Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай

№70 (4653) 26.05.2023

Аз 22 то 23-юми майи соли равон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)баргузор гардид.

Форум соли 2006 таъсис ёфта, аз ҳар давлати аъзо як маркази муҳими таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар он ҳар сол маркази миллии таҳлилии як давлати аъзо ба дӯш мегирад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон форумро Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз таҳти раёсати давлатҳои аъзо 17 ҷаласаи форум баргузор гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба — солҳои 2010 ва 2016 раисии онро ба дӯш дошт, ки форумро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда буд.

Дар форум масъалаҳои зиёд, аз қабили СҲШ ва воқеияти нави ҷаҳон, ҳолати кунунии иқтидори посухгӯии СҲШ ба чолишҳои муосир, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйир­ёбии табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавию ғайрианъанавӣ, хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ, дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар он роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон коршиносон ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»