Барои муаррифии бахши сайёҳии кишвар чӣ корҳо амалӣ шуданд?
Соли гузашта дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд. ки ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.
Дар ин бора мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзод ба хабарнигори рӯзнома чунин ибрози андеша намуд:
- Қабули қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби пешбурди феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасониҳои фаъолияти субъектони сайёҳӣ, конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ, тартиби истифодаи захираҳои сайёҳӣ аз ҷумлаи ибтикори дар ин самт амалигардида маҳсуб мешаванд. Ҳоло лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account)» мавриди баррасӣ қарор доранд.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ як қатор иншооти сайёҳию хизматрасонӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденс» дар шаҳри Душанбе, боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар шаҳри Гулистон, хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ ва мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, меҳмонхонаи «Панҷакент-плаза» дар шаҳри Панҷакент, маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» дар шаҳри Хуҷанд ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», тарабхонаи бразилии «Латина-Душанбе» дар шаҳри Душанбе, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Панҷ мавриди истифода қарор дода шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ дар соли 2022-юм 183 меҳмонхона (бо назардошти шахсони воқеӣ), 6 меҳмонхонаи 5 ситорадор, 21 меҳмонхонаи 4 ситорадор, 16 меҳмонхонаи 3 ситорадор, 3 меҳмонхонаи 2 ситорадор, 2 меҳмонхонаи 1 ситорадор ва 135 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд. Дар ин давра 29 хостел ва мотелҳо, 51 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, як кемпинг ва 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба меҳмонон хизмат расониданд. Соли 2022 дар мамлакат 236 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ширкат зиёд мебошад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Федератсияи Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Британияи Кабир ва Ӯзбекистон баргузор шуданд, иштирок намуданд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ то имрӯз бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Швейтсария, Франсия, Қувайт, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар маҷмӯъ, санадҳои имзошуда 13 ададро ташкил медиҳад. Лоиҳаи беш аз 20 санади ҳамкорӣ бо Ҳиндустон, Малайзия, Словакия, Руминия, Британияи Кабир, Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Туркия, Олмон, Канада, Полша, Сингапур, Хитой, Япония, Сербия, Филиппин, Тунис, Исроил, Умон, Арабистони Саудӣ, Бразилия, Қатар, ИМА, Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ мавриди корбарӣ қарор доранд.
Дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд. Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои шабакаҳои телевизионии кишвар ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ беш аз 50 ролики сайёҳӣ оид ба назокату зарфиятҳои сайёҳии кишвар таҳия гардид. Дар ин давра барои филмбардорони Олмон ва рӯзноманигорону блогерони Арабистони Саудӣ ва Эрон пресс — турҳо ташкил гардид. Сомонаи кумита бо номи www.ctd.tj ва портали миллии сайёҳӣ www.traveltajikistan.tj фаъол буда, пайваста маълумоти зарурӣ ҷой дода мешаванд. Бо мақсади муаррифии ҳар чӣ бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соли 2022 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 8 конфронс бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ташкил гардид. Солҳои охир идҳои миллии анъанавӣ ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ гардида истодаанд. Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ шавад. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст. Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ густариш бахшад. Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар сайёҳ, аз ҷумла соли 2022 як миллион, ворид гардидаанд.
Муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, баргузор намудани форум, намоишгоҳ ва фестивали байналмилалӣ дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ, таҳия ва интишори бештари маводи иттилоотию тарғиботӣ вобаста ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳа дар минтақаҳои дурдасти сайёҳӣ, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва бозомӯзии кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷумлаи ибтикоре мебошанд, ки амалӣ гардиданашон минбаъд ҳадафи асосӣ маҳсуб мешаванд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»