Фазои маҷозӣ низ метавонад омили хатар ба амнияти миллӣ бошад

№ 12.06.2021

Амнияти иттилоотӣ низ ҷузъи амнияти миллист. Хусусан, дар асри иттилоот ҳифзи фазои иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар шароите, ки техника ва технологияи иттилоотӣ  босуръат рушд меёбанд, зуҳури имкон ва таҳдидҳои нав низ ногузир аст. Зимни суҳбати гирди миз, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли равон баргузор намуд, мавзӯи «Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ» мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифт. Директори марказ Хуршед Зиёӣ гуфт, ки масъалаи фазои маҷозӣ ва иртиботи он ба амнияти миллӣ аз мавзӯъҳои мубрам ба шумор меравад. Зеро ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳу ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразнокашон дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет, низ васеъ истифода мекунанд.

- Ҳоло бо дастрасии интернет шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Ҳатто воситаҳои иттилоърасон ба майдони  мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд.  Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯйи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт, зеро ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ робитаи зич доранд,-изҳор дошт Хуршед Зиёӣ.

Баъдан, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода  дар мавзӯи «Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ–имкони нави таблиғоти интихоботӣ»,  муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Лутфуллозода дар мавзӯи  «Тадбирҳои муосири пешгирӣ аз «онлайн–экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Маҳмадшоҳзода дар мавзӯи «Ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти миллӣ», сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ.Қодирӣ  дар мавзӯи «Роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии пешгирии экстремизм дар фазои маҷозӣ», прокурори шуъбаи мубориза бо киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Азиззода дар мавзӯи «Муноқишаҳои иттилоотӣ –таҳдид ба суботи миллату давлат», котиби илмии Маркази  исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳрамбеков дар мавзӯи «Инъикоси масъалаи тундгароии динӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва пайомад», ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон В.М.Ким дар мавзӯи «Устура ва воқеияти таҳдиди фазои маҷозӣ ба амнияти миллӣ», унвонҷӯйи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Ф.Яъқубзода  дар мавзӯи «Амалинамоии унсурҳои давлати дунявӣ–заминаи мусоиди муқовимат бо таҳдидҳои динӣ ва фазои итилоотӣ» баромад намуданд. Дар охир роҷеъ ба маърӯзаҳо табодули афкор сурат гирифт.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»