Омодагӣ ба фасли сармо

Истихроҷи ангишт ба 452 ҳазор тонна расид

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани истихроҷи ангишт  ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 ва таъмини Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо ангишт  роҳбарияти вазорат ба роҳбарони корхонаҳои зертобеъ дастурҳои мушаххас додааст. Дар ин замина корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро  дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба  452 ҳазор тонна расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 184 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Фурӯши ангишт  дар ин давра 418771 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196871 тонна бештар аст.

Айни замон истихроҷи шабонарӯзии ангишт  ба 3500-7000 тонна расонида шудааст. Дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш 98 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»