Роҳбарияти ҷамъият ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки баҳри муназзам намудани робитаи нақлиётии тамоми манотиқи кишвар, ки дар шаҳру навоҳии мамлакат терминал- марказҳои хизматрасонии замонавӣ бунёд намояд
Соли равон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе баъд аз таъмиру таҷдид мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба гуфти директори генералии ҷамъияти мазкур Рустам Саидов, таъмиру азнавсозӣ ва бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидани Терминали мусофиркашонии пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе идомаи мантиқии амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне тавассути кушодани роҳҳо ба чор самти олам, ба роҳ мондани робитаи нақлиётии тамоми манотиқи мамлакат бо пойтахти кишвар ва давлатҳои дуру наздик, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳуриамон мебошад.
Саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият монда буд. Бо ташаббуси ҷамъият дар муддати на чандон тӯлонӣ терминал якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияи муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Боиси ифтихор аст, ки дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 12 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Баъди шиносойии наздик бо инфраструктураи терминал маҳз бо пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба терминали фавқуззикр мақоми «Терминали байналмилалӣ» дода шуд, -афзуд Рустам Саидов.
Ҳоло, баъд аз таъмиру таҷдид, дар терминал барои мусофирон маҷмуи хизматрасониҳои зарурӣ, аз ҷумла толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии Бонки «Конт ИнвестБонк», мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалианд, мавриди истифода аст. Дар натиҷаи азму талошҳои роҳбарият 12 сайрхати дохили кишвар эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронанда ва ҳайати хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, инчунин роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Умуман, баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал то якуним ҳазор нафар шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд ва то охири сол азхудкунии боз қариб 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобуси мусофиркашонии сатҳи байналмилалӣ ва 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидаи истеҳсоли хориҷӣ дар хизмати шаҳрвандон аст. Дар маҷмуъ, ба шарофати ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон», ин мавзеи замоне нообод ба яке аз мавзеъҳои зебову диданӣ ва макони сайругашти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани терминали мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» дастур дода буд, ки дар заминаи ворид намудани автобус ва нақлиёти сабукрави барои кашонидани мусофирон махсусгардонида ҷойҳои нави кор фароҳам оварда, ҳамватанонамонро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намоянд. Дар навбати худ, роҳбарияти ҷамъият ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки то охири соли ҷорӣ боз 400 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад кард. Ҳарчанд аз ироаи дастури зикршуда вақти зиёд сипарӣ нашуда бошад ҳам, роҳбарияти ҷамъият бо сарварии директори генералии он, шахси масъулиятшиносу поквиҷдон ва худогоҳу меҳандӯст Рустам Саидов ба ваъдаи додаашон вафо карданд. Чанде пеш ҷамъият 200 нақлиёти сабукрави махсусгардонидаи мусофиркашро, ки минбаъд чун таксӣ дар роҳҳои пойтахт ба сокинон ва меҳмонони он хизмат мерасонанд, харидорӣ намуд.
Тавре зимни суҳбат Рустам Саидов иброз дошт, нақлиёти мазкур тамғаи «КИА Оптима» буда, онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоте, ки дар сатҳу сифати баланд ба мусофирон пешниҳод гардидани хизматрасониро таъмин менамояд, муҷаҳҳазанд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, нақлиёти зикршуда рӯзҳои наздик ба кишвар ворид гардида, шароит фароҳам меояд, ки 500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардад. Эътироф бояд кард, ки пештар дар мамлакат нақлиёти махсусгардонидаи истеҳсоли хориҷӣ, ки ба сифати таксӣ ба шаҳрвандон хизмат расонад, вуҷуд надошт ва аксари сайёҳоне, ки аз кишвари зебову афсонавии мо дидан мекарданд, аз ин омил нигарон буданд. Ҳоло 40 нақлиёти сабукрави махсусгардонидаи таксӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти зикршуда ба ҷумҳурӣ ворид шудааст, бо пешниҳоди хизматрасонӣ дар сатҳу сифати баланд ба ҳусни пойтахти кишварамон ҳусн зам намудааст. Ба гардиш даромадани таксиҳои нав бошад, ин равандро боз ҳам беҳбудӣ хоҳад бахшид, муътақид аст Рустам Саидов.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ин ҷамъият гуногунҷанба буда, ҳамчунин бахшҳои туризм, сохтмон ва ҳавопаймоиро низ дар бар мегирад. Ҷамъият ҳамзамон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе маркази муҳташами савдо (гипермаркет) бунёд намуда истодааст, ки дар кишвар назир надорад. Яке аз омилҳое, ки баҳри пурмаҳсул гардидани фаъолияти терминали фавқуззикр монеа эҷод намудааст, ин мавҷуд набудан ва ё ҷавобгӯйи талабот набудани терминалҳои шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон аст. Маҳз бо ҳамин сабаб айни замон фаъолияти Терминали байналмилалии Душанбе бояду шояд ҷараён надорад. Тавре болотар зикр намудем, дар терминали мазкур тамоми намуди хизматрасониҳо ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд, вале мутаассифона, терминалҳои қабулкунанда, бинобар дар ҳолати валангору ташвишовар қарор доштанашон, қодир нестанд, ки қабул ва гусели мусофиронро таври муназзам ва тибқи талабот ба роҳ монанд. Вазъият то ҳадде ташвишовар аст, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо терминалҳо ба ном вуҷуд доранду халос. Ин омилҳо боис шудаанд, ки автобусҳои замонавии мусофиркаши ширкати «Эйшн Экспресс» аз Терминали байналмилалии шаҳри Душанбе пур аз мусофирон ба хатсайр баромада, аз он ҷониб бо шумораи хеле ками мусофирон бармегарданд. Бо назардошти шароити мазкур, роҳбарияти ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон», ки ширкати «Эйшн Экспресс» зерсохтори он маҳсуб меёбад, тасмим гирифтааст, ки дар тамоми манотиқи мамлакат терминал- марказҳои хизматрасониро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад. Рустам Саидов ҳадафи ин иқдомро шарҳ дода, минҷумла зикр намуд, ки ҳадафи асосии он таъмини равобити муназзами нақлиётӣ миёни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Табиист, ки ба сомон расонидани ин тасмим кори саҳлу содда набуда, хароҷоти зиёди маблағро тақозо менамояд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт. Дар ҳамин радиф, мо низ тасмим гирифтем, ки сарфи назар аз хароҷоти зиёди молиявиро ба дунбол доштанаш, ин иқдомро амалӣ намоем, — мегӯяд Рустам Саидов. Хушбахтона, пешниҳоди мо бобати бунёди чунин терминал- марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пурра дастгирӣ ёфта, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гаштанд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расидани сохтмони онҳо кӯмаки амалӣ расонанд. Мавриди дастгирӣ қарор гирифтани ин ташаббуси мо далели он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳама гуна иқдомоте, ки ба нафъи миллату меҳан нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ ва баҳри зудтар ва бо сатҳу сифати баланд иҷро гардидани он мусоидат менамояд.
Ба суоли мо бобати дар кадом сатҳу сифат қарор доштани раванди мусоидат намудани сохторҳои зикршуда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо посух гуфта, ҳамсуҳбатам ин ҳамкориҳоро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуд. Кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо асосан аз ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди ин иншоот иборат аст, зеро қисмати боқимондаи корро ҷамъият пурра ба зиммаи худ гирифтааст. Дар замони собиқ шӯравӣ дар Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе 200 автобус ба мусофиркашонӣ машғул буд ва ҳамарӯза ба ҳазорҳо нафар мусофир хизмат мерасонид. Мо тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик шумораи автобусҳои мусофиркаши ширкати «Эйшн Экспресс»-ро ба 300 адад расонем ва табиист, ки бидуни мавҷудияти терминалҳои замонавӣ дар гӯшаву канори кишвар фаъолияти пурмаҳсули онҳоро таъмин намудан ғайриимкон аст. Яъне, агар терминалҳои қабулкунанда фаъолияти пурмаҳсул ва ҷавобгӯйи талабот надошта бошанд, пас автобусҳои бо арзиши гарон харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ вориднамуда бе мусофир мемонанд,- андеша дорад Рустам Саидов.
Ҳоло ҷамъият тасмим гирифтааст дар навбати аввал дар 15 шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин терминал- марказҳои хизматрасониро бунёд намояд. Аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» лоиҳаи ин иншоот бо риояи унсурҳои миллӣ ва замонавӣ омода мешавад. Омили муҳим он аст, ки дар раванди бунёд ва баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани терминал- марказҳои хизматрасонии зикршуда шумораи зиёди ҳамватанонамон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Боиси хурсандист, ки мо дар ин ҷода ҳавасмандӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро эҳсос менамоем, гуфт ҳамсуҳбатам. Баъд аз мавриди истифода қарор додани 15 терминал- марказҳои хизматрасонии зикршуда роҳбарияти ҷамъият ният дорад, ки фаъолияташро дар ин ҷода вусъат бахшида, чунин иншоотро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Далер Мерганов, «Садои мардум»