ВАНҶ. (Шоҳтолиб Шоҳқосимов, «Садои мардум») Дар деҳаи Мотравни деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сохтмони неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 300 киловатт оғоз шуд. Хишти аввали зербинои неругоҳро соли гузашта раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Йёнг Жон Ду гузошта буданд. Ин неругоҳ тибқи созишномаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бунёд мегардад. Анҷоми сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ моҳи августи соли равон пешбинӣ шудааст.
Қодири Қосим дар мулоқоте, ки бо сокинони деҳоти Язгулом анҷом дод, гуфт, ки бо кашидани хати барқи 35 — киловатта аз деҳаи «Вазнавд» то «Шипад»- и ноҳияи Рӯшон ва баъдан пайвастани он бо деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ шабакаҳои энергетикии Бадахшон бо як занҷири муайян бо ҳам пайваст ва таъминоти барқ дар минтақа хеле беҳтар мегардад.