Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи рӯзномаи «Садои мардум» (№71, аз 20 июни соли 2019) таҳти унвони «Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?» дар маҷлиси машваратии назди раиси ноҳия бо шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин робита зикр карданием, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 баҳри ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия чораҳои амалӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, нақшаи даромад 103,1 фоиз иҷро, яъне ба ҷои 19 миллиону 705 ҳазору 230 сомонии пешбинишуда 20 миллиону 315 ҳазору 036 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 784 ҳазору 490 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ 91 фоиз иҷро ва ба ҷои 14 миллиону 481 ҳазору 981 сомонии нақша 13 миллиону 159 ҳазору 213 сомонӣ ворид шуд. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, 93,2 фоиз, ба ҷои 6 миллиону 514 ҳазору 329 сомонӣ ба маблағи 6 миллиону 071 ҳазору 571 сомонӣ иҷро гардид.
Маблағи умумии хароҷот дар шаш моҳи соли ҷорӣ 38 млн. 785 ҳазору 242 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба нақша 2 млн. 222 ҳазору 481 сомонӣ кам аст ва 94,6 фоизро дар бар мегирад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар оянда корро дар ин самт пурзӯр намуда, баҳри рушди иқтисодиёт, иҷрои саривақтии нақшаҳои даромади буҷет, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноативу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ва назорати мақсаднок истифодашавии маблағҳо тадбир меандешад.
Ҷаббори ҒАФФОР,
раиси ноҳияи Кӯшониён