Дар се моҳи сипаригардидаи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 1100 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 568 килограмм ширӣ, 2866 килограмм рустанӣ ва 150 килограмм дигар намуди маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда аз фурӯш боздошта, несту нобуд карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишиву назоратӣ нисбат ба 13 нафар фурӯшандаи бозорҳои истеъмолӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Маълум гардид, ки баъзе аз соҳибкорону фурӯшандагон маҳсулоти ғизоиро бе риояи талаботи муқарраргардида ба фурӯш мегузоранд. Масъулони соҳа сабаби асосии роҳ додани соҳибкорону фурӯшандагонро ба қоидавайронкуниҳо, ба беаҳамиятии шаҳрвандон дар вақти харид марбут медонанд.
Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Бобишо Қармишев гуфт, ки дар семоҳаи аввал дар Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои риоя накардани талаботи байторӣ нисбат ба 273 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба 43 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ, барои риоя накардани муқаррароти фитосанитарӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода, парванда оғоз гардид.
Корҳои санҷишиву назоратӣ, асосан дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Файзобод гузаронида шуданд.
Дар шаҳри Турсунзода дар як ҳолат нигоҳдории ғайрисанитарии маҳсулоти гӯштӣ дар яхдон аз ҷониби як нафар фурӯшанда мушоҳида гардид. Дар шаҳри Ҳисор ҳолати ғайри қабул пухтани маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла омода кардани сихкабоб, аз тарафи якчанд нафар пазанда ба чашм расид, ки бениҳоят нигаронкунанда мебошад. Ҳамчунин, бо либоси номувофиқ, риши баланд ва бе доштани дастпӯшаки махсуси ошпазӣ фаъолият кардани як қатор пазандагон дар бозори марказии шаҳри Ҳисор боиси ташвиш аст.
Дар ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ ва Файзобод бетартибӣ ба назар нарасид, вале чанд нафар маҳсулоти озуқавориро бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба фурӯш гузошта буданд.
Савдои кӯчагӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки масъулони бозори марказӣ ва кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро дар шаҳри Ваҳдат ташвиш медиҳад. Гарчанде ин нуқтаҳо шомили бозор набошанд ҳам, роҳбарияти бозор ва масъулини озмоишгоҳи бехатарии озуқаворӣ барои бартараф намудани савдои кӯчагӣ фурӯшандагонро чандин маротиба огоҳонидаанд. Агар истеъмолкунандагон аз хариди маҳсулот аз чунин ҷойҳо даст мекашиданд, савдои кӯчагӣ аз байн мерафт. Вале афсӯс…
Дар дохили бозори марказии шаҳри Ваҳдат бошад, ба якчанд нафар фурӯшанда, ки бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунанда машғули гӯштфурӯшӣ буданд, огоҳӣ дода шуд. Барои беаҳамиятӣ сохторҳои вобастаи шаҳр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тариқи амрнома ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд. Ба фурӯш гузоштани равған дар зарфҳои истифодаашон яккарата низ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ба чашм расид. Барои қонуншиканӣ дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал унвонии мақомоти ваколатдори шаҳру ноҳияҳои номбурда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта мактуб ирсол карда шуд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти озмоишгоҳҳо дар назди бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст ва кормандони он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Фақат соҳибкоронро зарур аст, ки молу маҳсулотро бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда вориди бозор намоянд ва пеш аз ба фурӯш гузоштан аз муоинаи озмоиши ҳатмӣ гузаранд.
Дар баробари ин, фаъолияти намунавии бозорҳои шаҳри Душанберо қайд кардан зарур аст. Дар онҳо соҳибкорону фурӯшандагон дар асоси талабот фаъолият карда истодаанд. Ҷобаҷогузории маҳсулот, пешниҳод ва хизматрасонӣ ба харидорон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Савдогарон ҳар рӯз молу маҳсулоти ба бозор воридкардаро аввал аз ташхис гузаронида, сипас дар асоси иҷозати нозирон ва масъулин ба фурӯш мегузоранд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»