Проблема ва мулоҳиза

Энергияи ояндадори сайёра

№68 (4651) 22.05.2023

ЭНЕРГИЯБо пешниҳоди Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтобӣ аз соли 1994 дар аксар кишварҳо 3 — юми май Рӯзи байналмилалии офтоб таҷлил мегардад. Ҳадаф аз санаи мазкур нашр кардани иттилооти бештар дар бораи аҳамияти энергияи офтобӣ мебошад.

Одамон аз қадим энергияи офтобиро барои гарм кардани об ва хушк кардани меваю саб­завот истифода мебурданд. Аз баракати пешрафти илму технология ҳоло бо истифода аз энергияи офтоб неруи барқ истеҳсол мешавад, хонаҳо гарму чароғон шуда, мошинҳо ба ҳаракат медароянду киштиҳои кайҳонӣ ба Замин маълумот мефиристанд.

Энергияи офтобӣ барқароршаванда, арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаю ба саломатӣ безарар мебошад. Соли 1958 амрикоиҳо радифи маснӯи Заминро ба фазо партоб карданд, ки дорои шаш батареяи офтобии иқтидорашон 1 — ваттӣ буд. Соли 1963 Ширкати «Sharp» истеҳсоли батареяҳои офтобиро ба роҳ монд. Бо мақсади рушди соҳаи энергияи офтобӣ соли 1974 Ассотсиатсияи энергетикаи офтобӣ (SEIA) таъсис ёфт. Баъд аз чор сол Вазорати энергетикаи ИМА Пажӯҳишгоҳи энергияи офтобиро таъсис дод, ки баъдан бо номи Лабораторияи миллии энергияи барқароршаванда (NREL) машҳур гашт. Он ҳар сол аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад. Соли 2000- ум иқтидори тамоми неругоҳҳои офтобӣ дар ҷаҳон ба 1 гигаватт расид.

Моҳи апрели соли 2016 теъдоди умумии панелҳои офтобии танҳо дар ИМА насбшуда аз 1 миллион адад гузашта, иқтидори умумиашон 14 625 мегаватт дар як солро ташкил дод.

Аз ҷиҳати маъруфияти энергияи офтобӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромад. Имрӯз қариб 40 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ аз энергияи офтобӣ ба ин кишвар рост меояд. Иқтидори умумии панелҳои офтобии Чин дар соли 2021 ба 306 ҳазору 973 мегаватт расид. Ин рақам дар ИМА 95 ҳазору 209, Япония — 74 ҳазору 191, Германия — 58 ҳазору 461 ва Ҳиндустон 56 ҳазору 951 мегаваттро ташкил медиҳад.

Соли 2020 раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Ҷамъомади байналмилалии иқлим иброз намуд, ки кишвараш то соли 2030 мақсад дорад истеҳсоли неруи барқ аз офтобу шамолро ба 1200 гигаватт расонад.

Ҳанӯз соли 2007 Комиссияи миллӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Хитой ба нақша гирифта буд, ки то соли 2020 иқтидори неругоҳҳои офтобии Чин ба 2800 мВт расонида шавад. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ин рақам дар муҳлати зикршуда аз нақша 15 маротиба бештар шуд. Яке аз сабабҳои бо ­суръати баланд тараққӣ кардани соҳаи энергияи офтобӣ ҷудо намудани имтиёзи андозӣ барои истеҳсолкунандагону истифодабарандагони таҷҳизоти офтобӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 2009 «Барномаи давлатии нақшаи бомҳои офтобӣ» — ро қабул намуд. Мувофиқи он ба ширкатҳое, ки таҷҳизоти офтобӣ истеҳсол мекарданд, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дода шуд. Дар натиҷа, мутахассисони беҳтарин ва ширкатҳои хориҷӣ ба Чин омада, истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монданд. Сокинони зиёди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин корхонаҳо бо ҷои кор таъмин гардиданд. Аз сабаби арзон будани таҷҳизоти офтобии истеҳсоли Чин теъдоди харидорони он дар дохилу хориҷи мамлакат якбора афзуд. Ширкатҳо фаъолияти се бастро ба роҳ монда, ба ҷои як таҷҳизоти фармоишшуда ду таҷҳизот истеҳсол карданд.

То соли 2013 корхонаҳои саноатии истеҳсоли таҷҳизоти офтобии Чин нархи ҷаҳонии ин маҳсулоти серталабро 80 дарсад арзон намуданд. Чине, ки солҳои 90-уми асри гузашта фақат барои сокинони деҳоти дурдаст таҷҳизоти хурди офтобӣ истеҳсол мекард, дар муддати кӯтоҳ аз ИМА, ки 30 сол дар ин соҳа ҷойи аввалро ишғол мекард, пеш гузашт. Ҳоло Чин 71 дарсади панелҳои офтобии ҷаҳонро истеҳсол мекунад.

Директори Институти энергияи офтобии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон Амит Ронен дар ин хусус чунин иброз доштааст: «Хитоиҳо иқтисоди энергияи офтобиро дар тамоми ҷаҳон ба самти мусбат тағйир доданд».

Истифодаи таҷҳизоти офтобӣ сол то сол ба тозашавии ҳавои Чин мусоидат намуд. Аз рӯйи ҳисоботи оморӣ, соли 2019 ҳаҷми газҳои зарарнок, аз ҷумла диоксиди сулфур дар фазо нисбат ба соли 1960 бештар аз 15 дарсад кам шуд.

Ғайр аз таҷҳизоти офтобии истеҳсолкунандаи барқ Чин аз ҷиҳати истеҳсолу истифодаи обгармкунакҳои офтобӣ низ дар ҷаҳон пешқадам аст. Имрӯз 70 дарсади обгармкунакҳои офтобии ҷаҳон ба ин кишвар рост меояд.

Бузургтарин неругоҳҳои офтобии Ҷумҳурии Мардумии Чин инҳоянд: «Парки офтобӣ» дар биёбони Тепгер (иқтидораш 1547 мегаватт), «Datong Solar Power» (1000 мегаватт), Парки офтобии «Longyangxia Dam» (850 мегаватт), Парки офтобии «Хуанхе» (500 мегаватт), Парки офтобии «Се дара»-и Голмуд (500 мегаватт), Парки офтобии «Се дара»-и Делинг (500 мегаватт).

Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин тараққӣ додани соҳаи энергияи барқароршавандаро на танҳо ҳамчун сиёсати кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ, балки манбаи асосии амнияти энергетикӣ мешуморад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 таъкид намуданд, ки истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад. Сардори давлат ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ таваҷҷуҳ зоҳир намудани Ҳукумати мамлакатро ёдовар шуда, чунин зикр намуданд: «Истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол, ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд».

Иқлими Тоҷикис­тон барои истифодаи энергияи офтобӣ муносиб буда, соле дар мамлакат 280- 320 рӯзи офтобӣ мешавад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, захираи энергияи офтобии Тоҷикистон тақрибан 25 млрд. киловатт/соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин баробари талаботи яксолаи мамлакат ба неруи барқ аст.

Кормандони Институти физикаю техникии ба номи С. Умарови Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва ҶСК «Систем­а­втоматика» барои тарғиби истифодаи энергияи офтобӣ семинару конфронс ва намоиши таҷҳизоти офтобӣ доир мекунанд.

Хуб мешуд, ки дигар ниҳодҳо низ ин анъанаро дастгирӣ намуда, барои ба аҳли ҷомеа додани иттилооти бештар дар хусуси манфиати истифодаи самараноки энергияи офтобӣ ҳисса гузоранд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»