Арзу тӯли иқтисод

Фаъолияте, ки ҳадафаш таъмини некуаҳволии аҳолист

№134 (3119) 22.10.2013

IMG_0334

Аз рӯйи моҳият бонкҳо ва ташкилотҳои хурди маблағгузор  муҳаррики иқтисодиёт маҳсуб ёфта, пешрафти соҳаҳо аз сатҳу сифати фаъолият ва хизматрасониҳои онҳо вобаста аст. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои фаъолияти муназзаму пурсамари  сохторҳои молиявӣ тамоми шароитро муҳайё намудаааст. Доир ба ин масъала зимни ирсоли Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  минҷумла зикр намуданд: «Дар ин раванд, қабл аз ҳама, вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ паст кардани фоизи бонкӣ, фаъол намудани бозори қарзӣ, бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ нақши муассир гузоштанд».

Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» аз ҷумлаи сохторҳои молиявие мебошад, ки фаъолияти пурмаҳсулаш дар тавсеаи хизматрасониҳои ташкилотҳои хурди молиявии ҷумҳурӣ нақши бориз дорад. Чанде пеш вохӯрии навбатии кории масъулини он бо роҳбарони  ташкилотҳои хурди маблағгузоре, ки шарикони «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» маҳсуб меёбанд, доир гардид. Гуфтан бамаврид аст, ки Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурд «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» ягона институти миллии бозтамвили ташкилотҳои маблағгузории хурди ватанӣ  маҳсуб ёфта, аз баракати фаъолияти самараноки он дастрасии аҳолии мамлакат ба қарзҳои хурд зиёд мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар алоҳидагӣ ба мизоҷон қарз намедиҳад. Тибқи муқаррарот ташкилот метавонад якҷоя бо ташкилотҳои хурди маблағгузор  ба мизоҷон қарз пешниҳод намояд. Ҳамчунин, тибқи тартиби муайяншуда, Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» маблағҳои қарзиро ба ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки асосан дар манотиқи дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ фаъолият доранд, медиҳад ва онҳо дар навбати худ ин қарзҳоро ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Чунин тарзи кор якчанд бартарӣ дорад. Аввалан, чунин ташкили кор ба муназзамиву самаранокии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дар минтақаҳои дурдаст мусоидат менамояд. Агар ин равандро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад,ки Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» ба ташкилотҳои хурди маблағгузор дар самти ҷалби сармоя, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои ҷадид, беҳбудӣ бахшидани заминаи техникӣ, таҳлили коэффисиентҳо ва ғайра мусоидат намуда истодааст. Маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам овардаанд, ки  айни замон аз қарзҳои тавассути ташкилотҳои маблағгузории хурд пешниҳодшавандаи Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар 60 шаҳру ноҳияи мамлакат шаҳрвандон бархӯрдоранд. Ҳатто сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Рашт, ки дурдасттарин манотиқи кишвар маҳсуб меёбанд, аз қарзҳои тавассути ташкилотҳои хурд истифода мебаранд. Давоми соли равон ташкилот аз дохил ва хориҷи мамлакат 13 миллион сомонӣ сармоя ҷалб намудааст, ки аз сармояи ташкилот 3,5 маротиба зиёдтар мебошад. Дар ин муддат сандуқи қарзии он ба зиёда аз 15 миллион сомонӣ расид.

Сониян, чунин тарзи кор дастрасии шаҳрвандони мамлакатро дар ин минтақаҳо ба захираҳои қарзӣ таъмин месозад. Давоми чор соли охир мизоҷони  ин ташкилот соле як маротиба сарҷамъ шуда, мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ ва дурнамои фаъолиятро муайян мекунанд. Дар заминаи мулоқотҳои мазкур  пешниҳоду дархостҳои иброзгашта баъд аз омӯзиши амиқ ба инобат гирифта, ба раванди фаъолият навгониҳо ворид карда мешавад. Зимни вохӯрии имсола дархостҳои масъулини ташкилотҳои маблағгузории хурд асосан ба роҳандозӣ намудани пешниҳоди қарзҳои нисбатан дарозмуҳлат,  маҳсулоти ҷадид, пешниҳоди захираҳои қарзӣ бо асъори миллӣ, коҳиш додани фоизи қарзҳо, татбиқи лоиҳаҳои нав вобаста ба расонидани кӯмаки техникӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд, пешниҳоди хатҳои нави қарзӣ ва масоили дигар рабт дошт. Иштирокчиёни мулоқот аз норасоии захираҳои қарзӣ бо фоизҳои нисбатан паст изҳори нигаронӣ карда, тақозо намуданд, ки баҳри ҳалли ин мушкилот чораҳо андешида шавад.

Дар навбати худ директори иҷроияи ташкилот Нуринисо Рустамова иброз дошт, ки ин камбудӣ ба кам будани сармоя вобаста буда, дар сурати пайдо шудани саҳмгузорони нав аз байн хоҳад рафт. Дар вохӯрӣ кормандони Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» мавзуъҳои гуногуни ба фаъолияти ташкилотҳои хурди молиявӣ робитадоштаро дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор ба ҳозирин шарҳу эзоҳ доданд. Ҳуқуқшиноси ташкилот Анора Одинаева ва менеҷери молиявии он Фаррух Ҳасанов доир ба нуқтаи назари мизоҷон оид ба сатҳу сифати хизматрасониҳои Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар соли 2012, муҳимият ва зарурати пешниҳоди намуди нави хизматрасонӣ бо номи қарздиҳии синдикативӣ ва таҳлили муқоисавии фаъолияти ташкилотҳои хурди маблағгузор дар соли 2012 суханронӣ намуда, мавзуъҳои зикршударо возеҳ таҳлилу хулосабарорӣ намуданд.

Аз ҷумла тасмими  пешниҳоди маҳсулоти нав аз ҷониби Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ», ки қарздиҳии синдикативӣ пешбинӣ намудааст, хеле ҷолиб буд. Ин усули қарздиҳӣ дар заминаи муттаҳидшавии якчанд бонк ва ё ташкилотҳои хурди маблағгузор сурат гирифта, шароит фароҳам меорад, ки дастрасии мизоҷон   ба қарзҳои ҳаҷман калон имконпазир гардида, ҳамзамон дар оянда мизоҷони ташкилотҳои хурди маблағгузор ба мизоҷони бонкҳо мубаддал гарданд. Ба шарофати роҳандозии чунин усули нав ғановати буҷети давлатӣ таъмин гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд.

Ҳамчунин дастгирии техникаи ташкилотҳои хурди маблағгузор дар самти таҳлили коэффисентҳои SEEP аз ҷониби  иштирокчиёни мулоқот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид. Намояндаи Агентии рушди Олмон Вера Волгемут-Лозе дурнамои ҳамкориҳояшон бо Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ», ворид намудани хизматрасониҳои нав ва раванди расонидани кӯмаки техникиро ба риштаи таҳлил кашида, андешаҳои судманд иброз намуд.

Агар ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо гурӯҳбандӣ намоем, маълум мегардад, ки 86 фоизи онҳо ба манотиқи дурдасти кишвар, пешниҳод шуда, аз теъдоди умумии мизоҷон 43,4 фоизро бонувон ташкил медиҳанд. Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар ҷумҳурӣ ягона ташкилоте мебошад, ки давоми чор соли охир пешниҳоди захираҳои қарзиро бо пули миллӣ ба роҳ монда, дар болоравии манзалати асъори миллӣ ва паст намудани шиддати таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ташкилотҳои молиявӣ ва мизоҷон саҳмгузор аст. Давоми фаъолияти худ  ташкилоти фавқуззикр бо  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», Аввалин бонки молиявии хурд, Аксесбонк, Хазинаи рушди СММ, Агентии рушди Олмон, OXFAM-Novib, Агентии рушди Голландия (ICCO) ва ғайра ҳамкориҳои барои тарафайн судмандро роҳандозӣ намудааст. Аз баракати ин ҳамкориҳо вуруди сармояи хориҷӣ ба кишвар тамоюли афзоиш касб намуда, замина фароҳам омадааст, ки фаъолияти ташкилотҳои хурди маблағгузории мамлакат густариш ёбад.

Ин ҳама замина фароҳам овард, ки эътимоди созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ низ ба Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» зиёд шавад. Миёни бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории кишвар аввалин баҳодиҳии (рейтинги) молиявии байналмилалиро гузаштану соҳиби категорияи ВВ гардидани ташкилоти мазкур низ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Гуфтан бамаврид аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон», ки соли гузашта аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносони ҷумҳурӣ доир гардид, директори иҷроияи ташкилот Нуринисо Рустамова менеҷери беҳтарини Тоҷикистон эътироф гардид. Ин худ гувоҳ аст, ки масъулиятшиносиву кордонии мавсуф замина фароҳам овардааст, ки фаъолияти ташкилот беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои оғози фаъолият дороиҳои (активҳои) ташкилот  шаш маротиба ва сандуқи қарзӣ панҷ маротиба зиёд гардид.

Дар маҷмуъ, аз аввали фаъолият инҷониб  ин сохтори молиявӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурди манотиқи гуногуни мамлакат 38 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудааст. Дар навбати худ масъулини ташкилотҳои маблағгузории хурд ба аҳолӣ 2,5 маротиба зиёдтар қарз пешниҳод намудаанд. Роҳбарони ташкилотҳои фавқуззикр аз фаъолияти пурмаҳсули  Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» ва дастгириҳои он баҳри ривоҷи фаъолияташон изҳори қаноатмандӣ намуда, умед карданд, ки минбаъд ин раванд вусъати тоза хоҳад ёфт. Тибқи нишондиҳандаҳои  баҳодиҳии аз ҷониби Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» амалигашта, дар самтҳои ҷалби бештари сармоя, истодагарӣ дар қиболи буҳрони молиявӣ, идоракунии самаранок, рушди бемайлон, устувории муназзам, фаъолнокии бештар ва ҳамкори беҳтарин ташкилотҳои маблағгузории хурди  «Феникс», «Фуруз», «Музаффарият»,  «Дастрас», «Зар» ва «Имконият Ховар» мукофотонида шуданд. Мукофотҳоро ба ғолибон намояндагони Бонки миллӣ, ҶСК «Агроинвестбонк», Ассотсиатсияи ташкилотҳои хурди маблағгузори Тоҷикистон, Агентии рушди Голландия ва Агентии Швейтсария оид ба рушд дар маросими тантанавӣ супориданд. Раиси Ассотсиатсияҳои ташкилотҳои хурди маблағгузории Тоҷикистон Ш. Хошокова, директори  генералии Ташкилоти хурди маблағгузории «Арванд» Ш. Содиқова ва намояндаи ҶСК «Агроинвестбонк» С. Валиев зимни суханрониҳои худ аз баргузории мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, сол то сол афзудани  шумораи иштирокчиёни онро далели возеҳи зиёд гардидани таваҷҷуҳ ва эътимоди ташкилотҳои хурди маблағгузори ҷумҳурӣ  ба «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» ҳамчун шарики боэътимод маънидод карданд.

Дар  Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин зикр шудааст: «Бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, чораҷуйӣ карда шавад.Таъкид менамоям, ки ба масъалаи дастгирии субъектҳои соҳибкории маҳалҳои дурдасти кӯҳистон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии хурди имтиёзнок ба онҳо, дар оянда низ аҳамияти махсус дода мешавад»

Аз ин бармеояд, ки роҳбарияти Ташкилоти амонатӣ-қарзии хурди  «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» дар татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳиссаи муносиб мегузорад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»