Дар шаҳри Душанбе 19 март Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар асоси қарор варақаҳо ва фиттаҳои тарғиботӣ доир ба имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, омода гардида, дар доираи форум паҳн карда мешаванд.
Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хоса баргузор мегарданд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»