Ҳарчанд якуним моҳи фасли зимистон паси сар шуда бошад ҳам, дар водиҳо ҳамагӣ як бор барф борид. Дар ин муддат ях бастани замин низ қариб, ки ба назар нарасидааст. Дар моҳи январ дар бисёр минтақаҳои кишвар дарахти бодом гул кард.
Олими шинохтаи соҳаи боғу токпарварӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки камбориш ва гарм омадани зимистони имсола барои боғу токпарварон зиёновар аст, зеро дарахтон пеш аз муҳлат бедор шуда, ҳашароти зараррасон низ зимистонро беосеб мегузаронанд.
- Бармаҳал гул кардани дарахтон метавонад ҳосили яксоларо талаф дода, ба ҳосили солҳои оянда низ таъсири манфӣ расонад. Масалан, дарахти зардолу дар ҳолати оромӣ, яъне ҳанӯз муғчааш гулнокарда метавонад ба хунукии то 28 дараҷа тоб орад. Аммо баъд аз гулкунӣ сардии ҳамагӣ — 1 дараҷа метавонад боиси сармозании гулҳо ва талаф ёфтани ҳосил гардад, — мегӯяд Ҳикматулло Назиров.
Ба андешаи олими собиқадор, зимни 12-16 дараҷа сард шудани ҳаво қисми зиёди зараррасонҳои боғу токзор нобуд мешаванд. Аммо гарм омадани зимистон боиси дар фасли баҳору тобистон афзудани шумораи зараррасонҳо мегардад. Ҳар сол ба ҳисоби миёна 30-40 фоизи ҳосили зироат ва боғу токзор аз таъсири зараррасонҳо нобуд мешавад. Бадии кор дар он аст, ки зараррасонҳо сол то сол ба заҳрхимикатҳо бештар мутобиқ шуда истодаанд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо онҳо заҳрхимикатҳои нисбатан сахттаъсир истифода бурдан лозим меояд, ки ба саломатии одамон ва ҳашароти фоиданок (занбӯри асал, энтомофагҳо) таъсири манфӣ мерасонанд.
Собиқадари соҳаи мубориза бо усули биологӣ бар зидди зараррасонҳо Икромиддин Тешаев тавсия медиҳад, ки сохтани биолабораторияҳо метавонад зарари «душманони зироат ва боғу токзор»-ро кам кунад.
Дар кишварҳои ҳамсоя (Ӯзбекистон, Туркманистон) чанд сол аст, ки бар зидди зараррасонҳои зироат ва боғу токзор аз энтомофагҳо истифода мебаранд. Яъне, ҳашароти фоиданокро парвариш карда, дар саҳро сар медиҳанд, то зараррасонҳоро нобуд созанд.
Бартарии чунин усул он аст, ки аввалан, муҳит аз таъсири заҳрхимикатҳо эмин монда, нобудшавии занбӯри асал ва заҳролудшавии обу хок пешгирӣ мешавад. Сониян, усули биологӣ нисбат ба усули химиявии мубориза бо зараррасонҳо арзон меафтад.
Аммо гарм омадани зимистон барои зироати дар гармхона парваришёбанда аз чанд ҷиҳат муфид аст. Аввал ин ки барои гарм нигоҳ доштани гармхонаҳо сӯзишворӣ ва ё қувваи барқ камтар масраф шуда, маблағ сарфа мешавад. Дуюм ин ки аз сабаби зиёд будани рӯзҳои офтобӣ таъми сабзавоти гармхонаӣ гуворою лазизтар ва захираи витаминҳо бештар мегардад.
- Барои картошкаи тирамоҳ шинондашуда гарм омадани зимистон хатарнок аст, зеро агар ҳаво гарм ояду картошка аз замин сар кашад, хатари сармозании он дар хунукиҳои ногаҳонии аввали баҳор бештар мешавад, — гуфт Ҳикматулло Назиров.
Мувофиқи маълумоти Барномаи назорати моҳворавии замини Иттиҳоди Аврупо «Коперникс», соли 2023 гармтарин соли давраи мушоҳидаҳо эълон гардид, зеро ҳарорати миёнаи шабонарӯзии глобалии сайёра нисбат ба давраи то индустриалӣ 2 дараҷа баланд буд. Моҳи ноябри соли 2023 ҳарорати миёна дар ҷаҳон 14,22 дараҷаро ташкил дод, ки ин 0,85 дараҷа нисбат ба нишондиҳандаи солҳои 1991-2020 бештар мебошад. Дар натиҷаи ниҳоят гарм омадани ҳаво ҳодисаҳои сӯхтори ҷангал нисбат ба соли 2022-юм 30 фоиз афзуд.
Мувофиқи маълумоти сомонаи экологии «ekois net», ҳоло дар 25 кишвар, ки чоряки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, норасоии шадиди об эҳсос мешавад.
Яке аз роҳҳои кам кардани таъсири тағйирёбӣ (гармшавӣ)-и иқлим бештар кардани майдони дарахтзор (ҷангал) аст. Ҳоло, ки мавсими ниҳолшинонист, бояд ниҳолҳоро вобаста ба маҳал мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ шинонида, нигоҳубинашонро хуб ба роҳ монем.
Устоди фанни биологияи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Абдувалӣ Улуғов мегӯяд, ки бисёр вақт замини ду тарафи роҳҳо сахт буда, пур аз сангу шағал ва партов аст. Баъзе «ҳашарчиён» саросема ниҳолҳоро на чандон чуқур зери хок мекунанду бо ҳамин кори худро анҷомёфта меҳисобанд.
- Хуб мешуд, ки ҷои ниҳолшинониро қаблан чуқуртар кофта, ба чуқуриҳо каме порӯ ва хоки нарм рехта шавад. Хоки порӯдор илова ба доштани элементҳои зарурӣ намиро зиёдтар дар худ нигоҳ медорад, ки ин нашъунамои хубтари ниҳолҳоро таъмин мекунад,- мегӯяд Абдувалӣ Улуғов.
Ба ақидаи олимон, дар талу теппаҳои урён шинондани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз аз як тараф ҳаворо тоза карда, пеши эрозия (бодлесшавӣ)-и заминро гирад, аз тарафи дигар абрҳоро ҷалб намуда, боиси афзоиши борандагӣ мешавад.
Ҳар қадар дарахтзор зиёд бошад, ҳамон андоза дарахтон гази карбонатро, ки боиси гармшавии иқлим мешавад, бештар фурӯ мебаранд. Ин барои ҳифзи пиряхҳои кишварамон низ муҳим аст, зеро зиёд шудани хокбориш обшавии пиряхҳоро, ки бузургтарин захираи оби нӯшокист, метезонад.
Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо ҳар сол бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабр мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, дар ҳар шаҳру ноҳия ҳазорон бех ниҳол шинонда мешавад. Агар ҳар яки мо ин ташаббусро ҷонибдорӣ намуда, дар мавзеъҳои холӣ ниҳол шинонем, аз як тараф ҳусни диёрамон афзуда, истеҳсоли мева зиёд ва ҳавои диёр гуворо мегардад, аз ҷониби дигар иқлими кишвар муътадил ва раванди босуръат обшавии барфу пиряхҳо пешгирӣ хоҳад шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»