Вақтҳои охир воқеаҳое, ки дар дохилу хориҷи мамлакат ба амал меоянд, хеле нигаронкунандаанд. Хусусан, афрод ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки зодагони Тоҷикистонанд, вале дар хориҷ ва дохил нисбат ба Ватан ва сокинони он таҳқиру маломатро раво мебинанд.
Чунончи, Шарофиддин Гадоев ахиран дар наворе оид ба муроҷиатҳои шаҳрванд Аловатшоев Амриддин, ки фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғро маҳкум кардааст, вокуниш нишон дода, мақомоти давлатии Тоҷикистонро гунаҳгор менамояд, ки гӯё Аловатшоев Амриддинро барои ин амал маҷбур кардаанд. Ш. Гадоев бо суханони бедалел ва туҳмату иғво мақомотҳои давлатиро барои роҳандозии сиёсатҳои саркӯбгароёна алайҳи неруҳо ва шахсиятҳои мустақил, ривоҷ додани фасоди давлатӣ, ҷамъ намудани қудрати сиёсӣ, шикастани ғурури инсонҳо, дахолат ба умури шахсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии шаҳрвандон муттаҳам намуда, маҳкум кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро дар шаҳри Хоруғ нишонаи равшани ворид гаштани кишвар ба марҳалаи беҳуқуқӣ унвон кардааст. Бо чунин навор Шарофиддин Гадоев бо ҳар васила барои амалӣ гардидани ҳадафҳои нопокаш дар олами сиёсӣ кӯшиши фароҳам овардани заминаи манфиатҷӯёнаро анҷом медиҳад ва гӯё бо пуштибонии мардуми ВМКБ бешармона халқи кишварро бовар мекунонад, ки роҳи пешанамудаи ӯву наҳзатиҳо, «Гурӯҳи 24» ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ дуруст мебошаду ин гурӯҳҳо «рӯзҳои наздик ба сари қудрат омада, Тоҷикистонро оянда ба кишвари пешрафтаю мутамаддин» табдил медиҳанд.
Мо боварӣ дорем, ки мардуми бомаданияту фарҳангпарвари тоҷик, хусусан сокинони ВМКБ, намегузоранд, ки Тоҷикистон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дорои ақидаҳои мухолиф ба майдони амалигардонии манфиатҳои ҷиноятпешаҳо тақсим гардад.
Мо тавассути барномаҳои таҳлилӣ аз бозичаи дасти дигарон ва ё пуштибонии кишварҳои манфиатҷӯй аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ ошноӣ пайдо намудем, балки шоҳиди он гардидем, ки онҳо бо забони худашон хато будани чунин кирдори ғайриинсониашонро тасдиқ карданд. Аз ин ҷиҳат, айби худро пӯшонидану баршумурдани айби дигарон низ хоси ахлоқи инсонӣ набуду нест.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки баръало маълум аст, Ш. Гадоев бевосита супориш ва фармони Кабириро иҷро карда, ҳамчун тӯтии сухангӯ аз гуфтори такрор ба такрор завқ мекунад. Ҳол он ки ҷомеаи Тоҷикистон барвақт эҳсос кардааст, ки ӯ кисту чӣ қадар фаҳмишу дониш дорад.
Некқадами ҶАЪФАРЗОД,
муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Россия