Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Дар ин марҳала кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар робита ба ин, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Ҷумҳурии мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона (бидуни ҷангу низоъ), густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ишора шуд, тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Тоҷикистон буд. Соли 2018, дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март, татбиқи ташаббуси нави глобалии Президенти мамлакат — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Бинобар ин, дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои ИДМ мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад. Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст ва мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳо арзёбӣ мегардад. Дар мамлакат, ҳамчунин ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки мақоми муҳим хоҳад дошт ва истифодаи муассир, самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат дар Паём, ҳамчунин иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳама захираву имкониятро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияи ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст.
Пешвои миллат оид ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан ронда, зикр карданд, ки тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ворид карда шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардид ва солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ, аз 1 — уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Пешвои миллат, ҳамчунин қайд карданд, ки дар мулоқоте, ки 14 октябри соли 2017 бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор шуд, масъалаҳои вобаста ба бурду бохти соҳа муфассал таҳлил, пешниҳодҳои соҳибкорон омӯхта, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки амалӣ шуда истодаанд. Бо вуҷуди дастгирии ҳаматарафаи давлат, ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузорӣ аз ҷониби баъзе аз субъектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасад. Натиҷаи санҷишҳои солҳои 2016 — 2017 маълум намуд, ки маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор пинҳонкарда 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Мутобиқи қонунҳои амалкунанда, айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд ва дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда моратория эълон карда шавад.
Масъалаи истифодаи мақсадноки неруи барқ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардид, зеро дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, чунки 98 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин мебошанд. Бинобар ин, истеъмолкунандагонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, кӯшиш намоянд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаи зиёди сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардонид. ҳоло таҷдиди роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Темурмалик — Балҷувон — Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди роҳҳои мошингарди Обигарм — Нуробод (86 километр), Қалъаихумб — Ванҷ (93 километр), қитъаи Хуҷанд-Конибодоми роҳи Хуҷанд — Исфара (130 километр), Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб (155 километр), дар маҷмӯъ, беш аз 500 километр роҳ, дар марҳалаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд, ки бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёз доир ба андоз зарур аст. Дар робита ба ин, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки соҳаи парандапарварӣ яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳа аз андозу пардохтҳо озод карда мешавад.
Бо дарназардошти иқтидорҳои беназири Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, Сарвари давлат дар ҳар Паёмашон ба он диққати алоҳида медиҳанд. Ин дафъа низ ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуд, зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди соҳа дар ҷумҳурӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод шуданд.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, Пешвои миллат соли 2018 — ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд ва ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони халқӣ аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда мешавад.
Дар Паём, инчунин ироа гардид, ки кишвар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст ва яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳама соҳа тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқӣ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Яке аз иқдомоти муҳим дар ин самт якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру илова ба шаш қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад ва барои амалӣ намудани он, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб менамоянд, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешида ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нашудааст. Соли 2017 аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст. Аз ҷумла, содир шудани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, судҳо ва бонкҳо бештар ба қайд гирифта шудааст. Содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2016 — ум 25 фоиз афзудааст. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро таъкид намуданд, ки ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо диққати ҷиддӣ дода, онро танҳо тавассути озмун ба роҳ монанд, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар инъикосгари дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат буда, роҳро ба сӯи ояндаи боз ҳам шукуфону дурахшон равшан месозад.
Парвиз МИРЗОЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон