Бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар соҳаи об бори дигар собит намуд, ки ин Абармард дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хос ва мақому манзалати бениҳоят баланд доранд
Бегуфтугӯ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба дуруст муайян кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дошта, бемуболиға арзандаи ситоиш мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои пайдоиш, ташаккул ва таҳаввулро паси сар карда, айни замон муваффақ будани он далели раднопазир аст. Ба шарофати нуфузу маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар муҳлати кӯтоҳ узви зиёда аз 60 ташкилоту созмони байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ (1-уми декабри соли 1992), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (18-уми январи соли 1993), ЮНЕСКО (6-уми апрели соли 1993), Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (27-уми апрели соли 1993), Хазинаи байналмилалии асъор (27-уми апрели соли 1993), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (27-уми апрели соли 1993), Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (4-уми июни соли 1993), Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (4-уми июни соли 1993), Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (14-уми феврали соли 1994), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (2-юми ноябри соли 1995), Бонки осиёии рушд (29- уми ноябри соли 1994), Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (7-уми ноябри соли 2008), Оҷонсии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (1-уми ноябри соли 2001), Созмони умумиҷаҳонии гумрук (1-уми июли соли 1997), Созмони умумиҷаҳонии савдо (2-юми марти соли 2013) ва ғайра шуда, ин раванд муттасил аст. Дар ин раванд ҳамкорӣ бо СММ мақоми меҳварӣ дошта, пешниҳодоти Пешвои миллат оид ба масоили обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳаллу фасли муқовимати шаҳрвандӣ аз тариқи гуфтушунид ва ғайра, ки аз минбари он иброз шуда буд, мавриди ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат аз тариқи зерсохторҳои ин созмони бонуфуз сарватҳои фарҳангии халқи тоҷик ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва эътироф гардиданд. Барои мисол, бо ибтикори Сарвари хирадсолори давлати мо ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Дар навбати худ, СММ ба фаъолият ва масъалагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ба кишвари мо таваҷҷуҳи хоса дорад.
Касе инкор карда наметавонад, ки маҳз ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи об ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб дохил гардид. Муҳим он аст, ки ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби Роҳбари кишваре зоҳир гардид, ки собиқаи начандон тӯлонии узвият дар СММ-ро дорад. Ибтикори дар робита ба масоили об амалигардида хеле зиёд буда, бо овардани қисме аз онҳо иктифо менамоем. Ин раванд 1-уми октябри соли 1999 аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза» шурӯъ гардид. Дар заминаи ташаббуси мавриди назар 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуд. Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза низ марбут ба ин ташаббус аст. Ифтихормандем, ки ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – «Соли оби тоза» аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар Форуми байналмилалии оби тоза намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилалӣ, 40 созмони ғайридавлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ширкат варзиданд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар доираи форуми мазкур 18 чорабинии пурмуҳтаво ва пураҳамият баргузор гардида, мушкилоти марбут ба об мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон кардани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Вобаста ба он 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон кард.
Ташаббуси дигари Пешвои миллат эълон кардани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мебошад. Муҳиму саривақтӣ будани ин пешниҳод низ боис гардид, ки соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бо истинод ба Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро таҷлил намуд. 11-уми феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардидани маросими оғози «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» шаҳодати шукӯҳу шаҳомат ва моҳияти ин ташаббус мебошад. Муҳим он аст, ки Роҳбари давлат ба дастовардҳои дар ин самт ноилгардида иктифо накарда, ташаббускориро вобаста ба масоили об тавсеа бахшиданд. Дар ҳоле ки роҳбарони дигар кишварҳо ба манфиатҳои давлатӣ, қавмӣ ва гурӯҳӣ таваҷҷуҳ доранд, Роҳбари мамлакати мо пайи ҳалли мушкилоти сайёра камари ҳиммат бастанд. Ин Абармард, аз он ки зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор мегарданд, аз минбарҳои баланд изҳори нигаронӣ карда, баҳри ҳалли мушкилот пешниҳодоти судманду асоснок ироа намуданд. Мунтазам ва бо далелҳои асоснок ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ гардида, биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирандешии бетаъхирро тақозо мекунанд. Ташаббуси навбатиашон эълон кардани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» низ аз дилсӯзиву дурандешиашон маншаъ гирифтааст. Бо назардошти моҳият ин ташаббус низ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфта, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар ин бобат қатъномаи зидахлро қабул кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 12-уми апрели соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд. Ташаббускории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт боис гардид, ки шаҳри Душанбе маркази баргузории ҳамоишҳои бошукӯҳи байналмилалӣ гардида, кишвари азизи мо дар сархати расонаҳои бонуфузи ҷаҳон қарор гирад. Бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об суханронӣ намуданд.
Илова ба ибтикори зикршуда, Пешвои миллат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар низоми қонунгузории мамлакат низ ислоҳоти ҳуқуқӣ гузарониданд. Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» ва «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» самараи ислоҳоти мазкур мебошанд.
14-уми декабри соли 2022 рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки бори дигар дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хос ва мақому манзалати бениҳоят баланд доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит кард. Манзур бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат вобаста ба масоили об мебошад. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари аъзои СММ қабул кард. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар кишвари мо зиёда аз 10 ҳазор пирях мавҷуд мебошанд. Моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад пайомади ногувор дошта бошад. Бо назардошти ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ҷанбаҳои мусбати дастгирӣ ёфтани ташаббуси зикршуда зиёданд. Пеш аз ҳама, мартабаи миллати куҳанбуёди тоҷик ба шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа болотар рафт. Аз ҷониби дигар, ин рӯйдод моҳиятан мушти навбатӣ ба рӯи нотавонбинони миллат ва давлати тоҷик аст. Пайгирии масъала собит намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз ҷониби бонуфузтарин созмон – СММ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани панҷ пешниҳоди Роҳбари давлат назир надорад. Ба шарофати ин ташаббус таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузории ташкилотҳои муътабару муқтадири молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Шояд аксарият надонанд, вале ҳифзи пиряхҳо кори саҳлу сода набуда, бо назардошти харҷи зиёд, бидуни сармоягузории густурда дар ин самт комёб будан ғайриимкон аст. Ҷанбаи дигари муҳим аҳамияти пиряхҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор маҳсуб мешавад. Бо назардошти ин омил, дар қатънома таъкид гардидааст, ки маҳз гармшавии глобалӣ сабаби коҳиши густурдаи креосфера мебошад. Дар навбати худ, ин тамоюл маҷро ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, норасоии об ва осебпазир шудани инсоният «самара»-и ин раванд аст. Муҳимияти ташаббуси мавриди назар боз дар он зоҳир мегардад, ки ҳифзи пиряхҳо метавонад суботи экологии наслҳои ояндаро устувор гардонад.
Мутаассифона, то дастгирӣ ёфтани ташаббуси Пешвои миллат муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала дуюмдараҷа буд. Инак, ба шарофати дурандешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт марҳилаи сифатан нав шурӯъ мегардад. Қатъномаи зикршуда муқаррар кардааст, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шавад. Басо рамзӣ аст, ки шурӯъ аз соли 2025-ум 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад. Иқдоми асосии ба ин масъала рабтдошта соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мешавад. Мутмаинем, ки дар заминаи ташаббуси мазкур чораҳои дастаҷамъонаву бетаъхир вобаста ба пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо, истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ андешида мешавад.
Дар маҷмӯъ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат аз ҷониби СММ дастоварде маҳсуб мешавад, ки тоҷику тоҷикистониён бо он бояд ифтихор кунанд. Зеро бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба оламиён исбот кардем, ки тоҷикон миллати ташаббускор, созанда, бунёдгар ва дорои фарҳанги қадимӣ мебошанд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»