Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 22 декабри соли 2016 садо дод, фарогири натиҷаҳои бадастомада дар роҳи таъмин намудани пешрафти ҳама соҳа ва инчунин, раҳнамо ҷиҳати ҳалли вазифаҳои асосӣ, аз ҷумла, се ҳадафии стратегии миллӣ ва барномаҳои рушд барои солҳои оянда мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба даст овардани манбаъҳои бузурги энергетикӣ яке аз масъалаҳои марказӣ ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар як фурсати кӯтоҳ Тоҷикистон дар роҳи ҳалли ин ҳадафи стратегии давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Тибқи оморе, ки дар Паём пешниҳод гардид, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли қувваи барқ аз «энергияи сабз» ба қатори шаш кишвари пешсафи ҷаҳон шомил мегардад. Имрӯзҳо дар кишвар 98 фоизи энергияи электрикӣ аз ҳисоби манбаъҳои электрикии барқароршаванда истеҳсол мешаванд. Ин навъи манбаъҳои электрикӣ аз ҷиҳати экологӣ нисбат ба дигар намуди неругоҳҳои барқӣ безарар аст, зеро аз НБО ягон намуди партов ва газҳои зараррасон ба муҳит партофта намешавад. Расидани Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ маънии бунёди замина барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагиву хизматрасонӣ ва пешбурди иқтисодиёт, яъне таъмин намудани ҳама соҳа бо энергияи электрикиро дорад.
Воқеан, мавриди истифода қарор додани «энергияи сабз» аз тарафи ниҳодҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама вақт дастгирӣ меёбад. Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар, яъне сиёсати «дарҳои кушода», имконияти ҳар чӣ бештар ба иқтисоди Тоҷикистон рӯй овардани ширкатҳои бузурги хориҷӣ ва зиёд гардидани лоиҳаҳои сармоягузориро фароҳам меорад.
Ҳар як кишвар вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ иқлими ба худ хос ва сарватҳои табиӣ дорад. Тоҷикистон аз сатҳи баҳр хеле баланд ҷойгир аст ва захираҳои нефтӣ камтар дорад. Аммо аз ҷиҳати захираи об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро соҳиб аст. Пас, роҳи асосӣ барои соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ боз ҳам бештар истифода бурдани манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳои оморӣ, дар ҳолати истифодаи 30% — и иқтидори манбаъҳои гидроэнергетикӣ на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб мешавем, балки ба бозори ҷаҳонӣ ҳар сол ба миқдори 2 миллиарду 77 миллион доллари амрикоӣ неруи барқ мефурӯшем.
Дар ояндаи наздик бо истифода аз захираҳои бузурги энергетикии барқароршаванда дар кишвар на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасем, балки дар минтақа ба бозори фурӯши электроэнергияи арзон роҳ пайдо менамоем. Бо ин усул, яъне бо тавлиди энергияи электрикӣ аз «энергияи сабз» ба раванди пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии глобалии сайёра саҳми босазо хоҳем гузошт. Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи захираҳои об ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои бузург иқдом менамоянд. Хурсандибахш буд, вақте ки зимни ироаи Паём Президенти мамлакат аз қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави амал «Об — барои рушди устувор» хабар доданд. Маҳз дар ин рӯз аз тарафи Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Пешвои миллат расидани табрикот рӯйдоди муҳимест.
Аз ин рӯ, бояд мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ҳамбастагӣ бо мардуми кишварҳои дигар баҳри татбиқи ин ташаббуси бузурги созандаю наҷиб кӯшиш намоянд. Боварӣ аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз барои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, ки мақсад аз он беҳбуд бахшидани зиндагии сокинони кишвар ва баланд гардидани мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, меҳнати самараноку софдилона мекунанд.
Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ