«Google» ва «Yandex» — и тоҷикӣ. Он то кадом андоза муваффақ мешавад?

№117 (4537) 19.09.2022

IMG_20220919_141303Ҳоло корбарони интернет, хусусан тоҷикон, дар баробари бузургтарин системаҳои ҷустуҷӯӣ -  «Google» ва «Yandex» имкон доранд, ба воситаи системаи миллии ҷустуҷӯии «Dodaho» маълумоти лозимиро дастрас намоянд.

Бо созандаи «Dodaho», устоди филиали Донишгоҳи тадқиқотӣ-технологии МИСИС дар Душанбе Файзуллоҷон Сафаров доир ба низоми кори ин системаҳои ҷустуҷӯӣ суҳбат намудем.

- Чӣ зарурат пеш омад, ки системаи миллии ҷустуҷӯии «Dodaho» -ро сохтед?

- Дар шароите, ки мо ба сар мебарем, ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки системаҳои ҷустории бузург – «Google» ва «Yandex» аз кор намемонанд. Доштани низоми ҳамсон, ки моли худамон аст, аз фоида холӣ набуда, дар интернет ба ин васила то андозае худро муаррифӣ мекунем. Илова бар ин, то сохтани «Dodaho» кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми миллии ҷустуҷӯӣ надоштанд.

- «Dodaho»-ро дар чанд муддат сохтед? 

- Вақте ки ман барои кори илмӣ мавзӯъ интихоб кардам, ҳамеша дар зеҳнам ҷумлаҳои саволӣ чарх мезад. Барои чӣ мо мошин ихтироъ накардем, барои чӣ ноутбук ва телефони худамонро намесозем, чаро низоми ҷусторӣ надорем? Биноан, бо роҳбарии устоди равоншод, профессор Зафар Ҷӯраев ин корро оғоз кардем. Муҳлати кор дар умум се солро дар бар гирифт.

- Се сол танҳо бо устод кор кардед?

- Не, консепсияро бо устод маслиҳат кардем ва дар умум 17 нафар дар сохтани «Dodaho» саҳм доранд. Нафароне ҳам буданд, ки ёрии молӣ карданд.

- Дар аввали кор чӣ мушкилиҳо буданд?

- Мушкилии аввал нобоварии атрофиён буд. Баъзеҳо ба ҳолам механдиданд, ки ман вақтамро беҳуда мегузаронам ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳеҷ гоҳ бо «Google» ва «Yandex» баробар шуда наметавонам. Дар барои амалишавии аксар идеяҳо мушкили молӣ пайдо мешавад, ки ин мушкили дигар аст.

- Сохтани «Dodaho» маънои бо «Google» ва «Yandex» рақобат карданро дорад?

- Бо он ки як системаи миллии ҷусторӣ сохтем, бо дигар ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ рақобат карданӣ нестем, балки барои ҳамватанон гунаи тоҷикии ин навъи хизматрасониро пешниҳод намудем.

- Барои чӣ маҳз «Dodaho» номгузорӣ намудед?

- Додаҳо маҷмӯи иттилоотест, ки бо ҳам алоқаманданд ва ба тарзи систематикӣ нигоҳдорӣ ва ташкил карда мешаванд, то ҳифз, ҷустуҷӯ ва истифодаи онро мусоидат кунад. Дар забони англисӣ он ҳамчун манбаъ – «Database» фаҳмида мешавад.

- Дар базаи «Dodaho» чӣ қадар маълумот ҷойгир шудааст?

- Бо забони тоҷикӣ-кириллӣ, тоҷикӣ-форсӣ ва лотинӣ, зиёда аз як миллион маълумот ҷамъоварӣ кардаем. ҳатто аз Амрикову Аврупо ҳам ба воситаи «Dodaho» маълумот ҷустуҷӯ мекунанд.

- «Dodaho» барои тоҷикистониён аз «Google» ва «Yandex» чӣ бартарият дорад?

- Мо на танҳо дар бахши ҷустуҷӯи маълумот, балки модулҳои тарҷумонии худро омода мекунем, то аз забони русӣ бо тоҷикӣ тарҷума карда тавонем. Инчунин, бо имлои забони тоҷикӣ нисбат ба «Google» ва «Yandex» хубтар аҳамият медиҳем.

- Дар дизайни сомона канори «Dodaho» як соат аст ва дар дарунаш 20-сола фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ навиштаед, чаро?

- Ин фикри шахсиам аст ва дар ҳамовозӣ ба эълон шудани солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» роҳандозӣ кардам.

- Дар сохтани «Dodaho» чанд пул сарф кардед?

- Барои сохтани системаи ҷусторӣ, ки ба воситаи «Google» ва «Yandex» ворид шудан мумкин буд, 39 ҳазор доллар сарф кардем. Бори дуюм, барои сохтан ва ба истифода додани барномаи махсуси «Dodaho» 40 ҳазор сомонӣ харҷ шуд.

- Тавре маълум аст, бузургтарин ширкати ҷусторӣ – «Google» ба Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупорад, ин масъала дар мавриди «Dodaho» чӣ гуна аст?

- Бо шукргузории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарде навоварие ё ба истилоҳ инноватсия меоварад, аз андоз то солӣ 2027 куллан озод аст.  Ин сабукӣ дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, бо назардошти тағйиру иловаҳо аз 18 марти соли 2022 таҳти №1867 мебошад.

- «Dodaho» кай ба шумо фоидаи моддӣ меорад?

- Нав корро оғоз кардем, вале метавон гуфт, ки ин низом пули бисёр оварда метавонад. Инро ба назар гирифта, дар оянда ният дорем, ки аз 100 то 150 нафарро ба кори доимӣ таъмин кунем.

- Ҳоло ба «Dodaho» бидуни аз қайд гузаштан ворид мешавем ва истифода мебарем, дар мавриди фаъол кардани почтаи электронӣ чӣ тасмим доред?

- Дар нақша ҳаст ва ин корро ҳам ба сомон мерасонем.

- Дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред?

- Ҳоло ҳуҷҷатҳоямонро барои бақайдгирии «Dodaho» ҳамчун ширкат омода дорем ва ба наздикӣ ҳамчун ширкат худамонро муаррифӣ мекунем.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Мусоҳиб Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»