Вокуниш

Нағоранавозии пеш аз тӯй

№16 (3162) 15.02.2014

Вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ бобати он ки дар ИМА моҳи январи соли ҷорӣ қонуне ба тасвиб расидаасту тибқи он,  аз ин пас шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Шӯрои директорони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ифои вазифа доранд, бояд ба қобили қабул донистани лоиҳаҳои неругоҳҳои бузург ва саддҳои азими онҳо мухолифат намоянд, иттилоъ паҳн гардидааст. Пайгирии масъалаи мазкур ва ҷустуҷӯйҳои мо дар шабакаи Интернет вобаста ба дарёфти қонуни фавқуззикр ва шиносоӣ бо муҳтаво ва ҳадафи таҳия ва қабули он бенатиҷа анҷом ёфт. Аз ин қонун дар шабакаи зикршуда, ки дар шароити кунунӣ беҳтарин манбаъ барои дарёфти дилхоҳ иттилоъ маҳсуб меёбад, «на пай буду на Ҳайдар». Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ низ аз ин иқдом ҷое ёдовар нашудаанду ҳатто як хабари хурдакак, ки ба ин мавзӯъ рабт дошта бошад, ба нашр нарасидааст. Вақте маншаи пайдоиш ва тарғиби иттилои мазкурро мавриди пажӯҳиш қарор додем, аён гардид, ки мубаллиғони он «коршиносон» ва мутахассисони ҳамсоякишварамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Маротибаи аввал иттилоъ бобати тасвиби қонуни мазкур аз ҷониби директори Институти «Гидропроект»-и шаҳри Тошкент Сергей Жигарев паҳн шуда, сипас, «коршиносон»-и дигари  ин кишвар бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ дар тарғиби он ба сабқат пардохтанд. Ҷои нигаронист, ки баъзе сомонаҳои интернетии кишварамон низ ин иттилоъро дар сархати худ ҷой дода, бо ин амалашон «ҳамраъйи»-и худро ба мухолифони бунёди НБО-и «Роғун» нишон доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Сергей Жигарев яке аз мухолифони бунёди НБО-и «Роғун» буда, мунтазам дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ мавод ба нашр расонида, ба ибораи халқӣ «дастмузди хешро ҳалол менамояд». Тарғиби тасвиби қонуни фавқуззикр аз ҷониби номбурда ва ҳаммаслакони вай  ибораи «ҳофиз манаму бародарам мехонад»-ро ба хотир меорад. Вале дилхоҳ инсони  аз қазияи мазкур (манзурам бунёди НБО-и «Роғун» аст) огоҳ дарк менамояд, ки ҳадаф аз ин иқдом «дарди кампир ғӯза» аст, на чизи дигар. Яъне, бо ин  амали худ ин қабил «коршиносон» мехоҳанд ба раванди ташхиси техникиву иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки айни замон бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷараён дорад, «таъсир» расонанд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин кӯшиши аввалин дар ин ҷода набуда, пештар низ онҳо ҷой дошт.

Хушбахтона, роҳбарият ва мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо додани посухҳои муносиб ба эшон собит намуданд, ки дахолат ва таъсиррасонӣ ба иқдомоти ин ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ имконнопазир аст. Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз панҷ сол пеш ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд. Ҳамзамон дар ин бора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои минтақа муроҷиат намуда, ба таври расмӣ пешниҳод карда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд. Мутаассифона, ин пешниҳод низ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҷавоб монд, дар ҳоле ки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор будани худро изҳор доштанд. Айни ҳол Бонки Умумиҷаҳонӣ бо ҳама ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ду маротиба бо вазорату идораҳои дахлдори кишвари фавқуззикр машваратҳои заруриро доир намуд ва тамоми эродҳои баёнгардида, аз ҷумла талабот нисбат ба амнияти сарбанд, ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоии масъала дар супориши техникӣ оид ба таҳияи асосноксозии техникиву иқтисодӣ ба инобат гирифта шуданд. Ба андешаи коршиносони сатҳи байналмилалӣ, барои ҳамоҳангсозии тамоми масъалаҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ Консорсиуми минтақавӣ, ки лоиҳаи консепсияи он  ҳанӯз даҳ сол пеш таҳия гардида, аз ҷониби ҳамаи давлатҳои минтақа, ба истиснои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маъқул дониста шудааст, механизми самарабахш буда метавонад.

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин ташхиси мустақил қарор гирифтааст (ташхиси охирин аз ҷониби Ширкати олмонии «Lahmeyer» соли 2006 бо фармоиши ҶСК «РусАл» сурат гирифтааст), ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намудаанд. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳайси пудратчиҳо иштирок кардани ширкатҳои Федератсияи Россия ва бисёр ширкатҳои дигари хориҷӣ далели возеҳи вуҷуд надоштани ягон ташвиши ин кишварҳо нисбати лоиҳа мебошад.

Нуктаи муҳим он аст, ки таҳқиқоти мазкур, ки зимнан аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал  ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуд. Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Лора Так  зимни баргузории брифинги матбуотӣ, баъд аз мулоқоташ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 11 феврали соли равон дар мавриди қабули қонуни болотар зикргардида зикр намуд: «ин ки ИМА қонунеро вобаста ба мухолифат ба сохтмони неругоҳҳои бузурги барқи обӣ қабул кардааст, ин ҳаққи ин кишвар аст, ИМА танҳо як саҳоми мост». Ҳамзамон  номбурда афзуд, ки «мо қонунҳои қабулкардаи ин мамлакатро шарҳ намедиҳем. Ҳар давлати саҳмгузори Бонки Умумиҷаҳонӣ метавонад дар ин ё он маврид қонун қабул карда, назари худро гӯяд».  Бино ба гуфти ӯ, ташхиси  иқтисодию техникӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.

Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳори умед кард, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба НБО-и «Роғун» посухи қонеъкунанда хоҳад дод. «Пас аз ин, барои қабули қарорҳои минбаъда дар мавриди ин лоиҳа шароит фароҳам хоҳад шуд»,-афзуд мавсуф. Лора Так аз иқдомоти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди гузарондани ташхиси  зикршуда истиқбол ва ситоиш  карда, изҳор дошт, ки  ҷониби Тоҷикистон тамоми шароитро барои шаффофу озод гузарондани ташхиси фавқуззикр  фароҳам кардааст. Номбурда пуштибонии Бонки Умумиҷаҳониро аз лоиҳаи хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне CASA-1000, низ баён дошта, минҷумла гуфт, ки баҳори соли равон санади сармоягузории ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ба тасвиб мерасад.  Ёдовар мешавем, ки 10 феврали соли ҷорӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Такро ба ҳузур пазируфта буд.

Дар раванди мулоқот зикр гардид, ки тайи солҳои шарикӣ аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо маблағи умумии беш аз 750 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи умумии 223 миллион доллари амрикоӣ 13 лоиҳа бо маблағгузории грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ амалӣ мегарданд.

Мо низ бо ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так ҳамфикрем, ки қабули дилхоҳ қонун ва ё санад ҳаққи комили ин ё он кишвар аст. Вале дар мавриди қонуни мазкур бояд ба он аҳамияти хоса дод, ки он кай мавриди амал қарор мегирад ва мухолифати мавриди назар, ки ба «дӯстон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мақбул шудааст, ба бунёди неругоҳҳо дар кадом марҳала дахл дорад? Мутаассифона, ин ҷиҳати масъала дар матолиби «дӯстон»-и мо сарфи назар шудааст. Дар маҷмӯъ, хушнудӣ намудани онҳо аз қабули чунин қонун ва табли шодӣ заданашон мақоли халқии «нағоранавозӣ пеш аз тӯй»-ро ба хотир меорад.

 

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»