Форум равзанаи ҳамкориҳои навро боз намуд

№ 22.10.2021

СУННАТИ19 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Форуми ҳафтуми имкониятҳои савдо, сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор гардид, ки дар он доираҳои тиҷоратию соҳибкорони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия  ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи форум дар бораи имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии вилоят маълумот дода, гуфт, ки  бинобар мавқеи хуби ҷуғрофӣ ва шароити мусоиди тиҷоратию кишоварзӣ доштанаш вилояти Суғд ҳамчун «Водии имкониятҳо» машҳур гаштааст.

Ҳоло дар вилоят корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди маъдани кӯҳӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли ангишт ва масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ соли сипаришуда 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намуданд. Вобаста ба ин, дар вилоят садҳо  корхонаи муосир бо технологияи нав бунёд гардида,  нафарони зиёд бо кор таъмин шуданд. Ҳоло дар вилоят 700 корхонаи калону миёна, 3000 корхонаи хурд ва 66 000 хоҷагии деҳқонию фермерӣ фаъолият  мекунанд, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузории форумро «майдони ташаббусҳо ва фароҳаморандаи шароити қуллай барои ҳамкориҳои нав» номида, гуфт, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо зиёда аз 100 кишвар робитаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ дорад. Ба шарофати дар мамлакат мусоид будани фазои сармоягузорӣ теъдоди  шарикони тиҷоратӣ торафт зиёд мешавад. Бо мақсади ҳавасмандсозии  сармоягузорӣ бо соҳибкорони дохилию хориҷӣ як қатор имтиёзот, аз ҷумла сабукиҳои андоз пешбинӣ шудааст.

Вилояти Суғд имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ ва илмӣ дошта, дар он 50 дарсади маҳсулоти саноатии мамлакат  истеҳсол мешавад. Соҳибкорони вилоят бо ҳамтоёнашон аз 50 кишвар робитаи ҳамкорӣ доранд. Сармоягузорон дар минтақаи  озоди иқтисодии «Суғд», ки дар майдони 320 гектар доман паҳн кардааст, аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озоданд. Маҳсулоти химиявӣ, нассоҷӣ ва хӯроквории корхонаҳои вилоят дар хориҷи кишвар  харидори зиёд доранд,- гуфт Давлаталӣ Саид.

Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Каренков аз рушди робитаҳои тиҷоратии Федартсияи Россияву Тоҷикистон изҳори  қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки 9 моҳи соли равон ҳаҷми робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвари дӯст 900 миллион доллари  амрикоиро  ташкил дод. Яке аз роҳҳои афзун намудани ҳаҷми робитаҳои иқтисодии ду кишвар вусъат додани робитаҳои минтақавист. Аз ин рӯ, доираҳои тиҷоратию соҳибкории вилоятҳои Линетск, Воронеж ва Уфа ба шаҳри Хуҷанд омадаанд, то бо ҳамтоёни  суғдиашон созишномаҳои нави ҳамкориро имзо намоянд.

Муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Аҳмадов суханрониро бо шеъри «Дӯстонро гум макун»-и  Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода оғоз карда,  ба роҳбарияти ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя баҳри саъю кӯшишҳояшон барои вусъат додани  ҳамкориҳои минтақавӣ изҳори сипос намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики муҳиму стратегии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Солҳои охир ҳамкориҳои мо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, варзиш ва туризм ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро робитаҳои бисёрасраи таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар баробари робитаҳои тиҷоратӣ бо кишвари дӯсту ҳамсояамон ҳамкориҳо дар  бахши сайру саёҳатро низ ривоҷ диҳем,- гуфт Хуршед Аҳмадов.

Рӯзи дуюми форум дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоиши байналмилалии молу маҳсулоти «EXPO SUGD VII» баргузор гардид. Дар он корхонаю муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия  маҳсулоташонро ба намоиш гузошта, шарикони нави тиҷоратӣ пайдо карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои  муфид дари имкониятҳои бузурги ҳамкориро ба рӯи  ширкаткунандагони он боз менамояд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»