Ганҷе, ки ба чандин насл хизмат мекунад

№62 (4482) 24.05.2022

Фозил ОбидовЧанде пеш узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин», дар номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини оилавӣ», сазовори ҷои сеюм гардида, бо дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Меҳри китоб аз даврони мактабхонӣ дар дили Фозил Обидов ҷой гирифт. Он айём ӯ китобро асосан аз китобхонаи  мактаб гирифта мутолиа мекард. Азбаски дар шашсолагӣ модари меҳрубонашро аз даст  дод, китоб мунису ҳамрозаш шуд. Ҳақиқат доштани ин панди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар зиндагӣ дарёфт:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушодӣ.

Қаҳрамони матлаб пас аз хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1982 имтиҳонҳои қабулро сарбаландона супурда, донишҷӯи факултети иқтисодию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардид. Дар ҳуҷраи иҷора мезисту баъд аз дарс то ними шаб дар анборҳои роҳи оҳан ба борфурорӣ машғул мешуд. Маблағи аз меҳнати ҳалол  бадастовардаашро сарфи хӯроку иҷорапулӣ ва харидани китоб мекард. Бо гузашти вақт Фозил Обидов донишгоҳро хатм намуда, дар хонаи солҳо иҷоранишастааш соҳиби манзил шуд. Аз ин рӯ,  лозим наомад, ки китобҳояшро ба ҷойи дигар барад. Танҳо харидани якчанд ҷевони китобмонӣ лозим омад. Ҳоло шумораи китобҳои шахсиаш аз 12000 адад зиёданд.

Чанд маротиба якчанд нусха китобҳояшро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Айнӣ, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва  китобхонаҳои шаҳри Душанбе туҳфа намуд.

- Нависандаи маъруфи рус Михаил Шолохов таъкид намудааст: «Ба сӯи маърифат ҷасурона қадам занед ва китобро сидқан дӯст доред! Вай на фақат беҳтарин дӯсти шумо, балки то охири умр ёри вафодори  шумо хоҳад буд», — иброз дошт Фозил Обидов.

Соҳиби чунин ганҷи пурбаҳо будан аст, ки  се фарзанди Фозил Обидов мактаби олиро бо дип­ломи сурх хатм кардаанд. Алҳол  фарзандонаш ба ҳайси  омӯзгор, прокурор, кормандони соҳаи андоз ва молия фаъолият менамоянд. Ду писараш донишҷӯ ва духтари ягонааш мактабхон аст.

- Ҳастанд китобҳое, ки онҳоро такрор ба такрор мехонед? — пурсидем аз номбурда.

- Ба саволатон мехоҳам бо сухани дорандаи Ҷоизаи Нобел, генетики маъруф Оливер Смитис посух диҳам: «Вақте китоберо бори аввал мехонам, эҳсос  мекунам, ки дӯсти наве пайдо кардам, вақте бори дуюм онро ба даст мегирам, гумон мекунам бо дӯсти қадимаам вохӯрдам».

Ман зуд — зуд китоби «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айниро мутолиа мекунам. Он ҳам ҷузъе аз таърихи миллат асту ҳам адабиёт ва ҳам  панду насиҳат. Аз хонданаш ҳар кас, новобаста ба касбу кор, лаззати  маънавӣ мегирад. Ба фарзандонам низ  мутолиаи онро тавсия медиҳам, — гуфт Фозил Обидов.

Дар рафи ҷевонҳои китобхона китобҳои вобаста ба таъриху адабиёт, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, математика,  варзиш, омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ, сиёсатшиносӣ ва ғайра вобаста ба мавзӯъ гурӯҳбандӣ шудаанд. Китобҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос доранд.

- Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки  бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол инҷониб баргузор мегардад, барои ба китобхонӣ рӯ овардани намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа такони бузург гардид. Шоҳиди он ҳастем, ки дар қатори мактаббачагону донишҷӯён одамони синну солашон калонтар низ бошавқу завқ ба мутолиаи китоб ҷалб шуданд. Ин аз ояндаи дурахшони миллат дарак медиҳад. Зеро миллате, ки ба мутолиа рӯ меорад, соҳиби фарҳангу  тафаккури баланд, мавқеаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувортар ва азму иродааш барои рушду тараққиёт қавитар мегардад, — иброз намуд  Фозил Обидов.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фозил Обидов муаллифи 11 китоб ва 182  мақолаи илмӣ мебошад. Нахустин китобаш «Ҳасрат бо модар» ном дорад, ки хеле самимиву таъсирбахш навишта шудааст. Рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо пас аз  мутолиаи он хулосаашро чунин баён кардааст: «Имрӯз фарзандони нохалафе ҳастанд, ки қадри модарро  намедонанд, ӯро ҳатто ҳангоми зинда буданаш фаромӯш месозанд. Аммо Фозил Обидов лаҳзае аз ёди модар худро дур намегирад ва ҳамин аст, ки ман аз лаҳзаи марги модараш то имрӯзро чун фосилаи байте мебинам, аммо фосилаи пурдарду пурандӯҳ. Гӯё ин байтро Соиби ширинкалом аз забони Фозил гуфтааст:

Мо аз ту ҷудоем ба сурат, на ба маънӣ,

Чун фосилаи байт бувад фосилаи мо».

Фозил Обидов, дар баробари олими мумтоз ва дар  корҳои ҳизбию ҷамъиятӣ фаъол будан, сарвари оилаи намунавӣ низ мебошад. Ӯ барои саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои созандагӣ, гиромидошти арзишҳои оиладорӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида дар озмуни «Оилаи беҳтарин» ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардид. Инчунин, барои тарбия намудани фарзандони бомаърифат, ривоҷ додани  анъанаҳои миллии оиладорӣ, соҳибҳунар намудани духтарону писарон  дар оила, ғолиб омадан дар озмуни фарҳангӣ — маърифатии «Оилаи соҳибмаърифат» бо дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуд.

Раиси маҳаллаи «Саноат»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нуралӣ Шамсиддинов гуфт:

- Устод Фозил Обидовро ҳачмун олими забардаст, ҳамсояи накукору хайрхоҳ, ғамхори аҳли ҷомеа мешиносам. Азбаски маҳаллаи зикршуда  дар даврони шӯравӣ бе нақшаи  мукаммал сохта шуд, кӯчаҳо хеле танг буданд. Обидов партовҳои солҳо  ҷамъшударо тавассути техникаи боркаш берун  бурда, роҳро васеъ намуд. Аз баракати ин амали хайр ҳаракати озодонаи нақлиёт дар як қисмати маҳалла ба роҳ монда шуд.

Олими намоёни соҳаи иқтисод, профессор Дӯстмурод Ӯроқов сифатҳои ҳамидаи Фозил Обидовро  чунин васф кардааст: «Ф. Обидов яке аз  олимони шинохтаи соҳаи иқтисод буда, дар назди дӯстону шогирдон ва устодон обрӯю эътибори  калон дорад. Хоксорӣ, ҳурмату эҳтиром нисбат ба ҳамсуҳбатон, расонидани кумак ба муҳтоҷон беҳтарин хислатҳои ӯянд. Ӯ беҳад раҳмдил, аммо дар иҷрои вазифа нисбат ба худ сахтгиру серталаб аст. Шахси бисёр  хушзабон, дилёб, қадрдон ва меҳрубон мебошад».

Мо низ тамоми хислатҳои зикрёфтаро дар устод мушоҳида намудем. Шакке нест, ки соҳиби чунин ахлоқи ҳамида будан натиҷаи китобдӯстии ӯст. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин хусус таъкид намудаанд: «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллат ва худогоҳиву худшиносии ҳар як  фард нақши бузург дорад. Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст».

Фозил Обидов зимни суҳбат аз тағояш устои номӣ — Абдураҳмон Неъматов ёдовар шуд. Ӯ танҳо хатмкардаи синфи 10 буд, вале ҳунари дуредгарӣ дошту ошиқи китоб буд. Вай ин суханони мутафаккири Рими қадим Марк Ситсеронро мудом такрор  мекард: «Хонаи бе китоб ҳамчун бадани бе рӯҳ аст».

- Китобро бузургон ҳамчун ганҷинаи хирад, сарчашмаи дониш, манбаи маърифат, дӯсти беғаразу доно, роҳнамою ҳидоятгари инсон ном бурдаанд. Ҳар қадар мардум ба китоб бештар унс бигиранд, ҳамон қадар ҷомеа бомаданияттару дар роҳи тараққиёт собитқадамтар хоҳад  гардид. Ҳақ бар ҷониби Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва  аз бар кардани мазмуни  матнҳои он ба даст меояд», — афзуд Фозил Обидов.

Рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи амрикоӣ Винсент Старрет гуфтааст: «Вақте китоб ҷамъ мекунем, саодат ва хушбахтӣ ҷамъ кардаем».

Бешубҳа, китобхонаи Фозил Обидовро метавон ба ганҷи бузург  шабоҳат дод, ки ба чандин насл хизмат хоҳад кард.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ