Чанд соли охир қисми зиёди роҳҳои пойтахти мамлакат таъмир шуданд, ки шоистаи таҳсин аст. Бо вуҷуди васеъ ва зебою чароғон шудани роҳҳо, бо сабаби аз ҷониби баъзе аз ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳаракат тамбашавии роҳ ба назар мерасад. Иддае мошинҳоро дар канори роҳ монда, қисми дигар (асосан, микроавтобусҳо) аз назди чароғак мусофир савор карда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт душворӣ эҷод мекунанд.
Чунин манзараро ҳар рӯз дар рӯ ба рӯи Раёсати БДА-и ВКД дидан мумкин аст. Ронандагони микроавтобусҳои рақами 46, 47, 55, 88 ва ғайра аксар вақт дар назди чароғаки роҳнамо ё дар болои хати пиёдагард нақлиётро боздошта, мусофиронро «даъват» менамоянд. Дар натиҷа, нақлиёти дигар ҳатто ҳангоми сабзшавии чароғак ҳаракат карда наметавонанд. Ҳол он ки 100 метр болотар аз чароғак истгоҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Агар микроавтобусҳо тибқи қоида дар истгоҳ истанд, на тамбашавӣ ба вуҷуд меояду на мардум сарсону асабонӣ мешаванд. Суоли матраҳ ин аст, ки кӣ ронандагонро барои истодан дар истгоҳҳо бояд водор кунад?
С. АМИНИЁН, «Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ