Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муроҷиати сокини ноҳия Қарахонов Эргаш — «Навадсолаам, вале нафақа намегирам»-ро, ки 11 июли соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.
Тибқи маълумоти бадастомада Қарахонов Эргаш соли 1927 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) таваллуд шуда, соли 1932 бо аҳли оилааш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯчидааст.
Номбурда иддао дорад, ки аз соли 1965 то соли 1988 дар Вазорати оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Вахш ва Ҷайҳун ба ҳайси тракторчӣ фаъолият кардааст. Вале дар бораи фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад. Ягона ҳуҷҷати пешниҳоднамудааш маълумотномаи музди меҳнат аз ПМК-15 ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 1969-1975 ва 1986-1987 мебошад, ки ба сифати ронандаи булдозер фаъолият намудааст.
Инчунин, маълум шуд, ки Қарахонов Эргаш бо аҳли оилааш соли 1996 ба Ҷумҳурии Украина рафта, шаҳрвандии ин давлатро қабул намудааст. Ба ӯ аз тарафи Идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Гничи вилояти Херсони Ҷумҳурии Украина 2500 (ду ҳазору панҷсад) гривна нафақа таъин карда шудааст, ки то имрӯз онро гирифта истодааст.
Айни ҳол муваққатан дар манзили истиқоматии духтараш Қарахонова Зулайхо Эргашевна, воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, деҳоти «Навобод», деҳаи Наврӯз истиқомат дорад.
Дар асоси муроҷиати Қарахонов Эргаш, аз 10 майи соли ҷорӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гирифтани нафақа иттилоъ додааст, ки ӯ бояд асноди нафақагириашро аз қайди Ҷумҳурии Украина бароварда, барои ба қайд гирифтан тибқи қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба Раёсати агентии маҳалли зисташ муроҷиат намояд. зеро, тибқи созишнома дар бораи иштироки давлатҳои муштаракулманофеъ оид ба кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи таъмини нафақа аз 10 марти соли 1992, шаҳрвандон ҳангоми таъини нафақа танҳо нафақаро аз ҷумҳурие мегиранд, ки шаҳрвандии он давлатро дошта бошанд.
М. Ҷ. Мунаварзода,
прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи I