Ҳарчанд солҳои охир зиёда аз 120 кони нефту газ кашф гардида, дар истифодаи омилҳои тектоникӣ оид ба кушодани конҳои нав навигарӣ ворид шуда бошад ҳам, ин назария тарафдорони зиёд надорад, зеро барои пешгӯӣ кардан, дар асоси назарияи нав корҳои тадқиқотии геологӣ-геофизикӣ гузаронида нашудаанд. Масалан, барои пешгӯйии сохт ва ғафсии қабати оҳаксанги келловей-оксфорди Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ, ки дар он 80 фоизи сарвати нафту газ ҷойгир аст, маълумот нест.
Дар ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ ҳоло кофтукоб ва истифодабарии нефту газ суст шуда бошад ҳам, қатъ нагардидаанд. Барои аниқ кардани ин сарватҳо тадқиқотҳои зиёди геологӣ-геофизикӣ гузаронида шудаанд. Эътироф бояд кард, ки корҳо айни замон қонеъкунанда нестанд. Ба соҳа маблағгузорӣ кам гардида, дастгоҳҳои ҳозиразамон намерасанд. Сабаби дигари (асосии) сустшавии соҳа, пеш аз ҳама, мураккабии сохти геологии қабатҳои ояндадори нефту гази Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ мебошад.
Масоҳати Ҳавзаи афғону тоҷик (ҲАТ) 94 ҳазор км2 –ро ташкил дода, 30 ҳазор км2 ба Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ, 45 ҳазор км2 дар Афғонистони Шимолӣ ва 18 ҳазор км2-и он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст. Қабатҳои болопӯши ҳавза 18-20 км ғафсӣ доранд. ҲАТ яке аз чуқуртарин ҳавзаи нафту гази дунё ба ҳисоб меравад.
Нақшаи тектоникии қабулшудаи ҲАТ аз якчанд сатҳи дуюмдараҷа иборат буда, антиклиналҳои Кофарниҳону Обигарм, синклиналҳои Кӯлобу Вахш ва ҳавзаи Душанбе аз ҳамон ҷумлаанд. Сохтори антиклиналӣ ва синклинали ҳавза 140-180 км дарозӣ ва 70-80 км паҳноӣ доранд. Майдонҳои хурди антиклиналӣ бо якдигар пайвастагӣ дошта, дар қисми ҷанубӣ-ғарбии ҳавза (вилояти Хатлон) 49-тои онро бо усули геофизикӣ кашф карданд.
Ҷустуҷӯ ва тадқиқотҳои гузаронидашудаи геологӣ-геофизикӣ нишон медиҳанд, ки ҳоло танҳо оид ба қабатҳои давраи табошир ва палеогени ҳавза маълумот дорему халос. Ин қабатҳо дар пармачоҳҳои 1500-3500 метр жарфидошта кашф шудаанд. Дар қаторкӯҳи Қаротой (минтақаи Обигарм) ва дар шимоли қаторкӯҳи Боботоғ (минтақаи Кофарниҳон) чуқурии 6120-6450 метр парма шуда, натиҷа надоданд.
Аз 28 кони кашфшудаи нефту газ дар ҲАТ 14 — то ба қисмати ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ки 8 — то нефт, 4 — газ ва 2 — то кони нефту газ мебошад. То кунун ҳамагӣ 11 фоизи захираи нефт истифода шудаасту халос.
Вазифаи дигари мутахассисон кашф намудани қабати оҳаксанги келловей-оксфорд мебошад. Яке аз минтақаҳои кашфи ин қабати ояндадор қисмати ҷанубии ҳавзаи Вахш аст. Дар ин минтақа солҳои 1956-1970 бо усулҳои геофизикӣ 32 майдони ҷустуҷӯӣ ва 3 кон: Қизилтумушқ – газ, Кичикбел ва Акбашадир – нефт кашф гардид. Захираҳои пешгӯишавандаи нефт – 22,9 млн.тонна, газ — 152 млрд. м3, конденсат – 13,5 млн. тоннаро ташкил дода, дар сурати самаранок истифода шудан дар пешравии кишвар саҳми бориз хоҳад гузошт.
Шамсиддин БОБОЕВ, номзади илмҳои геологӣ-минерологӣ,
М. Каюмарс, геолог