Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷомеа маҳсуб ёфта, сохторҳои марбута барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҳимоя кардани ин ҳуқуқҳо аз тамоми имконот самаранок истифода менамоянд. Ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ин рисолат вогузор шудааст. Омӯзишу мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи фаъолияти пурмаҳсули ин ниҳод бозори истеъмолии мамлакат аз вуруди маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар эмин аст. Дар арафаи Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мегардад, аз директори агентии фавқуззикр, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр Шукуров хоҳиш намудем, ки фаъолияти Агентиро дар ин самт таври мухтасар бозгӯйӣ намояд.
Мавсуф минҷумла гуфт, ки Агентии стандартизатсия, метрология,сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи вазифаҳои функсионалии хеш — таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, меъёрҳои метрологӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кори муайянеро ба сомон мерасонад.
Соли гузашта, зимни ирсоли Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии «Тоҷикстандарт» баҳри таъмини назорати сифати маводи озуқавории ватанӣ ва воридотӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буд. Дар ин замина, мо баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои мазкур фаъолиятамонро вусъат бахшида, оид ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат, ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ амалӣ намудани як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтем. Иқдомоти мо дар ин ҷода самар овард. Масалан, татбиқи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 – 2015» дар сатҳи хуб ва сифати баланд идома дошта, дар самти ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат 19 корхонаи ватанӣ, тибқи феҳрист ва се корхонаи дигар берун аз феҳрист ихтиёрӣ ба Агентӣ дархост пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» ва дар ин замина баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ, рақобатпазирии маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои босифату бехатар, ҷорӣ намудани усулҳои нав ва низоми идоракунии сифат ва ҳамоҳангсозии стандартҳои давлатӣ ва минтақавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва асотсиатсияҳои миллии дастгирии соҳибкории хурду миёна бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Барномаи BAS EBOP, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ семинар- машваратҳо баргузор шуд.
Аз суханони Бахтиёр Шукуров бармеояд, ки дар заминаи воридшавии ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Агентии «Тоҷикстандарт» бо корхонаҳое, ки ба истеҳсолот сарукор доранд ва маҳсулоти худро асосан ба хориҷа содирот менамоянд, ҳамкориҳоро тақвият бахшида, барои таъмин намудани онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, ки омили асосӣ барои содироти маҳсулот ба ҳисоб меравад, кори зиёдеро ба сомон расонидааст.
Ҳамзамон дар самти бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар рушди соҳибкорӣ, гузаштан ба низоми байналмилалии идоракунӣ дар соҳаи сертификатсия 11 адад стандарти байналмилалӣ, ки бевосита ба идоракунии низоми соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дахл доранд, қабул ва баҳри татбиқи амалии онҳо чораҳои мушаххас андешида шудааст.
Бо мақсади таъмини шаффофият, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, кам намудани муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дар ин замина суръат бахшидан ба масъалаи ҷорӣ намудани тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молҳо тавассути усули «Равзанаи ягона» дар Агентӣ шабакаи ягонаи электронӣ барои қабули дархостҳо пайваст гардидааст.
Аз Бахтиёр Шукуров доир ба яке аз масъалаҳои муҳими раванди фаъолият — эмин нигоҳ доштани бозори истеъмолии кишвар аз вуруди маҳсулоти пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пурсон шудем. Маълум гардид, ки давоми соли сипаригашта, зимни гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ, аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар 135 ҳолат маҳсулоти гуногуни хӯроквории муҳлаташон гузашта ва ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст. Дар ҳамин росто, 2060 субъекти хоҷагидор барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба маблағи умумии 427710 сомонӣ ҷаримабандӣ ва ин маблағҳо ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудаанд.
Бо мақсади татбиқи рисолати асосӣ — ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифат, дар давраи зикршуда мутахассисони Агентӣ дар корхонаву нуқтаҳои савдо ва бозорҳо 6107 санҷиш гузаронида, дар 2026 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 974 ҳолат амрияи манъи фурӯш ба тасвиб расониданд.
Давоми соли 2013 дар натиҷаи ташхис дар озмоишгоҳҳои фавқуззикр 2,39 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 212,3 тонна равғани растанӣ, 4,81 тонна маҳсулоти макаронӣ, 295,36 тонна орд, 1348,7 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 20038,8 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 67,81 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 225,41 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 62,4 тонна иловагиҳои хӯрока, 1,04 тонна маҳсулоти ширӣ, 18,88 тонна консерва, 96,94 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо номгуй маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ ва хориҷӣ ғайристандартӣ дониста, тибқи тартиби муайяншуда як миқдорашон аз нав коркард ва қисми дигари ин гуна маҳсулот бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма несту нобуд карда шуд.
Бахтиёр Шукуров изҳори хушнудӣ намуд, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 2006 салоҳияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самти амалӣ намудани назорати давлатӣ ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот васеъ гашта, ин омил шароит фароҳам овард, ки дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Данғара марказҳои ташхисии минтақавӣ таъсис ёфтанд.
То ин давра 20 озмоишгоҳи ташхиси молу маҳсулот дар Агентии «Тоҷикстандарт» ва марказҳои зертобеъ таъсис ва ба истифода дода шуданд. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус, озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» ва марказҳои вилоятии «Тоҷикстандарт» дар Суғду Хатлон, ба талаботи стандарти байналмилалӣ ИСО/МЭК 17025:2005 мутобиқ мебошанд. Бо назардошти ин, ҳанӯз соли 2012 се озмоишгоҳи ташхисии «Агентии Тоҷикстандарт» (Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа) аз тарафи Ташкилоти олмонии «DаkKS» ва Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар миқёси Осиёи Миёна ягона мақомоти салоҳиятдор оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо мебошад ва аз тарафи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ваколат гирифтааст, аккредитатсия шуда, эътирофи байналмилалиро соҳиб гардиданд. Ин озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона озмоишгоҳҳое ба шумор мераванд, ки ваколати мазкурро доро мебошанд. Умуман, давоми ду соли охир дар озмоишгоҳҳои ташхисӣ 23 методи нави ташхиси молу маҳсулот ҷорӣ шудааст.
Дар раванди суҳбат ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки бо назардошти пешгирии истифодаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдода дар маҳсулоти ғизоӣ (ГМО) Агентӣ тасмим гирифтааст, ки дар маркази ташхисии маҳсулоти хӯрокворӣ озмоишгоҳеро баҳри муайян намудани организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдода дар маҳсулоти ғизоӣ мавриди истифода қарор диҳад.
-Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки Агентӣ баҳри таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои метрологии худ бо асбобҳои муосири метрологии ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ пайваста кӯшиш мекунад. Аз ҷумла ба наздикӣ бо мақсади кам кардани талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ барои озмоишгоҳҳои метрологии сохторҳои маҳаллӣ Агентӣ боз ду адад таҷҳизоти автоматии сефазагии санҷиши гурӯҳии ҳисобкунакҳои барқии навъи Нева-Тест 3303Л-ро аз шаҳри Санкт-Петербург харидорӣ намуд, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад,- суҳбатамонро хулоса намуд Бахтиёр Шукуров.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»