Вакили Парлумони Аврупо, яке аз шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Струан Стивенсон бо нашри мақолае ба ҳимояти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам аз муборизони роҳи ҳақ дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ба муносибати дӯстонааш бо мардуми Тоҷикистон арҷ мегузорад.
Вақте ашъори шоиронро варақ мезадам, дар боби гиромидошти дӯстӣ мисраъҳои хеле зебоеро дарёфт намудам:
Ба дил гуфтам кадомин шева душвор аст дар олам?
Нафас дар хун тапиду гуфт поси ошноиҳо…
Воқеан ҳам, дар ин ду мисраи зебо, фасеҳ, гӯшнавоз ва омиёна шоир тавонистааст мафҳуми ошнойиро бо фарогирии кулли мазмуну моҳият ва дар сатҳу сифати баланд бозгӯйӣ намояд. Хоса, дар замони имрӯзӣ, ки теъдоди дӯстони нонӣ ва забонӣ дар муқоиса ба рафиқони ҷонӣ тамоюли афзоишро касб намудааст, таъкиди ин мисраҳои ҷовидона хеле муҳиму саривақтианд. Яке аз дӯстони қарин ва қадрдони тоҷику тоҷикистониён, вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон аз ҷумлаи посдорони қавииродаи ошнойӣ мебошад, ки мунтазам дар арсаи байналмилалӣ аз манфиатҳои кишвари мо шоиста ҳимоят менамояд. Ҷонибдорӣ аз аҳамияти бунёди иншооти муҳим – НБО-и «Роғун» аз ҷумлаи иқдомоти наҷиб, саривақтӣ ва арзандаи мавсуф маҳсуб ёфта, барои он «ватандорон»-е, ки аз хориҷи кишвар санги маломат сари мардум ва кишвари худ мезананд, бояд намунаи ибрат бошад. Ин навбат Струан Стивенсон бо нашри мақолае эътироз ва даъвоҳои ҳамсоякишварро алайҳи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» беасос хондааст. Номбурда дар мақолаи худ зикр намудааст, ки «ҳоло замони он нест, ки фаъолияти ин корхонаи муқтадир коҳиш ёбад ва мутаваққиф гардад. Баръакс, зарур аст, ки дар заминаи навсозӣ ва иқдомоти дигари зарурӣ фаъолияти он вусъат бахшида шавад
Ин абармард КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро «дурдонаи гаронбаҳои тоҷи Тоҷикистон» номида, аз он ёдовар шудааст, ки ин корхона дар баробари 13 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин намудан, ҳамзамон дар ғановати буҷети давлат ва тақвиятбахшии иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо дорад.
Номбурда дар мақолаи худ иддаои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи зарари партовҳои корхонаи фавқуззикр ба муҳити зист ба баррасӣ гирифта, онро «бадхоҳона» арзёбӣ намудааст. Мавсуф минҷумла зикр кардааст, ки «шояд ба сифати яке аз корхонаҳои саноатии бузургтарин дар минтақа ва яке аз даҳ истеҳсолкунандаи бузургтарини алюминий дар ҷаҳон, ширкат дар раванди фаъолияти худ партовҳои истеҳсолӣ боқӣ гузорад, зеро чунин равандҳои неруталаб бе ин омил вуҷуд дошта наметавонанд. Дар раванди истеҳсолот ҳосилшавии партовҳо таҷрибаи маъмулӣ буда, аз он мушкилоти глобалӣ сохтан мантиқан нодуруст аст. Бинобар ин, тамоман нодуруст аст, ки корхона барҳам дода шавад, ҳамон гунае, ки баъзе эътирозгарон аз кишварҳои ҳамсояи поёноб инро талаб доранд».
Вакили Парлумони Аврупо дар идома гуфтааст, ки «Талабҳо барои қатъи фаъолияти корхона ва ё маҳдудсозии раванди истеҳсолоти он бемаврид ва ғайри қобили қабул буда, ба таҳдидҳо ва суханпардозии ташвиқотии ҷунбишҳои экологӣ дар кишварҳои зиёди ғарбӣ шабоҳат доранд».
Струан Стивенсон чунин мегӯяд: «Баҳсҳои сиёсӣ ва оштинопазирӣ танҳо ба бунбаст мебаранд, мушкилоти зиёдтар ба вуҷуд меоранд, хавфи оқибатҳои бебозгаштро барои муҳити зист афзун мекунанд ва сабаби якбора паст шудани сатҳу сифати зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа мешаванд». Итминонамон комил аст, ки андешаҳои асосноки ин шахсияти шинохта дар қиболи сафсатаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати таъсири манфии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба муҳити зист ва саломатии одамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилоту созмонҳои марбута ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»