Ва оё метавонем аз абр борон бирезонем?
Чорво ба ҷои алаф картон мехӯрад
Чанде пеш шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн карданд, ки дар вилояти Мангистави Ҷумҳурии Қазоқистон фермерон ба шутуру аспҳо аз беалафӣ картон дода истодаанд. Аз рӯи маълумоти Раёсати байтории вилоят, ки дар сомонаи «Central Asia» нашр шуд, танҳо охири моҳи май он ҷо бо сабаби хушксолӣ ва беалафӣ 1100 сар асп ба ҳалокат расид. Бо мақсади пешгирии ҳалокати чорво ҳоло мувофиқи шартнома тавассути қатора аз вилояти Актюбинск ба Мангистав хошок оварда истодаанд. Ҳокими вилоят Серикбой Трумов изҳор доштааст, ки бо мақсади захираи хӯроки чорво аз буҷети маҳаллӣ 200 миллион танга ҷудо шудааст. Хушксолӣ дар вилояти Қизил — Ӯрда низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, кишоварзони он аз камобӣ нисбат ба соли гузашта 5000 гектар камтар шолӣ киштанд. Ба гуфтаи муовини вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Серик Кожаниёзов, имсол дар Қазоқистон норасоии об сахт эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, Қазоқистону Ӯзбекистон бо Қирғизистон шартнома бастанд, ки то мавсими обёрӣ ба Қирғизистон барқ медиҳанду дар фасли тобистон об мегиранд. Ин тасмим боис ба норозигии фермерҳои қирғиз гардид ва гурӯҳе аз деҳқонони вилояти Чуйи Қирғизистон, иборат аз 300 нафар, дар назди бинои ҳукумати мамлакат аз додани оби обанбори Тохтагул ба Қазоқистону Ӯзбекистон изҳори норизоӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки қарз гирифта, ҷаву гандум киштанд, вале ҳоло аз об танқисӣ мекашанд. Дар натиҷа, хавфи талаф ёфтани ҳосил ба миён омадааст. То охири моҳи июн Қирғизистон бояд тибқи шартнома ба Қазоқистон 77 миллион метри кубӣ об ва 70 миллион киловат/соат неруи барқ медод. То охири моҳи август ин рақам ба 330 миллион метри кубӣ хоҳад расид. Ба Ӯзбекистон бошад, 275 миллион метри кубӣ об додан лозим меояд.
Хушксолӣ ба соҳаи кишоварзии Туркманистон низ таъсири манфӣ расонид. Мувофиқи иттилои сомонаи «Хроника Туркменистана», дар шаҳри Теҷени вилояти Ахал нархи барраҳои 4-5 — моҳа 300 — 400 манатро ташкил медиҳад. Соҳибони чорво баррачаҳои нав алафхӯршударо бо мақсади пешгирии ҳалокат арзон мефурӯшанд. Харидорон иброз доштаанд, ки баррачаҳоро пӯчоқи тарбузу харбуза ва пасмондаҳои сабзавот хӯронда, тирамоҳ ва ё аввали зимистон забҳ мекунанд.
Дар Ӯзбекистон низ норасоии об эҳсос мешавад. Президенти ҷумҳурии ҳамсоя Шавкат Мирзиёев зимни ҷаласаи ҳукуматӣ ба муовини сарвазир Шуҳрат Ғаниев, вазири хоҷагии об ва ҳокимони ноҳияҳо супориш дод, ки обро сарфакорона истифода намуда, 10 миллиард метри кубиро сарфа намоянд.
Зарари хушксолӣ 124 миллиард доллар
Мувофиқи маълумоти СММ, аз соли 1997 то соли 2017 зарари хушксолӣ ба кишварҳои ҷаҳон 124 миллиард долларро ташкил дода, ба муҳити зист ва зиндагии беш аз 1,5 миллиард нафар сокини сайёра таъсири манфӣ расонид. Намояндаи махсуси СММ хонум Мами Мизуторӣ дар нишасти хабарии маҷозӣ иброз доштааст, ки хушксолӣ дар остонаи табдилёбӣ ба пандемияи баъдӣ буда, барои дармони он ягон ваксина вуҷуд надорад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт чора наҷӯяд, шумораи осебдидагон ва қурбониёни хушксолӣ афзоиш хоҳанд ёфт.
Дар гузориши СММ зикр шудааст, ки дар сурати идома ёфтани раванди гармшавии сайёра қариб 130 кишвар дар асри XXI аз хушксолӣ осеб хоҳанд дид. Бисту се кишвари дигар бо сабаби афзоиши аҳолӣ бо норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Соли равон сокинони мамлакат низ зарари камборониро эҳсос намуданд. Моҳи март дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ борон борида, ҳаво салқин шуд. Мутаассифона, моҳҳои апрелу май борон хеле кам борид. Даҳаи аввали моҳи май дар баъзе аз минтақаҳо борон ба сел мубаддал гардида, ба хоҷагии халқ зиёни калон расонид. Камборишӣ бошад, боиси дар заминҳои лалмӣ бармаҳал хушк шудани алаф гардид. Аз ин рӯ, ҳоло нархи як дарза (пресс) коҳ 18- 20 сомонӣ ва беда 24-27 сомониро ташкил медиҳад, ки арзиши аслии гӯшту ширро баланд бардошта, боис ба болоравии нарх мегардад. Дар ин сурат ҳам чорводор зарар мебинаду ҳам истеъмолкунанда.
Борони сунъӣ ёрӣ мерасонад?
Моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ аксар рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок буд, вале бориш нашуд. Оё мумкин набуд, ки абрҳоро «водор» ба боридан мекарданд?
Масъалаи ба роҳ мондани борони сунъӣ бори аввал соли 1899 ба миён гузошта шуда, таҳқиқот дар ин самт оғоз гардид. Соли 1931 дар Нидерландия бори аввал тавассути ба абрҳо паррондани туршии карбони сахт борони сунъӣ борид. Минбаъд ба ҷои туршии карбон йодиди нуқраро истифода мебурданд. Соли 1946 муҳаққиқон В. Шефер ва И. Лэнгмюр ба абрҳои хунук пораҳои яхи хушкро паҳн карданд, ки он боис ба боридани борон гардид.
Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар 1,6 километри кубии абр то 4000 тонна об мавҷуд аст. Тавассути ҳавопаймои махсус агар ба селаи абрҳо об пош дода шавад, заррачаҳои об бо намии абр якҷо шуда, ба қатраҳои борон табдил меёбанд. Ҳамчунин, ба абрҳо пош додани хокаи хлориди калий, хлориди натрий ва намаки ошӣ низ метавонад боис ба боридани борон шавад.
Мувофиқи иттилои маҷаллаи «Journal of Atmospheric and Oceanic Technology», ҳоло усули нави боридани борони сунъӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди санҷиш қарор дорад. Тибқи он, ҳавопаймоҳои бесарнишинро пур аз заряди электрикӣ намуда, ба абрҳо сар медиҳанд. Ба ин восита заряди абрҳо тағйир ёфта, раванди қатрашавии намии таркиби онҳо вусъат меёбад. Агар ин таҷриба самар диҳад, барои АМА барин як кишвари биёбонӣ дастоварди олӣ хоҳад гашт. Зеро ҳукуматдорони ин мамлакат тавассути киштӣ аз дигар кишварҳо хок оварда, дар биёбон ниҳоли дарахтони гуногунро сабз карда истодаанд. Бо мақсади обёрӣ намаки оби шӯри баҳрро дар таҷҳизоти гаронбаҳо ҷудо карда, сипас бо усули қатрагӣ ба дарахтон медиҳанд.
АМА узви барномаи таҳқиқотии UAEREP мебошад, ки ҳадафи он ноил гардидан ба «даъват»-и боронҳои сунъӣ мебошад. Хуб мешуд, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳаққиқони АМА дар ин самт ҳамкорӣ намояд. Шояд дар доираи ҳамкорӣ имкони «даъват» кардани боронҳои сунъӣ фароҳам ояд. Он гоҳ мушкили бекорхобии заминҳои лалмӣ ҳал гардида, ҳазорон гектар сарсабзу хуррам шавад. Ғайр аз ин, зуд — зуд боридани борон ҳавои атмосфераро тозаю беғубор гардонида, боис ба солимии аҳолӣ мешавад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»