Мулоқоти Оқил Оқилов бо роҳбарияти ширкатҳои ҷаҳонии истихроҷи нафт

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов 18 июн бо роҳбарияти ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ дар соҳаи иктишоф ва истихроҷи нафту газ, аз ҷумла президенти ширкати «Тетис Петролиум Лимитед» Дэвид Робсон, президенти Корпоратсияи миллии нафту гази Ҷумҳурии Халқии Хитой Бо Чилян ва ноиби аввали президенти ширкати «Тотал» оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майкл Боррел мулоқот анҷом дод.

Оқил Оқилов дар мулоқот бори дигар аз имконоту захираҳои иқтисодию саноатӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз роҳбарияти ширкатҳои мазкур даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург дар самти иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Сипас, бо иштироки Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маросими имзои созишномаҳои иловагӣ ба Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кулоб Петролиум Лимитед» баргузор шуд.

Тавре дар оғози маросими имзои созишномаҳо Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов изҳор дошт: «Дар Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, талаботи нафту газ асосан аз ҳисоби воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи мамлакат қонеъ гардонида мешавад».

Ба созишномаҳои иловагии Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кулоб Петролиум Лимитед» аз ҷониби Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ, аз ҷониби ширкати «Тетис Петролиум Лимитед» президенти он Дэвид Робсон, аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Ҷумҳурии Халқии Хитой президенти ин корпоратсия Бо Чилян ва аз ҷониби ширкати «Тотал» ноиби аввали президенти ин ширкат оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майкл Боррел имзо гузоштанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кулоб Петролиум Лимитед» аз 13-уми июни соли 2008 ба ширкати «Кулоб Петролиум Лимитед» ҳуқуқи анҷом додани корҳои иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар минтақаҳои қарордод вогузор шудааст, ки ин минтақаҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар масоҳати 37 ҳазору 487 километри мураббаъ ҷойгир шудаанд.

Дар анҷоми маросим оид ба моҳият ва мақсаду ҳадафҳои имзои созишномаҳо дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва роҳбарияти ширкатҳои мазкур бо изҳороти матбуотӣ баромад намуданд.

АМИТ «Ховар»