Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

«Файзобод», «Муъминобод» ва «Рашт» аз «Кардинал» пеш гузаштанд

№54 (4474) 04.05.2022

sh_7_0Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 аз хушксолию камборишӣ ва гуруснагӣ дар баъзе аз кишварҳо ёдрас шуда, таъкид карданд, ки сохтору мақомоти дахлдор стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Аз ин рӯ, бояд  олимону кишоварзон барои самаранок истифода бурдани обу замин аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода баранд.

Дар ин ҷода агротехникаи пешқадам ва технологияи навини ҷаҳони муосирро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоте, ки саноат аз ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ истеҳсол мекунад, 70 фоизи савдои чакана, гардиши моли давлатӣ, хусусӣ ва савдои кооперативиро ташкил менамояд. Тадқиқоти илмӣ нишон додаанд, ки ба замин, хусусан ба таркиби хок, қабати ҳосилхези он ва сатҳи оби зеризаминӣ диққат додан зарур аст, зеро ҳосилнокии зироатҳои киштшуда ба ин омилҳо вобастагии калон дошта, ба зиёд шудани ҳосил таъсир мерасонанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ­навъҳои нави сермаҳсули пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиёгиҳо (нахӯд, мош), сабзавот, картошка, полезиҳо, мевагиҳо, рустаниҳои равғандор (офтобпараст, лӯбиёи чинӣ, арзан, маъсар, зағиру кунҷид) ва ғайра аз тарафи олимону селексионерони тоҷик ихтироъ ва ба истеҳсолот тавсия дода шудаанд. Бояд онҳоро дар фаъолияти илмӣ-истеҳсолӣ оқилона истифода бурда, некуаҳволии мардум ва бехатарии озуқавориро таъмин намоем.

Дар натиҷаи амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» масоҳати онҳо соли 2020-ум ба 153,8 ҳазор гектар расид. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда соли 2015-ум 140,4 ҳазор гектарро ташкил медод.

Комёбӣ дар соҳаи пахтапарварӣ низ назаррас мебошад. Навъҳои ихтироъкардаи олимони Инс­титути зироаткорӣ пахтаи маҳиннахи гулаш пӯшидаи (клейстогамӣ) «Хуҷанд – 01М» (соли 2016), «Авесто» (соли 2011) ва миёнанахи «20- солагии Истиқлолият» минтақабоб гардидаанд, ки таҷрибаи беназир маҳсуб мешавад.

Барои мисол, дар хоҷагии деҳқонии «Неъмат» ва хоҷагии кооперативии саҳомии «Ирам»-и ноҳияи Конибодом соли 2008-ум дар 3 гектар замин пахтаи маҳиннахи навъи 9326-В кишта, аз ҳар гектар 52 сентнерӣ ҳосил гирифтанд, ки даромади соф 10215 сомониро ташкил намуд. Хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и шаҳри Истаравшан соли 2008 аз 42 гектар токзор 110 сентнерӣ ҳосили ангур гирифта, бо харҷи 3500 сомонӣ дар 1 гектар 10000 сомонӣ даромади соф гирифт.

Навъҳои картошкаи «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Муъминобод», «Рашт», «Нилуфар», ки аз тарафи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ихтироъ шудааст, дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Файзобод, Муъминобод, Деваштич, Ховалинг ва ВМКБ аз ҳар гектар замин 350-450 — сентнерӣ ҳосил доданд, ки ҳосилнокии ин навъҳо аз навъи картошкаи «Кардинал» 25-40 фоиз зиёд мебошад.

Дар оянда майдони кишти лаб­лабуи қандро васеъ намуда, дар ноҳияҳои Рашт, Муъминобод, Ваҳдат, Ховалинг, Файзобод, Исфара корхонаҳои қандбарорӣ сохтан лозим меояд, чунки он дар таркибаш 23 фоиз сахароза дорад.

Зиёд намудани кишти соя (лӯбиёи чинӣ), ки дар таркибаш 40-48 фоиз сафеда ва 24 дарсад равған дорад, инчунин, зағир, маъсар (сафлор) ва марҷумак (навъи ғалладона, гречиха)-ро, ки аз сафедаю ангиштобҳо бой мебошад, ба манфиати кор аст.

Таҷрибаи Исроил, Голландия, Хитой, Федератсияи Россия, Япония, Канада, Қазоқистон, Беларусро дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чакраобдиҳӣ, истифодаи нуриҳои лазерӣ, магнитӣ, биотехнологияи навин мавриди амал қарор додан ба рушди соҳа таҳрик мебахшад.

Барои фаҳмонидани самаранокии навигариҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ нуқтаҳои машваратдиҳиро дар марказҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, хоҷагиҳо таъсис додан лозим, то деҳқонон аз натиҷаҳои дастовардҳои илми олимони ҷумҳурӣ ва берун аз он мунтазам бохабар бошанду мувофиқи тадқиқоту тавсияҳо корро ба роҳ монанд. 

С. САДРИДДИНОВ,

сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор