Хизматрасонии тандурустӣ. Барои ҳама ва дар ҳама ҷо

№45 (3839) 12.04.2018

Ҳафтуми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар кишвар чорабиниҳои оммавии ташхис ва муоинаи ройгони тиббӣ зери унвони «Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ: барои ҳама ва дар ҳама ҷо» баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотие, ки вобаста ба ин масъала дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии гастроэнтерологӣ» доир шуд, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода гуфт, ки соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи доимии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ин рӯ рӯз то рӯз сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хубтар шуда истодааст. Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беморхонаҳои нав ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аксари беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо бо дастгоҳҳои муосири ташхису табобат муҷаҳҳазанд ва барои дар дохили кишвар ба роҳ мондани табобати бемориҳои гуногун шароит фароҳам аст. Солҳои охир ба роҳ мондани пайвандсозии узвҳои инсон, ки қаблан дар хориҷи кишвар амалӣ мешуд, дастоварди назаррас мебошад.

Инчунин, зикр шуд, ки ҳар сол, аз ҳафтуми апрел то мавсими сармо корвони саломатӣ бо автомобилҳои сайёри муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ташхису табобат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мешавад. Мутахассисон аҳолии минтақаҳои дурдастро аз ташхис ва муоина гузаронида, дар сурати муайян кардани беморӣ, агар он табобат ва ё ҷарроҳии таъҷилиро тақозо кунад, ҳатман ба маркази вилоятҳо ва ё шаҳри Душанбе интиқол дода, ройгон табобат менамоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»