ҳавои дилкаш, оби роҳатбахш ва буғи нодир
Хоҷа Оби Гарм аз машҳуртарин осоишгоҳҳои кишвар маҳсуб меёбад, ки на танҳо таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳурӣ, балки сокинони мамлакатҳои дигари ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Чанде пеш муаллифи ин сатрҳо имкон пайдо кард аз обу ҳавои дилкаши ин макони роҳатафзо баҳраманд шавад. Бори охир панҷ-шаш сол пеш аз ин макон дидан карда будам ва ҳангоми боздиди навбатӣ ба мушоҳида расид, ки тағйироти зиёд ба амал омадааст. Мумфарш гардидани роҳи пурхаму печи тахминан шашкилометрае, ки аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то ба осоишгоҳ мебарад, аз масъалаҳое буд, ки солҳо ҳалли худро намеёфт. Инак, ин мушкилӣ бартараф ва рафтуомади нақлиёт хеле қулаю осон гардидааст.
Вақте вориди бинои асосии осоишгоҳ гардидем, ба мушоҳида расид, ки он таъмир гардидааст. Хидматгузорон ҳар як меҳмонро бо чеҳраи болида хайра мақдам мегӯянд. Сарвари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм» Давлаталӣ Самиев мо ва дигар меҳмонони навомадаро самимона пазироӣ карда, бароямон истироҳати хуш таманно кард. Маъмурони бахши қабули меҳмонон, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, моро то ҳуҷраҳоямон роҳбаладӣ карданд. Даҳлезу ҳуҷраҳо низ хушсифат таъмир гардидааст. Чизи дигаре, ки ба мушоҳида расид, таъмини кормандон бо воситаҳои алоқа мебошад. Рӯзҳои гарми тобистон дар як навбат қариб шашсад нафар истироҳату табобат мекунанд. Тамоми сол фаъолияти осоишгоҳ идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд дар дилхоҳ вақт бофароғат дам гиранд.
- Ният дорем, корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдидро идома дода, гирду атрофи осоишгоҳро мувофиқ ба талаботи замон азнавсозӣ ва ободу зебо гардонем. Алҳол бо маблағҳои худӣ, то он ҷое ки имкон ҳаст, ин корҳоро пеш бурда истодаем. Вале барои анҷоми нақшаҳои ободонӣ маблағи зиёд зарур аст. Аз ин хотир, ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ тақозо мешавад, — иброз дошт Давлаталӣ Самиев.
Дар осоишгоҳ барои истироҳати бофароғат ва табобат реҷаи муайян тарҳрезӣ гардида, дар китобчаи махсусе, ки барои ҳар як нафари ба ин ҷо омада дода мешавад, сабт гардидааст. Гиёҳдармонӣ, буғи шифоии родонӣ тарзҳои гуногуни табобат бо оби шифоии родонӣ, тавассути дастгоҳҳои техникӣ-тиббии физиотерапевтӣ, барқӣ, муолиҷаҳои гуногун бо нефт, озокериту парафин, маҳси дастӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Бахусус, буғи табиии шифоии осоишгоҳ неъмати беҳамтост. Пештар чунин буғ дар Фаронса низ кашф гардид, аммо солҳои 20-уми қарни гузашта бо сабабҳои номаълум нопадид мешавад.
Барои фаҳмидани андешаҳои табобатгирандагони осоишгоҳ бо чанд нафар ҳамсуҳбат шудем. Ҳунарпешаи машҳури тоҷик Исо Абдурашидов чунин гуфт:
- Ман тахмин панҷ сол пеш ба ин ҷо омада будам. Тағйирот зиёд ҳаст ва маъмурони осоишгоҳ баҳри ободу зебо ва ба шароити замон мувофиқ гардонидани ин макон корҳои зиёд кардаанд. Лекин барои боз ҳам беҳтар шудан имкон ҳаст. Масалан, ғизою нӯшокиҳои ба истироҳаткунандагон пешкашмешударо аз меваю сабзавоти худӣ ва гулу гиёҳҳои табобатии ин мавзеъ ташкил кардан мумкин аст. Ин пешрафту ободонӣ ва фароғату истироҳат самараи Истиқлолияти давлатӣ, тинҷию оромӣ ва заҳмату роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд аз ин шукргузор бошему дар корҳои ободонӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бештару беҳтар саҳмгузорӣ намоем.
Собиқадори меҳнат, Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон, сокини деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ Нуриддин Сайфиддинов андешаҳояшро чунин иброз кард:
- Ман ба бисёр давлатҳои дунё сафар кардаам, дар чанд осоишгоҳи машҳури ҷаҳон дам гирифтаам. Вале Хоҷа Оби Гарм беҳтарин аст. Бори чорум аст, ки дар ин ҷо дам мегирам. Кормандонаш ҳам хушмуомилаанд, бо мизоҷон муносибати самимӣ доранд. Ҳар сол, ҳамин ки имкон пайдо кардам, ҳатман ба ин ҷо меоям.
- Сифати ин макони хушобу ҳаворо бисёр шунида будам, вале ҳамин сол муваффақ гаштам, ки тавассути роҳхати иттифоқҳои касаба бори аввал ба ин ҷо биёям. Ба ростӣ, аз лаҳзаҳои аввал мафтуни ин табиати дилфиреб, обҳои мусаффою табобатиаш, гулу гиёҳи шифобахшаш шудам. Барои васфи ин макони дилоро сухан оҷизӣ мекашад. Танҳо таманно мекунам, ки Худованд мулкамонро ҳамеша дар амну осоиш нигоҳ дораду мардуми заҳматкашу сарбаландамон аз ин неъматҳои фаровон ҳар чӣ бештар истифода баранд, — гуфт Ҷамшед Муминов, корманди нашриёти «Адиб».
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»