Роҳбарияти қавӣ — роҳнамои рушду суботи иқтисодӣ

№11 (3157) 31.01.2014

stevensonЗиёраткунандагони боғу майдонҳои бошукӯҳи Душанбе, пойтахти зебои Тоҷикистон ва водиву кӯлҳои зери кӯҳҳои барфпӯши Помирро барои фикре, ки онҳо ба биҳишт расидаанд, метавон фаҳмид. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ҳамин боғу водиву кӯҳҳо 17 сол қабл саҳнаи ҷанги шаҳрвандии хунин шуда буданд ва ба кишвару иқтисоди он харобӣ оварда, ҷони беш аз 100 ҳазор нафарро рабуданд.

Тоҷикистон яке аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мебошад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Ин кишвар дар Осиёи Марказӣ кӯҳҳои баландтарин дорад, ки онҳо дар Боми ҷаҳон хеле мувофиқ ҷойгиранд. Он бо Афғонистон 1340 км сарҳад, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамсоягии бевосита ва наздик дорад. Ин мамлакат дар минтақае ҷойгир аст, ки дар он ҷангҳо, терроризм, парвариш ва фурӯши нашъа, авҷи бунёдгароии исломӣ мавқеъ доранд. Сарфи аз ин Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон такягоҳи сулҳу осоиш, намунаи возеҳи суботи иқтисодӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Тоҷикистон якбора баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ арсаи ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷаи он қувваҳои мухталифи сиёсӣ бо якдигар мубориза мебурданд. Дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Соли 1999 интихоботи сулҳомез баргузор гардид ва ҳукумати марказӣ ба ташаккули худ шурӯъ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он лаҳза ҳокимиятро устувор нигоҳ дошта истодааст. Аз ин ҷост, ки дар солҳои баъдӣ хеле соҳибнуфуз боқӣ монд ва дар интихоботҳо низ ғолиб омад.

Бо назардошти ҷойгиршавии стратегии ин кишвар Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Онҳо метавонанд дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон иттифоқчии созанда ва он шахсеро бинанд, ки хеле устуворона бар зидди террористҳои ҷиҳодӣ ва қочоқчиёни нашъаҷаллоб аз Афғонистон мубориза мебарад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Федератсияи Россия, НАТО ва ИМА дар мубориза алайҳи терроризм фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама кишвари камбизоаттарин буд ва ҳоло роҳи худро ба сӯйи рушду нумӯъ ёфта истодааст. Нақшаҳои бузург оид ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бояд ба ин миллат имкон диҳанд, ки ниёзҳои худро ба неруи барқ қонеъ гардонад ва неруи барқи зиёдатиро ба Афғонистон ва Покистон содир намуда, ҳамзамон имконоти болоравии иқтисодӣ ва бунёди ҷойҳои нави кориро вусъат диҳад ва ба он мусоидат намояд, ки сулҳу амният ба ин минтақаҳои ноором ва камбизоат ворид гардад. Тоҷикистон ҳамчунин содиротчии бузурги алюминий буда, дорои захираҳои калони канданиҳои фоиданок аст, ки онро ба як маркази ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ табдил медиҳад.

Он далеле, ки туризм ва бахусус, туризми экологӣ ҳоло як соҳаи хеле густаришёбандаи Тоҷикистон мебошад, возеҳан нишон медиҳад, ки чӣ қадар ин кишвари зуд рушдёбанда аз лаҳзаи ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ (аз соли 1997) пеш рафтааст. Президенти Тоҷикистон устуворона зимоми роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дошта, дилпурона кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон мебарад.

Струан СТИВЕНСОН,

вакили Парлумони Аврупо, узви гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағийрёбии иқлим, танаввуи биологӣ ва рушди устувор.

(Тавассути АМИТ «Ховар»)