Ё чаро раиси Ҳукумати ФР Д.Медведевро ба суд дода буданд?
Солҳост қисми бештари тухмии зироатҳоро дар ҷаҳон 4 ширкат — «Монсанто», «Байер», «Сингента» ва «Дюпон» истеҳсол менамуданд. Агар соли 1994 ин ширкатҳо якҷоя 21 дарсади ҳаҷми умумии тухмиро дар сайёра ба савдо бароварда бошанд, соли 2009 ин рақам ба 54 фоиз баробар гардид. Алҳол ҳиссаи ин ширкатҳо дар бозори ҷаҳонии тухмиҳо бояд бештар бошад.
Ширкати «Монсанто» калонтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёфт, вале чанде пеш он аз байн рафт. Аниқтараш, саҳмияҳои онро ширкати бузурги фармасевтии олмонӣ — «Байер» харидорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки «Монсанто» ширкати амрикоист, ки соли 2009 дар 77 фоизи пахтазор, 82 фоизи майдони ҷуворимакка ва 95 фоизи киштзори лӯбиёи чинии ИМА тухмиҳои он кишт шуда буд.
Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, чанд сол пеш фермерҳои зиёде дар Ҳиндустон фирефтаи тухмиҳои ширкати мазкур шуда, аз онҳо бо умеди гирифтани ҳосили фаровон истифода намуданд. Вале ба ҷуз хору хас чизе нарӯид, зеро тухмиҳо аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) будаанд.
Ширкати «Байер» то андозае гузаштаи пурдоғ дорад. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки сарони ин ширкат дар даврони ҳукмронии фашистон дар Германия бо онҳо ҳамкорӣ доштанд. Дертар, соли 1956, Фритс тер Меер ном олиме, ки суди Нюрнберг барои куштори одамон ӯро аз озодӣ маҳрум карда буд, сарварии Шӯрои назоратии ин ширкатро ба уҳда доштааст.
Аз ин рӯ, як гурӯҳ фермерҳои ИМА, Вазорати адлияи ИМА, Ҳукумати Бразилия ва ҳатто баъзе аз давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо даъват намуданд, ки ба якҷояшавии ширкатҳои «Байер» ва «Монсанто» роҳ дода нашавад.
Коршиносони ширкати «Farmers and Families First» якҷо бо олимони Донишгоҳи А ва М-и Техасс (ИМА) ҳуҷҷатеро нашр намуданд, ки тибқи он якҷояшавии ширкатҳои зикршуда нархи миёнаи тухмии зироатҳоро то 14 фоиз боло мебарад.
Сарони «Монсанто» арзиши ширкати худро хеле зиёд — 66 млрд. доллар муқаррар намуда бошанд ҳам, бо сабаби он ки пас аз пайвастани ширкатҳо гардиши молиявии «Байер» дар як сол аз 43 то 60 млрд. доллар боло хоҳад рафт, Байер онро харидорӣ намуд ва 21 марти соли 2018 Иттиҳоди Аврупо шартномаи пайвастани «Монсанто» ва «Байер» — ро қонунӣ эътироф кард. Таваҷҷуҳбарангез он аст, ки 20 апрели соли равон Хадамоти зиддиинҳисории федералии Россия (ФАС) бо ташаббуси сарвари он — Игор Артёмев тибқи қонунҳои ҷории ФР ин муомиларо қонунӣ арзёбӣ намуд.
Ёдрас бояд кард, ки 1 июли соли 2014 раиси Ҳукумати Россия Д. Медведев қароре ба имзо расонд, ки тибқи он, кишти зироатҳои трансгенӣ дар ин кишвар иҷозат дода шуд. Аксари олимони соҳаи аграрии ФР ба ин қарор муқобил баромада, Ассотсиатсияи амнияти генетикии номбурдаро ба суд доданд. Вакилони Думаи давлатӣ низ ба ин қарор муқобил баромаданд ва ҳукумат маҷбур гардид, ки то соли 2017 ба қарори мазкур мораторий эълон намояд.
31 декабри соли 2016 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин «Стратегияи амнияти миллии Федератсияи Россия»-ро ба имзо расонд, ки баҳсу мунозираҳоро атрофи қарори Д. Медведев аз байн бурд. Зеро дар он парвариши зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда дар ФР комилан манъ гардид.
Биноан, аз ҷониби сарвари ФАС ва қонунӣ эътироф гардидани пайвастшавии ширкатҳои «Монсанто» ва «Байер» аз нав норизоии олимони соҳаи аграриро ба вуҷуд овард. Гурӯҳи олимон бо хоҳиши роҳ надодани ширкати якҷояшудаи «М+Б» ба бозори Россия ба Президенти Федератсияи Россия В. Путин муроҷиат намуданд. Дар номаи онҳо қайд мегардад, ки қарори қабулнамудаи ФАС зарба ба амнияти озуқаворӣ ва воридотивазкунӣ буда, барои истеҳсоли ГМО-зироатҳо дар Федератсияи Россия шароит ба вуҷуд меорад.
Сарфи назар аз ин омилҳо, 7 июни соли ҷорӣ раванди ба ҳам пайвастани «Монсанто» ва «Байер» анҷом пазируфт ва моҳи август ин ширкат дар Федератсияи Россия ба фаъолияти густурда шурӯъ намуд. Танҳо моҳи августи соли равон беш аз 200 соҳибкори рус тухмиҳои «Монсанто»- ро харидориву кишт намуданд ва эҳтимол аст, ки баҳори соли оянда шумораи онҳо афзояд. Табиист, ки дар ин ҳолат барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Россия тухмии зироатҳои гуногунро харидорӣ менамояд, хатари воридшавии тухмиҳои ГМО-дор зиёд мегардад.
Бояд зикр кард, ки генҳои маҳсулоти ГМО-дор ба хун роҳ ёфта, дар ДНК тағйирот ба вуҷуд меоранд ва хусусияти асосии онҳо бенаслгардонии мавҷудоти зинда аст.
Аз ин рӯ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо «Тоҷикстандарт», Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро зарур аст, ки фаъолияти марказҳои ташхиси бехатарии озуқа ва тухмиро тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ», «Дар бораи тухмӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи карантини растанӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» беҳтар ба роҳ монда, воридшавии тухмиву маҳсулоти ГМО-дорро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ намоянд.
Н.НИЗОМӢ, «Садои мардум»