Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи кишварҳое мебошад, ки сарфи назар аз доштани захираҳои ғании об пайваста пайи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ иқдом намудааст. Бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 декабри соли 2003 дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005 — 2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон намуд. Инак, ин даҳсола ба анҷом мерасад ва рӯзҳои 9 — 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар робита ба ин, бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ҳамсуҳбат шудем, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон мегардад.
- Тавре маълум аст, давоми солҳои охир якчанд ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Ба назари шумо ин иқдомот то кадом андоза ба ҳалли мушкилот дар соҳаи об мусоидат намуд?
- Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об хеле муҳим ҳастанд, зеро фарогири масъалаҳое мебошанд, ки ҳассосият ва муҳимияташон на танҳо ҳоло, балки солҳои оянда низ дар сатҳи баланд аст. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки фаъолияти дастаҷамъӣ таъмин карда шавад. Яъне, ин масъалаи глобалӣ мебошад ва дар он бетараф мондани ин ё он давлат ба манфиати кор нест. Маълум аст, ки мушкили дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷой дорад. Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим муҳимияти ин масъала боз афзун мегардад ва дар ин чаҳорчӯба идораи комплексии масъалаҳои об, истифодабарии самаранок ва нигаҳдории дурусти захираҳои мавҷуда бояд таъмин карда шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 57 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Дар деҳот сатҳи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ нисбатан пасттар аст.
Ташаббусҳои Президенти кишвар саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад, зеро масъалаи об аз омилҳои калидии рушди ҳамаи кишварҳо аст.
- Рафти иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар кадом сатҳ аст?
- Масъалаҳои об на танҳо ба стратегияҳои миллии рушд, инчунин ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо низ ворид шудаанд. Ин барномаҳо низ ҳар сол натиҷагирӣ мешаванд. Дида мешавад, ки тағйиротҳо шуда истодаанд. Ҳоло иқдомот ба он равона шудаанд, ки дар деҳот технологияи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда, истифодабарии самараноки об дар хонаводаҳо низ таъмин карда шавад.
- Дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об чӣ гуна чорабиниҳо баргузор гардидаанд?
- Соли 2003 Форуми байналмилалӣ доир ба оби тоза дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конференсияи байналмилалӣ дар соли 2005 доир ба захираҳои обии байни кишварҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин, конференсияи байналмилалӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, ки ба захираҳои обӣ пайваст ҳаст, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо на танҳо дастрасӣ ба иттилоот таъмин мегардад, балки муҳокимаҳо имконият медиҳанд, ки аз таҷрибаи дигар кишварҳо огоҳӣ пайдо карда, фаъолияти дастаҷамъиро дар ҳамин самт ба роҳ монем.
Дар соли 2013 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид ва инак рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе боз як конференсияи сатҳи баланд дар соҳаи об доир мегардад. Пешбинӣ мешавад, ки дар конференсия Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» натиҷагирӣ шуда, баробари ин масъалагузорӣ мешавад, ки пас аз соли 2015 дар кадом самт бояд фаъолиятҳо идома ёбанд. Ин масъалаҳо дар конференсия муфассалтар муҳокима мешаванд ва як нақшаи нави фаъолият барои даҳ соли оянда бо дарназардошти ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди устувор баён мегардад.
Пешбинӣ шуда буд, ки соли 2015 дар Тоҷикистон як маркази дипломатияи энергетикӣ ташкил мегардад ва ин имконият медиҳад, ки масъалаҳои вобаста ба об мушаххасан дар байни ҷомеаи коршиносон муҳокима гардад. Ташаббусҳои Тоҷикистон нисбат ба он ки таваҷҷуҳ ба ин масъала боз ҳам зиёдтар шавад, таконбахшанда шуд. Таваҷҷуҳ ба ин масъала имкон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳо батадриҷ ба як низоми муайян ҷараён гирифта, мушкилоти мавҷуда рафъ гарданд.
Мусоҳиб Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»