқи обии бо усули нав сохтамешуда афзоиш диҳем.
Усули дуюми истеҳсоли қувваи барқ ба таври силсилавӣ оддитар буда, бо воситаи генераторҳои то 50 ҳазор кВт/ соат иқтидордошта кор хоҳад кард. Ин кор ба воситаи генератор ва ёрии новаҳо амалӣ мешавад. Истифодаи ин усул дар шохаҳои дарёҳое, ки оби миёнасолонаашон то 80 мукааб/сония мебошад, анҷом дода мешавад. Муваффақияти кор дар ин усул аз интихоби ҷой вобастагии калон дорад. Масалан, дар шохобҳои ба дарёи асосӣ пайвастшаванда, ки аз бағали кӯҳҳои шағалу шахҳо ҷорӣ мешаванд, истифодаи ин усул ба мақсад мувофиқ аст, зеро дар ин ҳолат механизмҳо осонтар кор мекунанд ва талу теппаҳои бисёр ба ин кор ёрӣ мерасонанд. Бо ёрии шабакаҳо ба нуқтаи баланди ин ҷойҳо баровардани обро ба нақша гирифта, баъд аз баландӣ то поёнтар дар нишебии 25-30 дараҷа ҷой ёфта, бо ёрии механизмҳо майдончаи сохтмонӣ тайёр мекунем , ки бараш 25-30 метр ва дарозиаш баробари ҷои интихобшуда бошад. Барои аз селу обхезиҳо эмин доштани он низ бояд чораҳои бехатарӣ андешида шаванд. Баъд аз он новаро сохтан мумкин аст. Нова ниҳоят мустаҳкам сохта мешавад ва андозаи қаду баландии нова ба нишебии ҷой ва ба миқдори оби воридшаванда ба нова вобастагӣ дорад. Нова дар шакли чоркунҷа сохта шуда, дар ҳар 10 метр масофа ба девораи он сутунҳои оҳанин барои маҳкам кардани тири чархҳо ҳам сохта мешаванд. Як тарафи тири чарха аз нова берун шуда, ба он генератор пайваст карда мешавад. Дарозии нова аз ҷои интихобшуда низ вобастагӣ дорад.
Ба гуфтаҳои боло чунин равшанӣ меандозем: масалан, ба ҳисоби миёна миқдори оби солонаи яке аз дарёчаҳои шохаи Вахшро аниқ кардем, ки он 80 метри мукааб дар як сонияро ташкил мекунад. Дар саргаҳи дарёе, ки 12 моҳ оби муътадили тақрибан 80 метри мукааб дар як сония ҷорист, обтанзимкунак сохта, онро бо ёрии шабака ба ҷои лозимӣ баровардем.
Фарз кардем, ки ҷойи барои сохтмон интихобшуда дар ёнаи кӯҳ қарор дошта, нишебиаш 27 дараҷа ва дарозиаш 320 метр аст. Новаро шинондем, ба генераторҳо пайваст кардем. Шумораи генераторҳо фарз кардем , ки 32 адад аст. Агар дар 27 дараҷа нишебӣ ҳар генератор 5 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истеҳсол карда тавонад, дар 1 соат 160 ҳазор кВт/соат, дар як шабонарӯз 3840 ҳазор кВт/ соат барқ истеҳсол шуда, истеҳсоли барқи солонаи он ба 1,4 млрд кВт /соат мерасад.
Ин идея чӣ афзалият дорад?
Якум, онро дар муҳлати кӯтоҳ ва бо маблағи кам сохтан мумкин аст.
Дуюм, неругоҳи барқи обии бо усули нав сохташаванда, азбаски обанбор надорад, бехатар буда, ҳам барои табиат, ҳам барои муҳити зист зарар намерасонад.
Сеюм, агар ин идея аз санҷиш гузашта, ба истеҳсолот ҷорӣ шавад, танқисии неруи барқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми мамлакатҳои дунё дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро меёбад, зеро дар об энергияи беохир ва тамомнашаванда мавҷуд аст. Агар инсоният 10-12 фоизи энергияи мавҷудаи обро аз худ намояд, фикр мекунам, ки эҳтиёҷ ба ин масъала батамом қонеъ мегардад.
Афзалиятнокии ин идея аз тарафи дигар боз дар он аст, ки аз ҳисоби бехавфу арзон будани он ба сохтмону истифодаи неругоҳи барқи атомии аз гармӣ истеҳсолшаванда, ки муҳити атрофро ифлос мекунанд , ҳоҷат намемонад.
- Ана, ҳамин тавр, писарам. Мо нафақахӯрон,ки ҳамеша ба меҳнат кардан одат кардаем, бекор нишаста наметавонем,-гуфт бобои Озодқул ва ба суханонаш афзуд: -Ман аз роҳбарони алоқаманд ва аз шахсони масъули ин соҳа бисёр хоҳиш мекунам, ки ба амалӣ гаштани идеяи мазкур дилгармона рафтор намуда, «водокамера»- и пешниҳодшударо истифода бурда, истеҳсоли барқи бехавф, арзон ва дар муҳлати кӯтоҳ ба дастояндаи онро дар дунё якумин шуда, дар Тоҷикистон ҷорӣ намоянд. Умед дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳаи мазкур пешниҳоди маро рӯйи коғаз намемононанд, камбудиашро ислоҳ мекунанд ва якҷоя онро дар амал татбиқ менамоем.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»