Дар ҳама кишварҳо ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз масъалаҳои мубрам маҳсуб ёфта, сохторҳои марбута барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҳимоя гардидани он аз тамоми имконот самаранок истифода менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ин рисолат ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Далелу арқоми мавҷуда ва омӯзишу мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки маҳз дар заминаи фаъолияти пурмаҳсули ин ниҳод бозори истеъмолии мамлакат аз вуруди маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар эмин аст. Коршиносони соҳа ба он назаранд, ки чанд сол пештар раванди таҳия ва қабули қонунҳои бахши техникиву коммуникатсионии мамлакат ҷавобгӯйи талаботи замон набуд, ҳол он ки дар шароити кунунӣ фароҳам овардани заминаи мукаммали қонунгузории ин бахш дар ҷумҳурӣ омили муҳиму асосӣ барои рушд аст.
Бо дарназардошти муҳимияти ин омил, дар як муддати кӯтоҳ тавассути Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия як силсила қонунҳои соҳавӣ таҳияву аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гашта, баъд аз имзои Президенти кишвар мавриди амал қарор гирифтанд. Хушбахтона, ин иқдомот самар овард ва шомил гардидани кишвари азизамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Метрология яке аз бахшҳои муҳими ин раванд маҳсуб ёфта, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаҳо, аз ҷумла муомилоти гуногунҷанбаи инсонҳоро низ фарогир аст, сатҳу сифати тоза касб намудааст.
Ба нашр расидани китоби директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр Шукурзода таҳти унвони «Метрология-мафҳумҳои асосӣ, истилоҳҳо ва таърифот» иқдоми муҳим ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти масъулини соҳаи зикршударо тавсеа хоҳад бахшид. Дар китоби фавқуззикр зиёда аз 150 истилоҳоти асосии бахши метрология бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гирд оварда шудаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки зиёда аз 100 адад ин истилоҳот ҳамрадиф бо таърифоти худ, ки барои мутахассисон ва алоқамандони соҳа хеле муҳим аст, фасеҳ ва бо услуби барои тамоми қишрҳои ҷомеа фаҳмо баён гардидаанд. Муаллиф зимни иншои китоб асосан он истилоҳотеро мадди назар гирифтааст, ки мутобиқсозии онҳо дар давлатҳои хориҷӣ низ дар сатҳи хубу сифати баланд ҷараён доранд. Аз мутолиаи китоб дарёфтем, ки тамоми истилоҳоти дар китоби мазкур бо таърифоташон ҷойшуда, истифодаашон дар ҳудуди давлатҳои ИДМ роиҷ аст. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кормандони баъзе соҳаҳо, аз ҷумла бахшҳои ба ҳифзи бозори истеъмолии кишвар рабтдошта бо мушкили набудани дастурамал ва таълифоте, ки истилоҳоти соҳавиро шарҳ медиҳанд, мувоҷеҳ мебошанд. Бинобар ин, нашри китоби мазкур метавонад дар пур намудани холигоҳи зикршуда нақши муҳимро бозад.
Ба шарофати шомил шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муносиботи доираҳои гуногун дар самти воридсозии молу коло ва пешниҳоди хизматрасониҳо ба марҳилаи нав ворид мешавад. Табиист, ки дар ин раванд мутобиқсозии истилоҳоти метрологӣ ва таърифоти онҳо муҳим ва зарур аст. Ёдовар мешавем, ки пештар Бахтиёр Шукурзода оид ба мавзӯъҳои ба ин раванд дахлдошта ду дастурамали илмӣ нашр намуда буд. Ҳамзамон номбурда муаллиф ва ҳаммуаллифи 37 таълифоти илмӣ буда, 34 мақола ва гузоришҳояш дар маҷаллаҳои илмӣ – техникии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба табъ расидааст.
Китоби мазкур баҳри ҳифзи ҳуқуқи истеъмолии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам оварда, барои муҳифизони бозори истеъмолии кишвар (манзурам кормандони бахши метрология мебошад) ҳамчун роҳнамо хизмат хоҳад кард.
Далер Мерганов, «Садои мардум»